туризм
САЙЁҲӢ. КОРОНАВИРУС ХИЗМАТРАСОНИҲОИ РАҚАМИРО РУШД БАХШИД
Пандемия, ки чораҳои қатъии зиддиэпидемикиро дар пай дошт, тағйирёбии сайёҳии ҷаҳониро тезонд. Соҳа садҳо миллиард доллар ва миллионҳо ҷойҳои кориро аз даст дод, вале воридшавии технологияи рақамӣ ба бозор замина ва имкониятҳои нав барои пешрафт фароҳам овард.
РАҚАМИСОЗӢ ВА ТАҒЙИРИ ТАШКИЛИ ҶАҲОНГАРДӢ
Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, танҳо моҳҳои январ – августи соли 2020 паст-равии даромади содиротии сайёҳӣ нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 730 миллиард долларро ташкил дод. Ин беш аз 8 маротиба зиёдтар аз талафоти буҳрони ҷаҳонии солҳои 2008-2009 мебошад. Он вақт, бинобар болоравии нархи сӯзишворӣ ва камшавии талабот ба чиптаву турпакетҳо даҳҳо ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон бозорро тарк карданд. Вале, маҳз ҳамон буҳрон имкониятҳои навро фароҳам овард. Хадамоти Airbnb, ки моҳи августи соли 2008 дар торнома пайдо шуд, ҳоло майдони ҷаҳонии иҷораи манзилҳои кӯтоҳмуддат маҳсуб меёбад. Чунин тамоюлҳо имрӯз ҳам мушоҳида мешаванд: аксар кишварҳо ва худи дастандаркорон бо истифода аз танаффуси буҳронӣ рақамисозӣ ва тағйири ташкили ҷаҳонгардиро пеш гирифтаанд.
РУШДИ ФАРОГИР
Рақамисозии сайёҳӣ пеш аз пандемия оғоз ёфта буд. Хизматрасониҳои Skyscanner, Booking.com ва чанде дигар, ки имкони мустақилона ба нақша гирифтани сафарҳоро фароҳам меоранд, қабл аз буҳрони коронавирусӣ ба майдон омаданд ва ҷаҳонгардон ҳар чи бештар ба сайрҳои мустақилона бе хизматрасонии ширкатҳои сайёҳӣ рӯ оварданд.
Дар раванди рақамикунонӣ Тоҷикистон низ истисно набуда, бо истифода аз имконияти рушди устувор ва фарогири соҳа барномаҳои гуногунро ҷорӣ менамояд. Ҷой гирифтани барномаҳои ҷолиб оид ба захираҳои сайёҳиву ҳунарҳои миллии тоҷикӣ дар низоми Google ва MGIS аввалин дастури онлайнии интерактивӣ дар Тоҷикистон, ки беш аз 1 000 000 объекти инфрасохтори шаҳри Душанберо дар як замима муттаҳид намудааст, аз шумули онҳо мебошанд. Дастури интрективӣ имкон медиҳад, ки дар як лаҳза маълумот дар бораи ҷойгиршавии мақомоти давлатӣ, ширкат, тарабхона, ошхона, маркази савдо ва дигар иншоотро дарёфт намуд, хатсайри онро муайян кард ва ҳатто шакли онро дид. Ба воситаи ин дастур метавон натанҳо дар бораи дилхоҳ тарабхона, ҷойгиршавӣ, реҷаи корӣ маълумот пайдо кард, балки номгӯи таомҳо ва нархи онро фаҳмид.
Инчунин, масъалаи истифодаи технологияи муосири иртиботӣ дар соҳа ва дигар хизматрасониҳои муосир ба сайёҳон мавриди корбарӣ қарор доранд.
ЗАМИНАҲОИ ИТТИЛООТИВУ ИРТИБОТӢ ФАРОҲАМАНД
Дар Тоҷикистон заминаҳои иттилоотиву иртиботӣ барои рушди сайёҳӣ фароҳаманд. Минтақаҳо ва ноҳияҳои дурдасти кӯҳӣ имкони пайвастшавӣ ба интернети баландсуръатро дошта, танҳо бо насби дастгоҳҳои зарурӣ аз он метавон самаранок истифода бурд.
Хадамоти алоқа ба пурсиши мо оид ба иҷрои банди 21 ва 36 - и нақша - чорабиниҳои бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, таҳти рақами 1176 тасдиқ шудааст, посух дод, ки дар ин самт як қатор корҳо анҷом ёфтанд. Аз ҷумла, дар муддати беш аз ду сол ҷиҳати ҷорисозии истифодаи воситаҳои технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ кормандони соҳа, намояндагони вазорату идораҳо ва кормандони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз давраҳои омӯзишӣ гузашта, беш аз 90 идораву ташкилот сомонаҳои расмии худро боз намуданд. Дар маркази вилоятҳои Хатлону Суғд, ноҳияҳои Рашту Шаҳринав ва шаҳри Душанбе сомонаҳои сайёҳӣ таъсис дода шуданд.
Вобаста ба иҷрои банди 11-и Протоколи №4/22-21 барои таъмини алоқаи барқӣ ва интернети мобилии баландсифат дар мавзеъҳои сайёҳгузар ва ноҳияҳои дурдаст, хусусан Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 100 истгоҳи марказӣ насб ва дар 21 маҳаллаи вилоят алоқаи мобилии 3G дастрас гардид. ҶСП “ТТ мобайл” тақрибан 95-97 дарсади аҳолии вилоятро бо шабакаи мобилӣ фаро гирифта, интернети мобилии 3G / 4G барои 70 дарсади аҳолии вилоят дастрас мебошад.
РАҚАМИКУНОНӢ - ЯКЕ АЗ НАТИҶАҲОИ МУСБАТИ БУҲРОН
Технологияи иттилоотӣ имкон дод, ки на танҳо маҳсулоти нави сайёҳӣ ба бозор ворид гардад, балки ҳамкориҳои байналмилалӣ низ таҳкиму густариш ёбанд. Дар ин радиф, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар формати нави онлайнӣ ҷорӣ сохт.
- Вохӯриҳо дар формати нав имкон медиҳанд, ки баррасии рушди шарикии стратегӣ, ҷараёни табодули таҷриба, пешниҳоди ташаббусҳои нав идома ёбанд, - иброз медорад Абдукарим Қурбонов, мудири бахши котиботи кумита. Ба гуфтаи ӯ, минбаъд вохӯриву мулоқот ва омӯзишҳои интернетӣ дар баробари шаклҳои анъанавиашон ба амали маъмулӣ табдил меёбанд.
Бино ба таъкиди коришиносони Шӯрои ҷаҳонӣ оид ба сайр ва сайёҳӣ (WTTC), бо вуҷуди коҳиши азими соҳа, суръат гирифтани рақамикунонӣ яке аз натиҷаҳои мусбати буҳрон маҳсуб меёбад.
Маҳдудияти сафарҳои байналмилалӣ, талаботи бозмондаро ба вуҷуд овард. Вақте вазъ ба эътидол меояд, қабл аз ҳама он кишварҳое муваффақ мешаванд, ки пешниҳодҳои муфид ва инфрасохтори беҳтарин, аз ҷумла рақамиро доро мебошанд. Бинобар ин, барои рақобатпазир будан, бояд мутобиқ шуд.
Шаҳноз ҚУРБОН,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.08.2021 №: 159 Мутолиа карданд: 9968