logo

иқтисод

ҶСК «АЗОТ». СУКУТИ КОРХОНАИ ОВОЗАДОР ТО БА КАЙ ДАВОМ МЕКУНАД!?

Ҳар вақт, ки сухан дар бобати истеҳсоли нуриҳои минералии ватанӣ меравад, номи корхонаи овозадори ҶСК «Азот» гирифта мешавад, ки мутаассифона, ин тавлидгоҳи замоне машҳур, ҳоло ба вазъи табоҳ мувоҷҷеҳ ва хапу хомӯш аст. Кишоварзони ҷумҳурӣ, ки интизори дорувории ватанианд, ҳамвора мехоҳанд бифаҳманд, ки вобаста ба ин масъалаи муҳим оё ягон чорае андешида шудааст? То кай мо нуриҳои минералиро бо нархи гарон аз хориҷ ворид мекунем, ҳол он ки имкониятҳои зиёди тавлиди онро дар мамлакат дорем?!  
 
Ба ҳамин мазмун пайваста солҳои охир зимни нишастҳои матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, инчунин, вазорату идораҳои дигари марбута дар робита ба ҷараёни кор суолҳо гузошта мешаванд. Вале то кунун тақдири корхона барои ҷомеаи кишвар, бахусус кишоварзон, норӯшан мондааст. 
Корхонаи «Нуриҳои Осиё», ки дар доираи навсозии ҶСК «Азот»  дар шаҳри Левакант бояд бунёд меёфт, якбора бедарак шуд. Қарор буд, корхона то соли 2018 бо сармоягузории хориҷӣ, аниқтараш тавассути маблағгузории ширкати «Хэнан Чхун – Я гурӯҳи холдингӣ» - и Чин сохта ба истифода дода мешуд. Аммо бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ба сабаби сурат нагирифтани  маблағгузорӣ  аз тарафи ширкати чинӣ бунёди корхонаи «Нуриҳои Осиё»  ба таъхир афтод. Масъулони корхона азм доштанд, ки барои на танҳо кишоварзони ҷумҳурӣ, балки боназардошти кишварҳои ҳамсоя  маҳсулот бароранд. Номи баланди «Нуриҳои Осиё» низ ба ҳамин ҳадафи бузург ё зӯрии миёншикан марбут буд. Вале кунун соли 2021 асту корхона ҳамоно  сукут дорад. Ин сукути корхонаи овозадор кай мешиканад?
Фаррух Ҳамрализода, собиқ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ,  дар ҳамин давраи соли гузашта дар робита ба қатъ гардидани корҳои навсозии ҶСК «Азот» гуфт, ки ҷиҳати амалисозии лоиҳаи мазкур бо яке аз ширкатҳои чинӣ қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонда шуда буд, мутаассифона, ширкати мазкур уҳдадориҳои дар наздаш гузошташударо иҷро карда натавонист. 
- Лоиҳаи ба кор андохтани корхонаи «Азот» ба тендери байналмилалӣ гузошта шудааст.  Пешбинӣ гардидааст, ки ба маблағи 190 миллион сомонӣ сад дарсад саҳмияҳои ҶСК «Азот» фурӯхта шуда, дар марҳилаи аввал давоми се соли оянда  ба андозаи 400 миллион сомонӣ бунёди корхонаи нурӣ  сармоягузорӣ гардад. Бо ташкили корхона дар назар аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя, бахусус Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, бо нуриҳои минералӣ таъмин карда шаванд, - зикр намуда буд ӯ.  
Номбурда, ҳамзамон, зикр намуд, ки тендер то охири моҳи июли соли 2020 бояд баргузор гардад. Вале тибқи маълумоти Фирӯз Саъдизода, сардори раёсати хусусигардонӣ ва дороиҳои давлатии кумита,  тендери мазкур  18 феврали соли равон  доир гардидааст. 
Ҳарчанд ҳангоми нишасти хабарии шашмоҳаи соли пешӣ гуфта шуда буд, барои иштирок дар тендер ширкатҳои дохилию хориҷии зиёд ҳуҷҷатҳо пешниҳод кардаанд, аммо  ин ҷо боз  7 моҳ дертар аз муҳлати охири муайяншуда доир шудани он суолбарангез аст. 
Аз рӯи маълумоти кумита, сармояи навсозии корхона ҳам на 400 миллион сомонии дар тендер муқарраршуда, балки 205 миллион сомониро ташкил медиҳад.  Аз якуми март дар ҶСК «Азот» аз ҷониби ғолиби тендер ширкати «Осиё Кемикал» корҳои барқарорсозӣ ва насби технологияи навин оғоз ёфтаанд.  Мутаассифона, бо гузашти қариб шаш моҳ  аз ин ҳанӯз ҳаҷми корҳои анҷомёфта барои  ба кор андохтани «Азот» номушаххасанд. Дақиқ  нест, ки аз моҳи март то имрӯз дар ин ҷо чӣ корҳо ба сомон расидаанд. 
