Хабарҳо
Ҷаласаи шашуми вазирони кишоварзии давлатҳои узви СҲШ баргузор мегардад
12 август дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи шашуми вазирони кишоварзии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) тариқи онлайн баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзӣ ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” хабар доданд.
Ҷаласаи шашуми вазирони кишоварзии давлатҳои узви СҲШ дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ барои солҳои 2020-2021 баргузор мегардад.
Дар ҷаласа роҳбарони сохторҳои амнияти озуқаворӣ, байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини рустанӣ тариқи онлайн иштирок менамоянд.
Интизор меравад, ки дар доираи ҷаласа масъалаҳои вобаста ба ҳамкории давлатҳои узви СҲШ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардад.
Масъалаи аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ шуд
Аз 4 то 9 августи соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, пас аз анҷоми мулоқот протоколи дахлдор имзо гардид. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки мулоқоти навбатиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон доир намоянд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Лашкар ШАРИФЗОДА, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 915