иҷтимоиёт
ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ МАҚОМОТИ СУДӢ
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи рӯйдодҳои бузургтарини таърихие мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Аз ин лиҳоз, ин санаи сарнавиштсоз барои мо муқаддастарин ҷашн мебошад, ки ҳоло дар остонаи сиюмин солгарди он қарор дорем.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон таъсис ва ташаккули мақомоти назорати конститутсионӣ бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, зеро маҳз бо ташаббуси Роҳбари давлат дар баробари дигар падидаҳои давлати демократӣ солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати конститутсионӣ таъсис ёфт.
Минбаъд, дар заминаи ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999, 2003 ва 2016 барои мустаҳкам намудани пояҳои давлати соҳибистиқлол, пойдории сулҳу субот, таъмини мувозинати шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ, корҳои назаррас анҷом шуданд. Дар ин давра, низоми муосири ҳокимияти судӣ таъсис, муҳлати ваколати судяҳо аз 5 ба 10 сол дароз гардида, дар низоми судии кишвар Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе таъсис дода шуданд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такмили низоми судӣ ва таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ давра ба давра барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул ва мавриди татбиқ қарор доранд. Барномаҳои мазкур дар такмили қонунҳои амалкунанда, қабули кодексу қонунҳои нав, ташкили сохторҳои нави судӣ, ба монанди коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ, таъсис додани вазифаи коромӯз - судя, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои соҳавӣ ва ниҳоят, дар таҳкиму тақвияти ҳокимияти судӣ нақши назаррас бозид. Татбиқи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ҳамчунин, ба таҳкими ҳокимияти судӣ, такмили қонунгузории соҳа, баланд гардидани мақоми ин шохаи мустақили ҳокимият ҳамчун баамалбарорандаи адолати судӣ дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун ва кафолати амалишавии принсипи конститутсионии баробарии ҳама дар назди қонун мусоидат кард.
Истиқлолияти давлатӣ дар баробари ин, ки омолу орзуи деринаи халқи мост, инчунин, лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва кору фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад. Ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат ҳар яки моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доим зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоем.
Асрор ШАРИФЗОДА,
судяи Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.08.2021 №: 162 Мутолиа карданд: 590