Хабарҳо
“БРЕНДИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН”. ҒОЛИБОНИ ОЗМУН ҚАДРДОНӢ ШУДАНД
Дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарият ва намояндагони як қатор вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, тарроҳону рассомон аз ҷониби муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» дар арафаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба иштирокдорону ғолибони озмуни “Бренди миллии Тоҷикистон” ҷоизаю мукофотҳо супурда шуданд.
Тавре аз «Маркази миллии патенту иттилоот», иттилоъ доданд, тибқи маълумоти гурӯҳи корӣ, оид ба офаридани «Бренди миллии Тоҷикистон» то анҷоми муҳлати ҳуҷҷатсупорӣ 114 довталаб 515 адад нишонҳои эҷодкардаашонро пешниҳод намуд. Пас аз баҳогузории комиссияи озмун мувофиқи муқаррароти қоидаҳои гузарондани озмуни «Бренди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар мувофиқа бо Ҳукумати мамлакат омода шудаанд, бо қарори гурӯҳи корӣ ғолиби асосии озмун ва даҳгонаи беҳтарин барои пешниҳодҳои ҷолиб муайян гардиданд. Бо гирифтани аз ҳама холи зиёд нишонаи эҷоднамудаи Хусрав Раҳмонов ва ҳаммуалифи ӯ Исломов Садир ҳамчун «Бренди миллӣ» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Ғолибон - Х. Раҳмонов ва С. Исломов бо ҷоизаи олӣ 20 ҳазор сомонӣ, Дипломи шоҳҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин, ба 10 нафар иштирокчӣ ва коркардчиёни нишон аз ҷониби ҶДММ «Нури Хирад» барои пешниҳоди нишонаҳои ҷолиб диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҳар кадом маблағи 1000 сомонӣ супурда шуд. Ҳамзамон, 104 иштирокчии дигар бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Ба гуфтаи Боймурод Бойзода, сардори раёсати иттилооти илмӣ - техникӣ ва патентии муассисаи номбурда, истифодаи оқилонаи сарватҳои ғании табиати кишвар имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба кишвари содироткунандаи маҳсулоти гуногуни саноатӣ ва хӯроквории аз ҷиҳати экологӣ тоза мубаддал гардад.
- Дар ин раванд ҷиҳати ҳарчӣ бештар муаррифӣ намудани маҳсулоти ватании аз ҷиҳати экологӣ тоза дар сатҳи ҷаҳонӣ ва мустаҳкам намудани шинохти миллӣ зарурати таҳия ва қабули Бренди ягонаи миллӣ пеш омадааст.Ташкили озмун низ маҳз бо мақсади муайян намудани нишонаи ягонаи «Бренди миллӣ» - и Тоҷикистон, баланд бардоштани мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолии кишвар роҳандозӣ гардидааст. Тибқи талаботи озмун нишонаи “Бренди миллии Тоҷикистон” бояд нишонае бошад, ки дар мафкураи кишварҳои ҷаҳон сарзамини тоҷикон, табиати зебоманзар, муқаддасоти миллӣ, фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро ба вуҷуд оварда, муаррифгари маҳсулоти истеҳсолшудаи кишвар бошад, - гуфт ӯ.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 861