иқтисод
«БАРҚИ ТОҶИК». ИСТЕҲСОЛИ НЕРУИ БАРҚ 401,2 МИЛЛИОН КВТ-СОАТ КОҲИШ ЁФТ...
Баъди ба анҷом расидани таҷдиду навсозӣ, иқтидори Неругоҳи барқи обии «Норак» 8 – 10 дарсад афзуда, аз 3 000 мВт ба 3 300 мВт хоҳад расид. Дар ин бора муовини якуми раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Маҳмадумар Асозода иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки барои татбиқи марҳилаи 2-юми лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 50 миллион доллари ИМА ҷудо намуд.
Иттилоъ доданд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ 7 миллиарду 588,4 миллион кВт-соатро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 401,2 миллион кВт - соат кам аст.
Маҳмадумар Асозода сабаби нисбатан кам гардидани истеҳсоли неруи барқро дар неругоҳҳои барқи обӣ, маҳдуд гардидани захираҳои обӣ - энергетикӣ аз ҳисоби кам шудани резиши об дар маҷрои дарёи Вахш арзёбӣ кард.
Бо мақсади беҳтар намудани таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ, ШСХК «Барқи тоҷик» тайи шаш моҳи соли равон ба маблағи 887,5 миллион сомонӣ 2 миллиарду 378,7 миллион кВт - соат неруи барқ харид.
Дар ин давра ба хориҷи кишвар 914,9 миллион кВт - соат неруи барқ содирот гардид. Истеҳсоли неруи гармӣ афзуда, ба 717,8 ҳазор Гкал расид.
Ҷиҳати дар сатҳи коршоям нигоҳ доштани иқтидорҳои истеҳсолӣ дар корхонаҳои зертобеи ширкат ба маблағи 9,3 миллион сомонӣ корҳои таъмирию барқарорсозӣ иҷро шуд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.08.2021 №: 159 Мутолиа карданд: 2980