logo

иҷтимоиёт

МАВОДИ БЕБАҲОИ АСРҲО. ИСТИЛОҲОТИ "БЕГОНА"- И ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ ДАР "КИТОБ-УЛ-ҲАЙВОН"-И ИБНИ СИНО

Дар остонаи санаи  фархундаи  30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  18  августи  соли равон доираҳои илмии ҷаҳон ва Тоҷикистон 1041-солагии ёдбуди Шайхурраис Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино  (370ҳ/980 - 420ҳ/1037) - зода ва парвардаи рӯзгори дудмони Сомонӣ, яке аз саромадони андешаи миллии тоҷикон, ки хезиши фарҳангии онҳо аз ӯ оғоз меёбад, ҷашн мегиранд. 
 
Дар ин мақола дар асоси маводи забонии "Китоб-ул-ҳайвон", ки инҷониб  онро ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ (Абу Али ибн Сина (Авиценна). Книга о растениях.,  Книга о животных (Из энциклопедии "Книга исцеления"). Вводная статья, комментарии и перевод с арабского С. Сулаймонова. Душанбе, 2021, 701 с.); (Гиёҳнома., Ҷонварнома. Мақолаи му-қаддимавӣ, шарҳу тафсир ва аз арабӣ тарҷумаи С. Сулаймонов. Душанбе, 2021) тарҷума кардаем ва онҳо ба чоп расидаанд, навишта мешавад. Мо дар ин ҷо дар маънои истилоҳоти "бегона" ҳамон калимаҳоеро дар назар дорем, ки ғайр аз ҳазорҳо истилоҳоти арабие, ки Шайхурраис дар "Китоб-ул-ҳайвон" истифода намудааст, аз забони юнонӣ ва форсӣ (тоҷикӣ) ба ҳайси истилоҳ дар транслитератсияи арабӣ  дар асари мазкур  ба тарзи фаровон истифода гардидаанд.
Дар илм ин нуқта пазируфта шудааст, ки яке аз сарчашмаҳои боэтимоди  пайдоиш, тараққию такомул ва ташаккули истилоҳоти илмии ҳар забон, ғанӣ сохтани фонди луғавӣ ва тақвият бахшидани қудрати истилоҳофаринии вай барои баёни матолиби илмӣ сарчашмаҳои хаттии мухталифи илмҳои гуногун ба шумор мераванд, зеро захираи луғавии забон маҳз дар чунин сарчашмаҳо сурати собит ва устувор касб менамояд. Бо назардошти ҳамин  ақида дар таърихи тибби қадими тоҷику форс се шахсияти бузурги илмӣ: Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (875-925), Абуалӣ ибни Сино (980 -1037) ва Зайнуддин Абулфазоил Исмоил ибни Ҳусайни Ҷурҷонӣ (1045-1137) бо осори гаронбаҳои тиббӣ ва истилоҳоти фаровони ин соҳа ба забонҳои арабӣ ва форсӣ (тоҷикӣ) хизматҳои шоён карда, дар онҳо пояҳои истилоҳоти тиббии илмиро дар ин забонҳо бунёдгузорӣ намудаанд. Ин аст, ки тибби қадими тоҷикону эрониён ва арабизабонро бидуни ин шахсиятҳои бузург ва осори мондагори онҳо  тасаввур кардан имконнопазир аст. 
Маврид ба ёдоварист, ки дар доираҳои илмии ҷаҳон, ховаршиносӣ ва марказҳои илмии Тоҷикистон дар бораи фалсафа ва тибби Шайхурраис таҳқиқоти мухталиф, монография ва мақолаҳо навишта шуда, мавқеъ ва манзалати шоистаи ин нобиғаи камтакрори инсоният дар шаклҳои мухталиф арзёбӣ ва мавриди баҳсу мунозираҳо қарор гирифтааст, ки муҳаққиқи гиромиро ба баррасӣ ва пажӯҳиши онҳо машғул насохта, диққати ӯро зимни ин мақола ба хизматҳои ӯ дар пешбурди илмҳои табиатшиносӣ, ки имрӯз дар ҷомеаи илмии Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса ҷудо гардида, чораҳои мушаххас андешида шуда истодаанд, равона месозем.
