иҷтимоиёт
ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА: «БАРАКАТИ ҶАШНИ БУЗУРГ МОНДАГОР ХОҲАД БУД!»
Мардуми заҳматқарини Хатлонзамин ҷиҳати иҷрои Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба ҷаҳду талош доранд.
Дар робита ба ин ва дигар дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода суҳбате оростем, ки манзуратон менамоем.
- То Ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ рӯзҳои башумор мондаанд. Муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, лутфан, мегуфтед, ки то имрӯз вобаста ба истиқболи шоистаи ин иди муборак чӣ корҳо ба сомон расидаанд?
- Чун тамоми мардуми шарифи кишвар аҳли заҳмати вилоят дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкориро вусъати тоза бахшидаанд.
Қобили зикр аст, ки мувофиқи нақшаи корҳои ободонӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят 7667 бинову иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ин шумора 7300 иншоот ба истифода дода шуда, дар натиҷа 9378 ҷойи нави кории доимӣ ва 22322 ҷойи кории мавсимӣ фароҳам омад. Дар 367 иншооти дигараш бунёдкориҳо бомаром идома доранд. Бояд таъкид кард, ки дар бунёд ва ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ саҳми роҳбарони гурӯҳҳои кории вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод, Кӯшониён, Дӯстӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, соҳибкорон, шахсони саховатманд ва аҳолӣ назаррас мебошад.
- Хатлон вилояти аграрист ва кишоварзони он дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши бориз доранд. Сокинони заҳматқарини вилоят ҷашни бузурги миллиро бо чӣ дастовезе пешвоз мегиранд?
- Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳиму афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои мушаххас дар сӣ соли истиқлолият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 3,3 миллиард сомонӣ наздик ба 17 миллиард сомонӣ (соли 2020) расида, афзоиши он ҳамасола аз 7 то 10 дарсад таъмин гардид.
Тайи нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 7,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ тавлид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 646,6 миллион сомонӣ ё ки 8,9 дарсад беш аст. Ин комёбиҳо туфайли заҳмати шабонарӯзӣ ва фидокоронаи кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Ёвон, Данғара, Фархор ва Дӯстӣ, ки дар ин ҷода саҳми бештар гузоштаанд, ба даст омаданд.
Тибқи маълумоти фаврии сарраёсати кишоварзӣ, ба ҳолати 26 июли соли равон кишти такрорӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории шаҳру ноҳияҳои вилоят дар майдони 124 037 гектар гузаронда шуда, иҷрои нақша 95,3 дарсад таъмин гардид. Кишти гузарондашудаи такрорӣ асосан 78221 гектар ғалладонагиҳо ҷуворимакка барои дон, 10433 гектар шолӣ, 8783 гектар мош, 9474 гектар лубиёгиҳо, 2559 гектар зироатҳои техникӣ, 14979 гектар сабзавот, 5895 гектар полизӣ ва 22382 гектар зироатҳои хӯроки чорворо ташкил медиҳад.
Боиси қаноатмандист, ки ҳамарӯза кишоварзони вилоят ба бозору марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин хориҷи кишвар, ҳазорҳо тонна меваю сабзавот ба фурӯш мебароранд. Маврид ба зикр аст, ки ба ҳолати 16 июли соли равон ба хориҷи кишвар 85,7 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардида, 94 дарсади нақша таъмин шуд. Маҳсулот, асосан, ба Афғонистон, Ҳиндустон, Туркия, Ӯзбекистон ва Покистон содирот гашт.
- Пешвои миллат ҳадафи чоруми стратегиро саноатикунонии босуръати мамлакат эълон карданд. Баҳри татбиқи он дар вилоят кадом корҳо ба анҷом расидаанд?
- Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар, дар вилоят як қатор корҳои муайяне ба сомон расиданд. Аз ҷумла, танҳо дар нимсолаи аввали соли равон 48 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо 422 ҷойи кор таъсис ёфт. Мувофиқи маълумоти шаҳру ноҳияҳо, корҳои сохтмонӣ боз дар 36 иншооти дигар бо назардошти 1800 ҷойи кори нав идома доранд.
Баистифодадиҳии корхонаҳои нав замина фароҳам оварданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиши истеҳсоли як қатор маҳсулоти зарурӣ таъмин гардад. Айни замон, теъдоди корхонаҳои саноатии вилоят 626-торо ташкил медиҳад.
Бояд зикр кард, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 365,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ба афзоиши тавлидоти маҳсулоти саноатии вилоят истеҳсоли филизот, чӯбу тахта, масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ, нафту газ, маҳсулоти кимиёвию фарматсевтӣ, ғайрифилизии маъданӣ, маснуоти резинӣ ва пластмассӣ, металлургӣ ва ғайра мусоидат намуд.
Тӯли ин муддат, истеҳсоли 9 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла коркарди меваи хушк, дастпӯшаки корӣ, дастпӯшаки тиббӣ, криолит, хокаи ҷомашӯӣ, гаҷ, газоблок (хиштҳои газӣ), андоваи сохтмонӣ (ротбанд), тахтасанг, полиэтилен ва дигар маҳсулоте, ки дар ҳамин давраи соли гузашта истеҳсол намегардид, ба роҳ монда шуд.
Ҳамзамон, бояд таъкид сохт, ки, дар маҷмуъ, истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории вилоят ба маблағи 75,5 миллион сомонӣ ва ё 17,1 дарсад афзудааст. Корхонаҳои нассоҷӣ бошанд, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар ин давра ба маблағи 463,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 39,2 дарсад ва ё 130,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки бо мақсади рушди бештари соҳаи саноати вилоят, соли равон дар иҷлосияи панҷуми маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум, Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар баррасӣ шуда, ҳамзамон лоиҳаи Барномаи индустриаликунонии вилояти Хатлон барои давраи солҳои 2021 – 2025 барои баррасии минбаъда ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ирсол гардид.
- Дар масъалаи содироти маҳсулоти саноатӣ нишондиҳандаҳо чигунаанд?
- Дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷии вилоят 238,3 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, аз ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ содирот 70 миллион доллар ва воридоти маҳсулот 168,3 миллион долларро дар бар мегирад. Ба хориҷи кишвар, асосан қувваи барқ, нахи пахта, калобаи ресандагӣ, семент ва маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуда, ба вилоят асосан сӯзишворӣ, гази моеъ, шакар, нуриҳои маъданӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ворид шуданд.
- Рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва вазъи сармоягузорӣ дар вилоятро чӣ гуна баҳо медиҳед?
- Дар вилоят баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар барномаҳои рушди соҳаҳои мазкур тадбирҳои мушаххасу муассир андешида мешаванд. Қобили зикр аст, ки нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии нимсолаи аввали соли 2021 бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст гардиданд. Аз ҷумла, нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар ин муддат 106,6 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 902,3 миллион сомонӣ ворид гашт. Дар иҷрои нақшаи андозҳо ҳиссаи шаҳру ноҳияҳои Левакант, Ёвон, Темурмалик ва Ховалинг назаррасанд.
Ҳамзамон, бояд зикр сохт, ки имрӯзҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят ба маблағи 5,2 миллиард сомонӣ (460 миллион доллари ИМА) 37 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ мегардад. Дар маҷмуъ бошад, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ дар вилоят 1,5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 1 миллиарду 348,1 миллионашро сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Шаҳбоз АБРОР,
Муҳаммад САИДВАЛИЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.08.2021 №: 161 Мутолиа карданд: 1748