Хабарҳо
МУБОРИЗА БО COVID-19. КУМАКҲОИ НАВБАТИИ ГИГИЕНӢ АЗ ҲИЛОЛИ АҲМАР
Дар асоси созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар ҷиҳати саҳмгузорӣ дар мубориза бо мавҷи дуюми паҳншавии бемории COVID - 19 дар Тоҷикистон дар навбати аввал ба андозаи қариб 230 ҳазор сомонӣ кумаки башардӯстона барои беморхонаҳою оилаҳои ниёзманди кишвар равона гардид. Кумак асосан барои хариди бастаҳои гигиенӣ, ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ пешбинӣ карда шудааст.
Тавре аз маркази иттилооти ҷамъият хабар доданд, тибқи нақша, як қисми маводи мазкур ба чанд муассисаи тандурустии мамлакат ва оилаҳои ниёзманди шаҳри Душанбе дастрас гардид. Аз ҷумла, муассисаҳои давлатии “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ” маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмадов ин кумакҳоро дарёфт намуданд.
Ҳилоли Аҳмар минбаъд низ кӯшиш менамояд, ки фаъолияти башардӯстонаи худро пайваста дар алоқамандӣ ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона сохта, ҳамеша вобаста ба дастгирии табақаҳои ниёзманд саҳим бошад.
Ёдовар мешавем, ки ҷамъияти мазкур дар марҳилаҳои аввалини паҳншавии бемории ҳамагир дар ҷумҳурӣ дар расондани кумакҳои моддӣ ва анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ миёни созмонҳои байналмилалӣ аз пешқадамон буд. Дар ин самт ҷамъият дар чор марҳала ба 1000 оила бастаҳои гигиенӣ тақсим карда, тавассути 2100 волонтиёри ҷалбнамудаи худ оид ба риояи қоидаҳои гигиени шахсӣ ва хавфи бепарвоӣ аз беморӣ дар байни аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо гузарондааст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 958