Ибни Сино дар қатори донишмандони бузурги  соҳаи тиб ва байторӣ, ба маънои томи калима Муаллими ин соҳаҳо ба шумор меравад, зеро ӯ асарҳои худро на барои доираи танги олимону мутахассисон, балки барои анҷумани васеи илмандӯзону илмдӯстон, табибони ҷавоне, ки дар ин ҷода қадамҳои аввалин мегузоранд, омода карда буд. Шайхурраис дар даврони заррин ва пешрафти фавқулодаи фарҳанги исломӣ ва даврони пуршукӯҳи давлатдории  Сомониён зиндагӣ ва умр ба сар бурда буд, ки забони арабӣ дар он даврон дар манотиқи густариши ислом ба ҳайси забони "лингво франка" хизмат мекард. Ибни Сино ҳамон забони арабиеро мавриди истифода қарор додааст, ки дар замони ӯ ба шарофати ғановати шахсии худ, "созгории замона бо ӯ", пурқувват гардидани ҷиҳози истилоҳоти он аз роҳи тарҷумаҳо аз юнонӣ, форсӣ, сурёнӣ, ҳиндӣ ва таъсири бевоситаи фарҳангҳои дигар  ба яке аз забонҳои илмӣ, фарҳангӣ ва пурқудрати асрҳои миёна табдил ёфта, бешубҳа, дар интишори фарҳанги на танҳо исломӣ, балки юнонӣ дар Аврупо нақшеро бозидааст, ки ҳеҷ забони дигаре дар маҳдудаи асрҳои VIII-XII набозидааст. Ховаршиноси барҷастаи фаронсавӣ Густав Лебон дар ин бора мегӯяд: "Нишонаи асосии тамаддуни арабҳо дар Испания, дар ин давра, дар он зоҳир мегардид, ки онҳо бо як шавқу завқ ва рағбати хастанопазир  барои  пешрафти  санъат,  адабиёт ва илм роҳ кушоданд. Дар ҳама гӯшаю канори мамлакат мактабҳо, китобхонаҳо, озмоишгоҳҳо боз гардида, асарҳои бузургони Юнон ба арабӣ тарҷума шуда, илмҳои риёзиёт, физика, химия, ахтаршиносӣ ва тиб ҳамаҷониба дастгирӣ ва тараққӣ пайдо намуданд. Маркази аморат ва пасон хилофат - Кордова- ба маркази илм, санъат, ҳунарҳо ва савдо табдил ёфта, онро танҳо бо пойтахтҳои кишварҳои бузурги ҳозиразамони аврупоӣ муқоиса кардан мумкин аст (Лебон Г. История арабской цивилизации. - Минск, 2009, 271-272).
Барҷастагии шахсияти илмӣ ва фарҳангии Ибни Сино дар таърихи халқи тоҷик дар ин аст, ки ӯ бо вуҷуди ин ки забони арабӣ забони модарии ӯ набуд, нозукиҳои онро ба дараҷае аз худ карда буд, ки баъзе истилоҳоти офарида ва истифоданамудаи  ӯро дар "Китоб-ул-ҳайвон" дар комилтарин фарҳангҳои асримиёнагӣ ва муосири араб пайдо кардан душвор гардид. Ин падидаи забониро ба ин маънӣ тафсир кардан мумкин аст, ки Ибни Сино дар донистани забони арабии китобӣ ё худ илмӣ ба пояе расида буд, ки нозуктарин истилоҳоти илмии он замонро бо калимаҳои мувофиқ ва мушаххас баён карда метавонист, ин ҳолат дар таърихи илм як падидаи шигифтангези илмӣ аст. Аз ҷониби дигар, бузургии Ибни Сино ва мероси арабизабони  ӯ дар ин зоҳир мегардад, ки барои забони модарии худ, ки онро дар муқаддимаи аввалин асари мукаммали фалсафӣ ба забони тоҷикӣ "Донишнома" - и Алоӣ "забони порсии дарӣ" ном мебарад (Абуалӣ ибни Сино. Осор.Ҷилди якум - Душанбе: "Дониш", 2005, С.71), заминаи созгор барои пайдоиши асари бузурги тиббии Исмоили Ҷурҷонӣ  "Захираи  Хоразмшоҳӣ" роҳро фарох сохт.
Аз пажӯҳиш ва баррасии таърихи илмҳои қадим чунин андеша берун мегардад, ки хусусияти асосии тафаккури асримиёнагӣ дар саъйю кӯшиш  ба "фарогирии куллии ҷаҳон, ба сурати умум ва дарк кардани он чун як навъ  ваҳдати ягонаи мукаммал" зоҳир мегардид ( Иқтибос аз Философия и история науки. Изд-во Московского университета. 2005, С.42). Воқеан, ин тезис ба шахсият ва мероси мондагори Ибни Сино низ рост меояд, зеро дар замони муаллиф кам соҳае буд, ки Ибни Сино онро фаро нагирифта, дар бисёр бахшҳои он чун тиб ва фалсафа ба дараҷаи камолот расида буд, ки  намунаи равшани яке аз онҳо  "Китоб-ул-ҳайвон" мебошад.
"Китоб-ул-ҳайвон", ки мо онро дар пайравӣ ба худи Шайхурраис дар навиштани осори форсӣ (тоҷикӣ)  чун "Донишнома", "Зафарнома", "Меъроҷнома" ва ғайра  ба забони тоҷикӣ "Ҷонварнома"  тарҷума кардаем, фанни ҳаштум ва охирини бахши табииёти "Китоб-уш-шифо"-ро ташкил дода, аз "Китоби илоҳиёт"- и асари мазкур аз ҷиҳати ҳаҷм калонтар аст. Ин асар маҳсули даврони камолоти Ибни Сино ва хулосаи роҳи дурударози таърихии тайкардаи осори арабизабони тиббӣ ва табиатшиносии тоҷик дар мобайнҳои асри XII мебошад. Бешубҳа, аз дастовардҳои бузурги илмии Ибни Сино дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ навиштан ва эҷод кардани "ал-Қонун фи-т-тиб" ва "Китоб-ул-ҳайвон" буд, ки ӯ истилоҳоти соҳаи тиб ва байториро  бунёдгузорӣ намуд. Ибни Сино дар "Китоб-ул-ҳавон" масъалаҳои марбут ба анатомия, физиология ва эмбриологияро мавриди таҳқиқ қарор дода, танҳо ба маълумоти бадастомада аз китобу сарчашмаҳо маҳдуд нашуда, мушоҳидаҳои аҷиби шахсии олимонаро нисбат ба инсон ва олами ҳайвонот пешкаш намудааст. Шайхурраис ҳангоми  пажӯҳиш ва истифодаи осори гузаштагон дар бораи алафҳо ва ҳайвоноте, ки барои доруворӣ истифода гардидаанд, бо назари танқидӣ нигоҳ карда, чи дар "ал-Қонун" ва чи дар "Китоб-ун-набот" ва "Китоб-ул-ҳайвон" роҷеъ ба доруҳо ва хусусиятҳои хосси онҳо маълумотҳои аҷиб пешкаш кардааст, ки мутахассисони соҳа сухани худро дар ин боб бояд баён созанд. Беҳуда нест, ки "ал-Қонун" ва дигар осори тиббии ӯ ҳаводорон, шореҳон, мунаққидон ва тарафдорони зиёде пайдо карда, дар асрҳои миёна на танҳо ба осори фалсафии ӯ, балки ба мероси тиббиаш дар Ғарбу Шарқи асримиёнагӣ шарҳу тафсирҳои зиёд ба вуҷуд омад, ки зикри онҳо дар ин ҷо аз имкон берун аст.
Аз таҳлили забоншиносии ин асари Ибни Сино чунин натиҷа берун меояд, ки "Китоб-ул-ҳавон" аз назари сохтор ба нуздаҳ мақола ва ҳар як мақола ба фаслҳо ва фаслҳо ба чанд фасл тақсим гардида, ба сурати умум, ин асар аз назари мазмун ва мундариҷа ба ду қисми асосӣ тақсим мешавад: 1) таҳқиқ дар бораи ҳайвонот; 2) пажӯҳиш  дар бораи инсон ва анатомияи бадани ӯ. Тибқи таҳқиқи анҷомёфтаи мо дар "Китоб-ул-ҳавон" зиёда аз 150 номи юнониасли парандагон, ҳайвонот ва моҳиҳо дар транслитератсияи арабии онҳо, яъне дар шакли овонависии забони арабӣ ва дар шакли таҳрифшуда оварда шудаанд. Аз назари забоншиносӣ ё худ мансубияти забонӣ истилоҳоти "Китоб-ул-ҳайвон"-ро умуман, ба се гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: 1) истилоҳоти арабӣ; 2) истилоҳоти юнонӣ; 3) ва истилоҳоти форсӣ (тоҷикӣ). Дар ин мақола танҳо дар бораи истилоҳоти "бегона", яъне истилоҳоти юнониасл ва форсӣ (тоҷикӣ) сухан меравад, зеро истилоҳоти арабии асар сазовори таҳқиқи мустақили густурдаи забоншиносӣ мебошанд. Ҳангоми ҷамъоварӣ, тарҷума ва таҳқиқи номҳои юнониасл дар ин китоб ба забони тоҷикӣ ва русӣ ба як қатор душвориҳое рӯ ба рӯ гардидем, ки он ба шумораи зиёди истилоҳоти "бегона" ва дар шакли таҳрифшудаи хатти арабӣ оварда шудани онҳо вобаста буда, на танҳо номи растаниҳо, ҳайвонот ва моҳиҳо, балки номҳои ҷуғрофӣ ва ҳатто номҳои шахсиро низ дар бар мегирад. Ҳамаи номҳои ҳайвонот, парандагон ва моҳиҳо дар транслитератсияи арабӣ оварда шуда, ба сабаби фарқияти ҷиддии низоми овозии забони юнонӣ - аз оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ бо низоми овозии забони арабӣ - аз оилаи забонҳои сомӣ ба дараҷае таҳриф гардидаанд, ки барқарор кардани муодил ва шакли дурусти онҳо кори басо мушкил ва пурзаҳмат аст.
Дар ховаршиносӣ чунин ҳодиса дар тарҷумаи бисёре  аз осори арабизабоне, ки дар онҳо истилоҳоти юнониасл ворид гардида буданд, мушоҳида карда мешавад. Дар ин бобат яке аз тарҷумонҳо ва ба чоп омодакунандагони "ас-Сайдана"- и Абурайҳони Берунӣ У. Каримов  чунин мегӯяд: "Душвории асосие, ки мо ҳангоми тарҷумаи "ас-Сайдана" рӯ ба рӯ шудем, барқарорсозии шакли дурусти истилоҳоти юнонӣ, сурёнӣ, ҳиндӣ ва ғайра буд. Бидуни муболиға, ишора карда метавонем, ки дар "ас-Сайдана" фасле вуҷуд надорад, ки аз калимаҳои бегонаи таҳрифшуда дар хатти арабӣ холӣ бошад, дар баъзе фаслҳо қариб ҳамаи калимаҳои бегона таҳриф шудаанд. Гузашта аз ин, бархе аз онҳо то дараҷаи ношинохтанӣ таҳриф гардида, чунин ба назар мерасад, ки баъзе ҷойҳои китоб маҷмӯи калимаҳои бемаънӣ аст. Кори тарҷума дар чунин ҳолат, шикоят карда буд мураттиби фарҳанги растанишиносии  арабӣ  Аҳмад Исобоев, ба тафсир ва баёни муаммоҳо ва кушодани  навиштаҷоти  асрорангез мубаддал мешавад"  (Бируни. Избранные произведения: в 6 т. Ташкент: Фан. Т.4: Сайдана, 1974, С. 117).
