иҷтимоиёт
ИБНИ СИНО - ОЛИМ ВА ҲАКИМИ БУЗУРГИ ТОҶИК
Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино яке аз шахсиятҳоест, ки бо осори мондагори илмии хеш дар таърихи башарият ҳамчун симои дурахшону тобнок боқӣ мондааст. Абуалӣ Ҳусейн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино, ки дар Ғарб бо номи Авитсенна (980-1037) маъруф аст, дар деҳаи хурди Афшана, дар наздикии Бухоро, пойтахти давлати Сомониён, чашм ба олами ҳастӣ кушода, дар хурдсолӣ бо кунҷкобии аз андоза зиёд ва саволҳои доимии ғайриодиаш калонсолонро ба ҳайрат меовард. Баробари барномаи таълимии ҷорӣ, Ибни Сино ба таври илова грамматика, забони арабӣ, услубшиносиро омӯхта, вақте 10 – сола буд, аллакай Қуръонро ҳифз карда, ба қатори ашхоси муҳтарами замонаш дохил гашт. Вай маълумоти аввалини худро бо омӯзиши илоҳиёт ба даст оварда, баъдтар, ба илмҳои дунявӣ - тиб, химия, математика, астрономия ва фалсафа таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Дар синни 20 – солагӣ Ибни Сино ҳамчун олими маъруф шинохта шуд. Ӯ табиби дарбори Сомониён ва султонҳои Дайламӣ, маъруфтарин ва бонуфузтарин файласуф ва олими асримиёнагии ислом, муаллифи асарҳои зиёди илмӣ оид ба тиб, фалсафа, математика, астрономия, минералогия аст. Шумораи дақиқи асарҳои ӯ муқаррар нашудааст (баъзеҳо шумораи осорашро 456 адад гуфтаанд, ки аз ҷумла 23 – тои он ба форсӣ аст). Асари асосии Ибни Сино “Қонуни тиб” мебошад.
Дар ин асари бунёдӣ, ки иборат аз 5 ҷилд аст, маълумот оид ба тиб, фармакология, тавсифи муфассали дил, ҷигар, майна ва ғайра оварда шудааст ва бисёр бемориҳо, ташхису табобати онҳоро аввалин маротиба исбот кардааст. Аз ҷумла, Ибни Сино андешаеро, ки булураки чашм манбаи биноист, рад карда, исбот намудааст, ки тасвири ашё аз тарафи шабакия, ё ин ки пардаи тӯрмонанди чашм таъмин карда мешавад. Ибни Сино дар бораи имкони паҳн шудани бемориҳои сироятӣ тавассути ҳаво навишта, бори аввал фарқияти ваборо аз тоун ва плевритро илтиҳоби шуш муайян карда, оид ба бемориҳои махав, диабет, захми меъда ва ғайра маълумоти муфассал дод. Яке аз бузургтарин кашфиёти Ибни Сино ташхиси набз буд. Муосирон навиштаанд, ки ӯ танҳо аз рӯи набз муайян карда метавонист, ки бемор маҳз аз чӣ ранҷ мекашад. Як қатор ташхису таъиноти табиби машҳур то имрӯз қимати худро гум накардаанд. Аз ҷумла, табиб мегӯяд, ки агар ба бемор асалро бо оби хунук диҳед, ин ба дилбеҳузурӣ ва илтиҳоби меъда кумак мекунад; решаи ширинбия найчаи шушро мулоим ва тоза мекунад; барои шуш ва гулу фоида дорад ва ба тозагии овоз мусоидат менамояд; баргҳои чинор хунрезиро пешгирӣ карда, ба шифои захмҳои куҳна ва тоза мусоидат мекунанд... Ин ва бисёр дигар гиёҳҳои дар “Ал-қонун” тавсифшуда то ҳол дар табобати беморон истифода мешаванд. Асари номбурдаи алломаи Машриқзамин дар асри XII ба забони лотинӣ тарҷума шуда, то асри XVII ҳамчун дастури асосӣ барои табибони аврупоӣ хидмат кардааст.
Шайхурраис олиме буд, ки руҳияи таҳқиқотӣ ва хоҳиши фарогирии энсиклопедии тамоми соҳаҳои муосири дониш ӯро фаро гирифта буд ва хотираи фавқулода мустаҳкаму андешаронии тезу бурро дошт. Рисолаи энсиклопедии "Китоб-уш-шифо", ки бо забони арабӣ навишта шудааст, ба мантиқ, физика, биология, психология, геометрия, арифметика, мусиқӣ, астрономия ва метафизика бахшида шудааст.
