Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
АИР «Новости». Хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар дод, ки Президенти Сурия Башар Асад рӯзи сешанбе ҳайати нави ҳукумати кишварро таҳти сарварии сарвазир Ҳусейн Арнус тасдиқ кард.
Известия. Дар тадқи-қоте, ки мақомоти Сан- Марино оид ба ваксинаи «Спутник V» гузаронданд, дар 99 дарсади иштироккунандагон пас аз гирифтани ду вояи ваксинаи мазкур ба сирояти коронавирус Потан (Антитела) пайдо карданд. Дар ин бора ба ТАСС намояндаи Институти амнияти иҷтимоии ҷумҳурӣ Франко Кавалли хабар дод.
ТАСС. Бино ба иттилои идораи оташнишонии давлатӣ бар асари оташсӯзии ҷангал дар иёлати Калифорнияи ИМА аз миёнаҳои моҳи июл 893 бино комилан хароб гардида, 61- тои дигар осеб дидааст.
ТАСС. Вазири мудофиаи Россия Сергей Шойгу изҳор дошт, ки сарҳад бо Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таҳти назорати ҳаракати «Толибон» қарор дорад. Раҳбарони он ваъда медиҳанд, ки ба давлатҳои ҳамсоя ҳамла нахоҳанд кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 932