Ин истилоҳоти "бегона"-и юнониасли "Китоб-ул-ҳайвон" – ро мо  ба панҷ гурӯҳ тақсим кардаем: 1) номи ҳайвонот: арқус-орикс, қуқӣ-гурбаи баҳрӣ, хомолун –хамелион, тоъурнус – паланг, ухтумур – хамелион, муслон- бузҷӯш, асфунофис-номи асп, надс-бизон, ъишғ - зубр устус-хармагас, ва ғайра; 2) номи моҳиҳо: асидос-эмпида, моволиқӣ- нармтан, салосӣ - номи гурӯҳе аз моҳиҳо, анклис- мормоҳӣ, ақсиқёс-шамшермоҳӣ, стино-сепия, трибодос-калмар, фанҷуво-креветка, форобво - харчанги баҳрӣ (лангуст), делфин - делфин,  қуструс- суфмоҳӣ (окун), саро-салп, ҳрумис-хромида, қубозо - ҳалазун (багрянка), биломудос-пеламида (сарда), брибидос-тиннида, ъақурин - навъе аз харчанг (каркин), нориқӣ - кӯсанаҳанг (небрия), қоза – аждармоҳӣ (гнюс), қунатис - зағорамоҳӣ (карп), ҳалқис - халкида, фирфир-фоксин, мубартирис - лақамоҳӣ (сом), анклос - окун, сиқол - кефал, қуструбус - кастрей,  ъафус - креветка, сорқус- моҳитутӣ (скар), хилус- ҳаштпо, астоқу – харчанги калони баҳрӣ (омар), ъарун –моҳихӯрак (зимородок) ва ғайра; 3) номҳои парандагони ваҳшӣ ва хонагӣ аз қабили: айдун-булбул,  фусуқусис - дурроҷ, молоаъридос - мурғи шохдор, канҷариш - бутимор (фламинго), сисолунифус - шутурмурғ, баръарғус - пигарк, финӣ - уқоби дарёӣ (орлан), аъулидус - чуғз (сипуха), куҳакис - куку, увлонус - гиполаида, астоҳир - тутӣ, ъулуфис - зоғи шабонгоҳӣ, футулис - зоғча, фурудис - чаковак (жаворонок), болоқус бофос - мурғи сақо (пеликан), фронидис – птинкс, фасо-акка, айзун – элей, моқақ- мурғи тӯфон (буревестник), фусус – нарзанбур ва ғайра; 4) номи узвҳои бадан ва бемориҳо: мосориқа - чини даруни шикамба, диофроғмо-диафрагма, уртӣ-аорта, бонқрос - панкреос ва ғайра; 5) номҳои ҷуғрофӣ ва шахсӣ: Ҷолинюс - Гален, Буқрот - Гиппократ, Антсос -Ктесия, Сиёсус Қубрусӣ - Сиёнеси Кубрусӣ, Диноҷонус –Диоген, Булинюс - Полиб, Ародутос - Ҳеродот, Энбоклис - Эмпидокл, Умирус-Ҳомер, Ақустонис - Ктесия; Арахотус - Арахотия, Новино - Пеония, Тарва -Торон, Тосис - Фазис, Фарва - Пира, Бантус - Понт, Лубия -Либия, Сақалиюн - славянҳо, Асфуноқис - номи асп, Марминун - Парменид ва ғайра. Чунонки намунаи мисолҳои зикршуда нишон медиҳанд, ҳамаи номҳо дар шакли транслитератсияи таҳрифшудаи арабӣ оварда шуда, на ҳама вақт шакли дурусти онҳо зикр гардидааст. Ба ақидаи мо то асрҳои XIV то давраи навишта шудани китоби забоншинос, муаррих, муфассир ва адиби машҳур Ҷалолиддини Суютӣ  дар "ал-Музҳир" (Ҷалолиддин ас- Суютӣ. ал-Музҳир фӣ улум ал-луға ва анвоъиҳо.Ҷ.1,Бейрут, бидуни соли табъ ва нашр, С. 268-294) ному истилоҳоте, ки аз забонҳои бегона чун юнонӣ, форсӣ ва ғайра ба арабӣ ворид мегардид, дорои як қоидаи муайян набуданд ва як овози бегона дар арабӣ ба чанд ҳарф ишора мегардид ва ин анъана чунонки аз таҳқиқ ва баррасии асари ӯ "Китоб-ул-ҳайвон" маълум мегардад, дар замони Ибни Сино низ вуҷуд дошта, ӯ онҳоро шояд аз сарчашмаҳои истифодакардааш дар ҳамин шакл гирифта бошад. Ин падидаи забоншиносӣ ба дараҷае аз ҷониби Ҷалолиддини Суютӣ  ҳаллу фасл гардида, дар таърихи забоншиносии арабӣ як силсилаи бузурги калимоте  аз замонҳои қадим ва то замони мо ворид гардид, ки онҳоро бо номи "ал-муъарработ" (калимаҳои арабишуда) ном мебаранд ва  бахши асосии онҳоро калимаҳои аз забони форсӣ (тоҷикӣ) воридгардида ташкил медиҳанд.