Рисолаи “Ал-қонун фи-т-тиб” низ асари энсиклопедист, ки дар он дастурҳои табибони қадим мувофиқи дастовардҳои тибби араб тафсир ва таҷдиди назар мешаванд. Аз 2600 доруи дар «Ал-қонун» тавсифшуда 1400-тои он аз гиёҳҳои шифобахш мебошанд. Ибни Сино, ҳамчунин, дар бораи нақш ва ҷойгоҳи тамринҳои ҷисмонӣ дар тандурустӣ ва амалияи тиббӣ ба таври васеъ истода гузаштааст. Вай далел меорад, ки агар шахс ба таври муътадил ва сари вақт машқ кунад ва реҷаро риоя намояд, пас, ӯ ба ягон табобат ё дору ниёз надорад. Тамрин мушакҳо, бандҳо ва асабро мустаҳкам мекунад. Ҳакими бузург маслиҳат медиҳад, ки ҳангоми тамрин синну сол ва саломатӣ ба назар гирифта шавад. Вай оид ба масҳ бо оби хунук ва гарм маслиҳатҳои муфид додааст.
Дар соҳаи химия Ибни Сино раванди дистилятсияи равғани эфириро кашф кард. Ӯ тавонист, ки кислотаҳои хлорид, сулфат ва азот, гидроксидҳои калий ва натрийро ҳосил намояд. Дар астрономия Ибни Сино тасаввуроти Арис-тотелро дар бораи он ки гӯё ситорагон нурҳои Офтобро инъикос менамоянд, танқид карда, исбот мекунад, ки ситорагон бо нури худ медурахшанд, аммо ӯ чунин мешуморад, ки сайёраҳо низ қудрати равшанӣ доданро доранд. Шайхурраис мегӯяд, ки гузариши Зуҳраро аз қурси офтобӣ 24 майи соли 1032 мушоҳида кардааст. Аммо, олимони муосир шубҳа доранд, ки ӯ метавонист ин гузаришро дар вақти муайяншуда ва дар ҷойи муайяншуда мушоҳида кунад. Вай аз ин мушоҳида барои исботи чунин ақидаи Афлотун истифода кард, ки Зуҳра, ҳадди ақал, баъзан ба Замин аз Офтоб дида наздиктар аст.
Ҳангоми дар Гургон будан Ибни Сино рисолае дар бораи муайян кардани дарозии ин шаҳр навиштааст. Ӯ аз усули истифодакардаи Абулвафо ва Берунӣ истифода бурданро раво надида, усули наверо пешниҳод кард, ки иборат аз андозагирии баландии қуллаи Моҳ ва муқоисаи он бо баландии Бағдод тавассути ҳисобкунӣ аз рӯи қоидаҳои тригонометрияи курашакл мебошад. Дар рисолаи астрономии худ Ибни Сино як асбоби мушоҳидавии ихтироънамудаи худро тасвир кардааст, ки ба ақидаи ӯ, барои рушди илми ситорашиносӣ мусоидат кардааст. Вай ин асбобро аввалин шуда барои дақиқ кардани ченакҳо истифода бурдааст.
Ҳакими бузург дар таҳияи назарияи қувваи дарунсохт (ё импринтшуда) - назарияи асримиёнагии ҳаракат саҳми бузург гузошт. Мувофиқи ин назария сабаби ҳаракати ҷисмҳои партофташуда қувваест (баъдтар онро такон меноманд), ки он аз манбаъҳои беруна сарчашма мегирад. Ба ақидаи ӯ, "муҳаррик" (дасти инсон, камар ва ғайра) ба бадани ҳаракаткунанда (санг, тир) баъзе "кӯшишҳо" медиҳад, монанд ба он, ки оташ гармиро ба об интиқол медиҳад. Ҷозиба низ метавонад ҳамчун муҳаррик амал кунад. Шояд ғояҳои Ибни Сино дар бораи қудрати таҳмилӣ дар Ғарб маълум гашта бошанд, ки ин ба рушди минбаъдаи назарияи ангезиш аз ҷониби Буридан ва дигар схоластикҳо мусоидат кард.
