иҷтимоиёт
ДУШАНБЕ. ПОЙТАХТ ИФТИХОРИ МАНУ МО ХОҲАД МОНД!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ бо назардошти роҳандозии тадбирҳои зарурӣ, ба тамоюли мусбати аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр ноил гардид.
РУШДИ САНОАТ
Тавре муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ - иқтисодии шаҳр дар шашмоҳаи аввали соли 2021 иттилоъ дод, дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҷониби 526 корхонаи саноатии шаҳр ба 1,5 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 119,6 дарсадро ташкил дод.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи коркард, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ якҷо бо нӯшокиҳо ва тамоку, 6,5, истеҳсолоти нассоҷӣ, дӯзандагӣ, чарму пойафзол 22,2, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маҳсулот аз чӯб, фаъолияти табъу нашр ва коғаз 16,7 фоиз, маҳсулоти фармасевтӣ 3,2 маротиба, ғайрифилизии маъданӣ 1,9, таҷҳизоти барқӣ 1,8, истеҳсоли воситаҳои нақлиёт 7,8 маротиба афзоиш ёфтааст.
Содироти маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳр дар ин давра ба 2,4 миллион доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,4 фоизро ташкил медиҳад.
ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2019-2021 дар шаҳри Душанбе иборат аз 4201 номгӯи чорабиниҳои гуногун ба тасвиб расида, то 1 июли соли 2021 дар шаҳр 3924 – тои он иҷро шуд, ки ин 93,4 фоизи иҷроиши нақшаи умумиро ташкил медиҳад.
Дар яке аз иншооти муҳими ҷашнӣ – «Майдони Истиқлол» дар самти бартараф кардани 294 иншоот корҳо ба итмом расида, то охири моҳи июн корҳои бунёдии манора дар ҳаҷми 60 дарсад ва ободонӣ 80 дарсад иҷро гардид.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мазкур, дар ин давра бунёди 9 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 7284 ҷой, 9 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 1480 ҷой, 6 маркази ташхисию табобатӣ, 39 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, сохтмони 152 бинои баландошёна бо 117 маркази савдою хизматрасонӣ, 13 бинои мақомоти дахлдори давлатӣ, 61 майдончаи варзиш ва бозии кӯдакона, 7 гулгашт, 4 толори варзиш, 4 ҳаммом, 5 сардхона ва анборхона, таъмири 105 хобгоҳ, таъмиру навсозии 140,2 км роҳ, таъмир ва рангубори обравҳо, сангканораҳо, қуттиҳои партов, иваз намудани истгоҳҳои трансформаторӣ, симчӯбҳо, симҳои луч, шинондани ниҳол ва гулҳои мавсимӣ, майсазоргардонӣ, рангубори 2140 бино, азнавсозии 507 нуқтаи партов ва як қатор корҳои дигар иҷро шуданд. Дар ин давра дар 7 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 13,9 километр, дар як иншооти соҳилбандӣ бо дарозии 3,3 километр, дар як иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 1,5 километр ва дар 48 истгоҳи нақлиётии замонавӣ бо маблағи умумии 84,9 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ пешбинӣ шуда, иҷроиши он ба 79,4 миллион сомонӣ баробар гардид.
Бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгард аз дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортут"-и пойтахт, ки тарҳи муштараки ду кишвар маҳсуб меёбад, бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии аз 50 то 70 метр бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шуда, айни замон корҳо дар қитъаҳои 2 ва 3 бо дарозии 4,2 км бо маром идома доранд.
ДУШАНБЕ - ШАҲРИ САЙЁҲӢ
Тавре маъмул аст, марказҳои маъмуриву сиёсӣ ва пойтахтҳои кишварҳо барои рушди сайёҳӣ ва инкишофи он нақши ҳалкунанда ва муассир доранд. Душанбе аз ҷумлаи шаҳрҳои сайёҳӣ буда, барои сайёҳии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тамоми имкониятҳоро дорост ва барои рушди ин соҳаи барои иқтисодиёти кишвар муҳим аз чораҳои таъсирбахш кор мегирад.