Фақат Саъдӣ Қодирзода, раиси феълии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ,  зимни нишасти матбуотии охири кумита 28 июл гуфт, ки тендери барқарорсозии ҶСК «Азот» ба бурди соҳибкорони ватанӣ доир шуд. 
- Ҷиҳати навсозӣ ва барқароркунии  корхона аз ҷониби ҶДММ «Осиё Кемикал» бо ҷалби мутахассисони Институти давлатии саноатии «Азот»-и Федератсияи Россия, ки  аз соли 1931  то  инҷониб  дар ин соҳа таҷрибаи бузургро соҳиб аст, аудити техникӣ гузаронда шудааст. Ҳоло барои васлу таъмири таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили иваз намудани қубурҳои дохилӣ, хатҳои интиқоли барқ,  навсозии биноҳои маъмурию логистикӣ ва  истеҳсолӣ, дар ин ҷо корҳо оғоз гардидаанд. Ширкати сармоягузор барои  барқарорсозию насби технологияи навин  дар ҶСК «Азот» ва бо ҷойи кор таъмин кардани беш аз 1000 нафар уҳдадор аст, ки дар муддати 2 сол бо маблағи зиёда аз 205 миллион сомонӣ бояд  анҷом диҳад, - гуфт Саъдӣ Қодирзода. 
Ба ҳамин ваъдаҳо монанд 5 сол пеш ширкати чинии «Хэнан Чхун – Я гурӯҳи холдингӣ» уҳдадориҳоро бар дӯш гирифта буд. Ин ширкат бояд то баҳори соли 2018 корхонаи «Нуриҳои Осиё»-ро ба кор меандохт. Азбаски он ба иҷрои уҳдадориҳояш муваффақ нашуд, созишномаи Ҳукумати кишвар бо корхонаи чинӣ  дар мавриди навсозии «Азот» қатъ гардид. Акнун бар дӯши ширкати «Осиё Кемикал» гузаштани навсозии  ҶСК «Азот» умедҳоро ба нуриҳои ватанӣ дар дили мардуми кишоварз бедор мекунад. Аммо боз ҳам  аз он ки натиҷаҳои кори «Осиё Кемикал» низ вобаста ба навсозии корхонаи мазкур  ҷиддӣ ба назар намерасад, ин масъала муаммодор боқӣ мемонад? Муҳлати иҷрои лоиҳаи номбурда ду сол пешбинӣ гардидааст. Бо вуҷуди он ки аз оғози корҳои навсозӣ қариб 6 моҳ мегузарад, вале то имрӯз кадом корҳо иҷро шудаанд, аниқ нест.  
Ҷалил Пиризода, академик, мутахассиси барҷастаи соҳаи иқтисодиёти кишоварзӣ, ба ин назар аст, ки то ба истеҳсоли нуриҳои минералии ватанӣ муваффақ нашавем, дар  сатҳи муътадил нигоҳ доштани арзиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ин васила таъмини амнияти ғизоӣ мушкил аст. Зеро  имрӯзҳо воридоти нуриҳои минералӣ аз хориҷи кишвар яке аз омилҳои асосии таъсиргузор ба арзиши аслии маҳсулот маҳсуб меёбад. 
- Дар таркиби арзиши аслии маҳсулоти кишоварзӣ арзиши сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва техникаю мошинолоти кишоварзӣ 80 дарсадро ташкил медиҳад.  Аз ҷумла, нуриҳои минералӣ сабаби паст ё баланд шудани нархи зироатҳо ва ҳам дараҷаи ҳосил буда метавонад. Вале мо ҳамасола ба маблағи тақрибан 45 – 50  миллион доллари ИМА ба кишвар нуриҳои минералӣ ворид мекунем. Ҳол он ки мо имконияти истеҳсоли онро дар дохили ҷумҳурӣ дорем. Ба роҳ мондани фаъолияти корхонаи ҶСК «Азот»  яке аз тадбирҳоест, ки ба истифодаи ин имкониятҳо равона шудааст
Мусаллам аст, ки аҳамияту зарурати барқарорсозии корхонаи ҶСК  «Азот», ки тақдирҷунбони рушди истеҳсолоти кишоварзии мамлакат аст, аз сохтани иншооти дигари муҳими стратегӣ кам нест. Пас, дар мавриди ба кор андохтани он чаро таъхир мекунем? Ё вақте барои бунёди чунин корхона заминаи боэътимоди моддӣ фароҳам наомадааст, намешавад, ки аввал дар доираи коргоҳҳои хурд истеҳсоли нурии ватаниро ба роҳ монему баъд ба ҷоннок кардани корхонаи бузург гузарем? Ин ва чанд суоли дигари посухталаб, ки дар робита ба масъалаи тавлиди дорувории минералӣ дар боло пеш омадаанд,  аз роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазоратҳои молия,  саноат ва технологияҳои нав, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Левакант посухҳои мушаххас мехоҳанд. 
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2021    №: 162    Мутолиа карданд: 3399
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед