туризм
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР РУШДИ ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН КИШВАРИ САЙЁҲӢ
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои нав ва зудрушдёбандаи Тоҷикистон буда, онро наметавон бе нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ном бурд. Зеро, пас аз ба эътидол омадани вазъи дохилии кишвар, маҳз Пешвои миллат сайёҳиро самти афзалиятноки иқтисодиёти кишвар арзёбӣ намуда, барои пешрафти он ҳамаҷиҳата мусоидат намуданд. Сарвари давлат асосгузори рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифгари таъриху фарҳанг ва санъату тамаддуни куҳани Тоҷикистони муосир дар ҷаҳони мутамаддин мебошанд.
СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ДАСТОВАРДҲО ДАР ИН САМТ
Пас аз соҳибистиқлолӣ, дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат сайёҳӣ тадриҷан рушд ёфта, ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, пазируфта шудани пойтахти Ватанамон - шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ, эълон гардидани шаҳри Душанбе - пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020 – 2021, ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил гардидани “Саразм”, “Боғи миллӣ”, “Чакан”, “Ҷашни байналмилалии Наврӯз”, “Оши палав” ва “Мусиқии Шашмақом” далели ин гуфтаҳо буда, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯю эътибор ва маъруфияти хос гардид.
Дар ин давра инфрасохтори сайёҳии ба талаботи замон ҷавобгӯ ва бренди ҷаҳонидошта, аз қабили Серена Душанбе, Ҳаятт Реҷенси Душанбе, Шератон Душанбе, меҳмонхонаҳои 3 - 4-ситорадор, хонаҳои миллии истироҳатӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ ва дигар иншооти маишию истироҳатӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар мавриди истифода қарор гирифтанд. Барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳамзамон, пешрафти сайёҳӣ дар ин муддат дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2000 километр роҳ ва 240 пул навсозӣ шуда, 30 километр нақби мошингузар сохта, ба истифода дода шуд.
ТАЪСИСИ СОХТОРИ АЛОҲИДА ОИД БА РУШДИ СОҲА
Бо мақсади боз ҳам тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имконоти мавҷуда, инкишофи инфрасохтор, беҳгардонии сифати хизматрасонӣ, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби сармоя ва омодасозии кадрҳои болаёқат соли 2017 бо дастури Сарвари давлат сохтори алоҳида оид ба рушди соҳа - Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Кумита дар муддати кӯтоҳ тавонист таблиғи минтақаҳои сайёҳиро дар дохил ва хориҷи кишвар хуб ба роҳ монад. Бо ташаббус ва ёрии кумита намояндагони бахши сайёҳии мамлакат ба калонтарин намоишгоҳҳои сайёҳию тиҷоратӣ ва ҳунармандӣ, ки дар Олмон, Британияи Кабир, Малайзия, Амрико, Фаронса, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия баргузор мегарданд, ширкат варзида, захира ва имконияти сайёҳии мамлакатро ба дӯстдорони сайру саёҳат таблиғу ташвиқ мекунанд.
Дар самти инъикоси иқтидори сайёҳии ватанамон дар хориҷи кишвар, як қатор пресс - турҳо, аз ҷумла барои ВАО-и 11 кишвари Аврупову Осиё, лоиҳаи пресс-тури Digital Silk Road барои намояндагони ВАО-и Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Россия, боздид ва таҳияи барномаи сайёҳии “Поедем, поедим” аз ҷониби шабакаи телевизионии “НТВ”-и Россия роҳандозӣ гардиданд. Дар сомонаҳои интернетии агентиҳои иттилоотии кишварҳои ИДМ, аз ҷумла ТАСС, УзА, Кабар матолиби ҷолиб оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба табъ расиданд. Бо ибтикори кумита Портали миллии сайёҳӣ (www.traveltajikistan.tj) бо 7 забон – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, испанӣ, ҷопонӣ, фаронсавӣ ва саҳифаҳои кумита дар шабакаҳои иҷтимоии Ютуб, Фейсбук, Инстаграм фаъол гардиданд.
Шуруъ аз давраи таъсисёбӣ кумита дар тарғибу ташвиқи соҳа аз тадбирҳои муассир кор гирифт. Чорабиниҳои зиёди ҷумҳуриявию байналмилалии хусусияти фарҳангӣ, сайёҳӣ ва иттилоотидошта ба шинохти беҳтару бештар ва эътирофи Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мусоидат намуданд.
СОДАТАРИН НИЗОМИ ДАСТРАСӢ БА РАВОДИД
Бо ташаббуси Пешвои миллат дар соҳаи сайёҳӣ ислоҳоти муҳим амалӣ шуд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ аввалин ва камназир аст. Ин роҳандозии тартиби электронии дастрас намудани раводид ва реҷаи бераводид бо 12 кишвари ҷаҳон, ҷорӣ гаштани низоми содакардашудаи раводид бо 112 давлат, инчунин, аз байн бурдани бақайдгирии дохилии сайёҳон мебошанд. Низоми мазкур имкон медиҳад, ки сайёҳон ва шаҳрвандони дигари хориҷӣ бе муроҷиат ба ниҳодҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар тариқи онлайн (www.evisa.tj) раводиди электронӣ дастрас намуда, ба ҷумҳурии мо сафар намоянд. Тартиби содаи дастрасии раводид мунтазирии сайёҳон дар консулгарии сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар берун ва ё сарҳадотро аз байн мебарад.
Барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ раводиди навъи сайёҳии бисёркаратаи то 60-рӯза низ фароҳам оварда шуд. Ҷиҳати содагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, раводиди бисёркаратаи сесола пешбинӣ гардид. Маҷаллаи «Вандерласт»-и Британияи Кабир низоми раводиди электронии Тоҷикистонро дар қатори панҷгонаи беҳтаринҳо ҷойгир намуда, содатарин низоми дастрасии раводид номид.
ФАРОҲАМОВАРИИ ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗИВУ ГУМРУКӢ
Пешвои миллат бо таҷрибаи бузурги худ, дар марҳилаи аввали рушди соҳа бахши хусусиро барои сармоягузорӣ ҳавасманд гардонда, барои обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ заминаҳои зарурии иқтисодӣ ва ҳуқуқиро фароҳам оварданд. Дар ин радиф, бо ибтикори Сарвари давлат ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз андоз аз фоида озод шуданд. Имтиёзҳои мазкур натиҷаҳои самарбахш ба бор оварда, аз аввали ҷорӣ гардидан то ин дам шумораи умумии ширкатҳои сайёҳӣ дар кишвар ба 226 - то расид. Инчунин, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод шуда, боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав бо мақсади сайёҳӣ 50 фоиз коҳиш ёфт. Фароҳамоварии имтиёзҳои мазкур ҳавасмандии соҳибкоронро боз ҳам зиёд намуд ва танҳо дар заминаи ин имтиёзҳо феълан зиёда аз 20 лоиҳаи инфрасохтории сайёҳӣ дар самтҳои бунёди маҷмааҳои сайёҳӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳи танобӣ, меҳмонхонаву осоишгоҳ ва дигар иншооти сайёҳӣ идома доранд.