Ибни Сино китоби дарсии "Мантиқ"-ро (1031 ё 1035) навиштааст. "Мантиқ, - менигорад ӯ, - илмест, ки бо ёрии он усулҳои гуногуни гузариш аз чизҳои дар зеҳни инсон мавҷудбуда ба ашёе, ки фаҳмиши онро ба даст овардан мехоҳанд", шинохта мешаванд. Ибни Сино тарафдори ин ақида буд, ки категорияҳо ва қоидаҳои мантиқӣ бояд ба ашё мувофиқат намоянд. Мавзуи мантиқ, мегӯяд ӯ, ҳалли масъалаи умумӣ ва хос мебошад. Умумӣ дар худи ашё вуҷуд дорад, аммо пеш аз он ва пас аз он низ вуҷуд дорад. Фикр кардан дониши умумӣ аст. Дар назарияи маърифати ӯ нодида гирифтани унсурҳои тамоюли сенсуалистӣ ғайриимкон аст, зеро бидуни дониши эҳсосӣ, ба гуфтаи Ибни Сино, раванди дарк ғайриимкон аст. Шайхурраис мантиқро илм дар бораи шаклҳои тафаккур номид. Он дар қатори физика (таълимоти ҳастӣ) ва математика ба таркиби фалсафа дохил мешавад. Ба ақидаи Ибни Сино мантиқ аз чор қисм иборат аст: мафҳум, андешаронӣ, хулоса ва исбот.
Ибни Сино, инчунин, таълимоти худро оид ба мизоҷ ва хислати инсон таҳия кардааст. Тибқи таълимоти ӯ, табиати инсон ба чор навъи одӣ тақсим мешавад: гарм, сард, тар ва хушк (ки дар психологияи муосир ба чор мизоҷ мувофиқат мекунад). Ин табиатҳо устувор нестанд, аммо дар зери таъсири омилҳои дохилӣ ва берунӣ, ба монанди шароити метеорологӣ ва тағйирёбии фаслҳо, тағйир меёбанд. Тағйирот дар моеъҳои бадан, инчунин, метавонад табиати инсонро дар самти мувофиқ ислоҳ кунад. Илова бар табиати одӣ, Ибни Сино вобаста ба бартарияти яке аз чор моеи бадан (хун, луоб, сафрои зард ё сиёҳ) боз чор табиати мураккабро фарқ мекард.
Мутафаккири бузург Абуалӣ Ибни Сино бисёр асарҳои ҷиддии илмиро дар шакли шеър ва рубоӣ навиштааст. Дар байни асарҳои ӯ, инчунин, асарҳои лирикии назмӣ - дубайтӣ ва рубоӣ мавқеи хос доранд. Адиби оламшумули адабиёти форсу тоҷики асри XII Умари Хайём Ибни Синоро устоди худ номидааст.
Аз дидгоҳи назариявӣ Ибни Сино тибқи анъанаи асримиёнагӣ мусиқиро ба илмҳои математика нисбат додааст. Вай онро ҳамчун илме муайян кард, ки садоҳоро дар муносибатҳои онҳо меомӯзад ва ҳадафи муайян кардани қоидаҳои сохтани композитсияро доро мебошад. Вай дар асоси таълимоти Пифагор боварӣ дошт, ки мусиқӣ ба рақамҳо тобеъ аст ва бо онҳо робитаи зич дорад. Ибни Сино аввалин шуда дар таърих заминаи мустаҳками илмӣ барои таърихи мусиқиро фароҳам оварда, тибқи он мусиқиро на танҳо аз нуқтаи назари математика, балки дар алоқамандӣ бо ҷомеашиносӣ, психология, назмшиносӣ, ахлоқ ва физиология низ баррасӣ кард. Ибни Сино дар якҷоягӣ бо Ал-Форобӣ ба илми асбобҳои мусиқӣ асос гузошт, ки дар Аврупо хеле дертар инкишоф ёфт. Вай таснифи муфассали намудҳои асбобҳои мусиқиро дода, сохтори онҳоро шарҳ медиҳад. Дар боби шашуми "Донишнома" номи қариб ҳамаи асбобҳои мавҷуда бо тавсифи онҳо оварда шудааст. Асарҳои Ибни Сино ва Ал-Форобӣ оид ба омӯзиши асбобҳои мусиқӣ ба асбобсозӣ ҳамчун самти хоси илми мусиқӣ замина гузоштанд.
Ақидае ҳаст, ки Абуалӣ ибни Сино василаи расидан ба ҳаёти ҷовидониро ихтироъ кардааст. Танҳо хатои шогирд, ки охирин аз чил зарфи давоҳоро шикаст, садди роҳи ихтирои «иксири ҳаёт» гашт. Вале, бо вуҷуди ин, пас аз ҳазор сол, ҳеҷ шакке нест, ки Ибни Сино ба таври ҷовидонӣ зинда аст. Зеро хизматҳои оламшумули ин олим, файласуф, энсиклопедист ва ҳакими бузурги тоҷик, мероси гаронбаҳои илмии ин нобиғаи нотакрор, номи ӯро дар таърихи башарият ба таври абадӣ сабт намудаанд.
Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА,
ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино,
доктори илми тиб, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.08.2021 №: 162 Мутолиа карданд: 1008