Хабарҳо
Маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои пойтахт
Дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе, дар робита ба гузарондани тамринҳои сафороӣ ва Паради ҳарбӣ бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаи Ҳ. Шерозӣ (аз буриши кӯчаи Карамов то буриши кӯчаи С. Шерозӣ) аз 10 то 26 август ҳамарӯза аз соати 15:00 то соати 21:00 ва дар хиёбони И. Сомонӣ (аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши хиёбони Абуалӣ ибни Сино) аз 27 август то 7 сентябри соли 2021 аз соати 18:00 то 23:00 қатъ мегардад.
Бино ба маълумоти шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳр, ҳаракати автобусҳои хатсайрҳои № 29, микроавтобусҳои №№19, 35 ва 58 тариқи кӯчаи Карамов, Н. Ганҷавӣ ва ҳаракати автобуси хатсайри №22 ба воситаи хиёбони Рӯдакӣ ба роҳ монда мешавад.
Ронандагони воситаҳои нақлиёт бояд аз кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафат ба кӯчаи Ҳ. Шерозӣ ва хиёбони И. Сомонӣ истифода баранд.
Ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи амният баррасӣ шуд
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаи Афғонистон Юе Сяоюнро ба ҳузур пазируфт.
Тавре маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи амният, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, инчунин, вазъи амнияти минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 932