Алҳол барои пешрафти ин соҳа дар шаҳр тамоми шароитҳои муҳайёанд. Аз ҷумла, фурудгоҳи байналмилалӣ, истгоҳи роҳи оҳан, 37 меҳмонхона, 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 маркази дилхушӣ, 25 бозор, 91 маркази савдо, 26 мағозаи фурӯши армуғон, 17 боғи фарҳангиву фароғатӣ, боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 204 кошонаи ҳусн ва 201 сартарошхона, 4 кохи фарҳангӣ ва 7 театри касбӣ, 10 осорхона, 6 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгории бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 109 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳои гуногун дар 37 мавзеи пойтахт, 306 муассисаи табобатию профилактикӣ, қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ, инчунин, 900 иншооти варзишии таъйиноташон гуногун ҷойгир буда, ҳамарӯза талаботи меҳмонони дохиливу хориҷиро қонеъ мегардонанд.
ТАЪСИС ВА БАРҚАРОРСОЗИИ 10546 ҶОЙИ КОР
Тибқи маълумот ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда, дар корхонаю муассисаҳои шаҳр новобаста аз шакли моликият 10546 ҷойи корӣ таъсис ва барқарор карда шуд. Дар ин давра тавассути мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 4342 шаҳрванди бекор (2385 зан) бо ҷойи кор таъмин шуд.
Аз ҳисоби ҷойҳои кории аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт бандшуда (квота) 550 нафар ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёздошта бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Бо мақсади омӯзиши касбу ҳунар 1497 нафари бекор ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ фаро гирифта шуд, ки аз онҳо 1218 зан мебошад. Касбомӯзии шаҳрвандон аз рӯи 19 касбу ихтисос роҳандозӣ шудааст.
Ҳамзамон, 23 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкилу баргузор ва тавассути он 380 корҷӯ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкории шаҳрвандони бекор дар ин давра ба 78 нафар ба маблағи умумии 289,9 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ расонда шуд.
Бо ташаббуси раиси шаҳр ба оилаҳои камбизоату ниёзманд дар арафаи идҳо ба маблағи 5,3 миллион сомонӣ ёриҳои хайриявӣ дастрас гардиданд.
Дар баробари ин, бо ташаббуси шаҳрдорӣ ба оилаҳои бар асари офатҳои табиат зарардидаи минтақаҳои шаҳри Кӯлоб ба маблағи умумии зиёда аз 2 миллион сомонӣ, беш аз 300 тонна масолеҳи сохтмонӣ, 170 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ ва 1200 дона ҷиҳози рахти хоб кумакҳои моддӣ равона гашт.
ПАРДОХТИ РОҲКИРО ПУРРА ЭЛЕКТРОНӢ МЕШАВАД
Тибқи шартномаи дуҷониба аз Ҷумҳурии Беларус 100 троллейбуси муосир (беноқил то 15 км ҳаракаткунанда) ва соли 2020 –ум 50 автобуси тамғаи «AKIA» дарозиаш 8 метр аз ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ гардида, ба тавозуни корхонаҳои коммуналии нақлиётии шаҳр супурда шуд.
Ҳамзамон, соли ҷорӣ харидории 10 автобуси дуошёна ва 50 автобуси тамғаи «AKIA» аз ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, дар ин давра 3 автобуси дуошёна дар ширкати мазкур бандубаст гардида, мавриди истифодабарии сокинону меҳмонони пойтахт қарор гирифт.
Дар доираи татбиқи Созишномаи «Мукаммалгардонии сатҳи техникии муассисаҳои давлатии шаҳри Душанбе», ки байни мақомот ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расидааст, соли ҷорӣ 150 воситаи нақлиёти мусофирбар (автобус) ба нақша гирифта шуда, ба таҳкими заминаи моддии техникии корхонаҳои коммуналии шаҳр равона мешавад.
Дар ин давра, дар хатсайри автобусгарду троллейбусгард пардохти роҳкиро пурра тариқи низоми электронӣ ба роҳ монда шуда, корҳо дар самти марҳилаи дуюми лоиҳа ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми мазкур дар хатсайрҳои микроавтобусӣ оғоз ёфтааст.
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе раванди иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳоеро, ки ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр нигаронда шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати татбиқи саривақтии онҳо дар оянда низ, чораҳои зарурӣ меандешад, - гуфт муовини аввали раиси шаҳр.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
Шаҳноз ҚУРБОН,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.08.2021 №: 159 Мутолиа карданд: 1150