ҚАРИБ ЯКУ НИМ МИЛЛИОН САЙЁҲ ДАР ЯК СОЛ
Бо назардошти таърихи пурғановату мероси бойи фарҳангӣ, табиати нодир ва беҳсозии вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 - ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2019 - 2021 - ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштанд. Дар ин солҳо заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа мустаҳкам гардида, Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул шуд. Дар асоси стратегия бори нахуст нишондиҳандаҳои рушди соҳа, аз қабили шумораи сайёҳони ба ҷумҳурӣ ташрифоварда, саҳми сайёҳӣ дар ММД, содирот, дар қисми даромади буҷети давлатӣ, миқёси хизматрасониҳо, мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои меҳмоннавоз муқаррар гаштанд. Соли 2018 ин нишондиҳандаҳо то ҳадди имкон натиҷагирӣ шуда, шумораи сайёҳони хориҷӣ ба як миллиону 155 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба як соли пеш 2,6 маротиба зиёд аст. Шумораи сайёҳони дохилӣ бори аввал 751 ҳазор нафарро ташкил дод. Саҳми соҳа дар ММД ба 2,1 дарсад ва шумораи субъектҳои сайёҳӣ ба 255 -то баробар шуд. Дар пайи азму талошҳои мақсаднок соли 2019 соҳа ба сатҳи бесобиқа пеш рафт. Дар ин сол дар мамлакат воридшавии зиёди сайёҳон мушоҳида шуда, нишондиҳандаи ниҳоии он ба беш аз 1 миллиону 300 ҳазор нафар расид. Соли 2020, мутаассифона, бар асари пандемияи ҳамагир рушди сайёҳӣ ба таври муваққатӣ боз дошта шуд. Вале, ба гуфтаи мутахассисон, ин махсусан ҳамон фурсатест, ки бояд камбудиҳо, мушкилиҳо ва монеаҳои ҷойдошта бартараф шаванд.
МУҲАББАТИ БЕАНДОЗА ВА ҲИССИ БУЗУРГИ ҒАМХОРӢ
Ҳамаи ин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ идомаи натиҷаҳои сиёсати оқилонаи Сарвари давлат дар муаррифии мардум ва сарзамини тоҷикон дар арсаи ҷаҳонист. Дар ин талошҳои хастанопазири Пешвои миллат ду ҷанбаи бисёр муҳим ҳувайдо мешавад: аввалан, муҳаббати беандоза ба сарзамин ва мардуми Тоҷикистон ва дуюм, ҳисси бузурги ғамхорӣ нисбат ба рӯзгори сокинони кишвар. Пешвои миллат, қабл аз ҳама худашон ин сарзамини биҳиштосоро дӯст медоранд ва мафтуни ҳар гӯшаи нотакрори ин диёр ҳастанд. Бинобар ин, бо камоли ифтихору эҳсоси баланди ватандӯстӣ мехоҳанд онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд, то ҷаҳониён дар навбати худ ба кишвари мо ташриф оварда, бо сарзамини зебо, мардуми меҳмоннавоз ва фарҳангу ҳунари волои миллат ошно гарданд. Дигар ин, ки рушди сайёҳӣ беҳбуди вазъи зиндагии мардум, афзоиши даромади аҳолӣ, ободии шаҳру деҳоти кишварро дар пай дорад. Дар рушди ин соҳа манфиати сокинони кишвар нуҳуфтааст. Сайёҳӣ на танҳо барои кишвар шуҳрат меафзояд, балки ба ҳар гӯшаи он сармоя ворид месозад, ба ҳар деҳа ободӣ меорад, ба ҳар ҳунарманд бозору даромад фароҳам мекунад. Ин аст, ки рушди сайёҳӣ на танҳо як масъалаи фарҳангӣ ва миллӣ, балки як барномаи бузурги иҷтимоӣ ва иқтисодист.
Воқеан, осори ғании таърихию фарҳангӣ, муъҷизаҳои нотакрори табиати ҳифзшуда, фарҳангу тамаддуни волои миллати тоҷик таваҷҷуҳи ҳар чи бештари сайёҳони хориҷиро ҷалб менамоянд. Бинобар ин, бо итминони комил метавон гуфт, ки дар ояндаи наздик бо ҳалли маҳдудиятҳои бинобар пандемияи COVID -19 ҷоришуда, Ватани азизи мо – Тоҷикистони биҳиштосо ба яке аз кишварҳои тараққикардаи сайёҳӣ табдил меёбад, зеро ин яке аз ҳадафҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.08.2021 №: 162 Мутолиа карданд: 7244