Хурсандона, дар мавриди таҳқиқоти мо бояд ин воқеиятро ишора намоем, ки се асари ба олами ҳайвонот бахшидаи Арасту : "Таърихи ҳайвон" [Аристотел. Таърихи ҳайвон. Тарҷума аз юнонӣ. Мақолаи муқаддимавӣ ва тавзеҳоти Б. А. Старостин. Матбааи марказии РГГУ. -М., 1996], "Пайдоиши ҳайвон" [Аристотел. Пайдоиши ҳайвон. Тарҷума аз юнонӣ. Мақолаи муқаддимавӣ ва тавзеҳоти В. П. Карпов. Матбааи АН СССР. -М., -Л., 1940] ва "Узвҳои ҳайвон" [Аристотел. Узвҳои ҳайвонот. Тарҷума аз юнонӣ. Мақолаи муқаддимавӣ ва тавзеҳоти В. П. Карпов. Матбааи давлатии биологӣ ва тиббӣ. -М., 1937] аз ҷониби олими барҷастаи рус донандаи хуби забони юнонӣ В. П. Карпов, ки худ мутахассис дар соҳаи эмбриология буд, ба забони русӣ тарҷума гардида, ба онҳо ӯ ва олими дигари рус Б. А. Старостин шарҳу тафсир навиштаанд, ки мо ҳангоми тарҷумаи "Китоб-ул-ҳайвон" дар пайдо кардан ва барқарор кардани номҳои таҳрифшудаи юнонӣ дар арабӣ ва ба вижа дар "Китоб-ул-ҳайвон" истифода карда, то ҳадди имкон тарзи навишт ва тарҷумаи онҳоро барқарор сохтем, зеро мавҷуд набудани фарҳангномаҳои тахассусӣ  ва кам мавриди таҳқиқ қарор гирифтани истилоҳоти ин соҳаи илм тарҷума ва таҳқиқи чунин асарҳоро душвор  гардонида, кори тарҷума дар чунин ҳолат, ба тафсир ва баёни муаммоҳо ва кушодани  навиштаҷоти  асрорангез мубаддал мешавад.
Аз таҳқиқи асарҳои Ибни Сино  "Китоб-ун-набот" ва "Китоб -ул-ҳайвон" равшан мегардад, ки ӯ ҳангоми таҳқиқ ва пажӯҳиш номи донишмандони юнонӣ Демокрит, Эмпедокл, Анаксагор, Полиб, Брисон, Диоген, Ҷолинюс, Буқротро зикр карда, танҳо осори тарҷумашудаи Арастуро бо номи умумии "Таълими Аввал" ишорат карда, дар ин ҷода бештар аз ҳама ӯро бо номи Муаллими Аввал  ва пасон Ҷолинюс ва Буқротро бо эҳтироми хосса ёдоварӣ менамояд. Чунин муносибати Ибни Сино ба ин сабаб аст, ки ӯ аз осори ин донишмандон ба истиснои Арасту кам истифода кардааст. Маводи таҳқиқшуда собит менамояд, Ибни Сино сарчашмаҳои сурёнӣ, форсии бостон ва форсии миёна ва ҳиндиро низ ишорат накардааст. Ба ақидаи мо чунин муносибати Ибни Сино аз он ҷо сарчашма мегирад, ки аллакай дар замони ӯ тарҷумаҳои арабии осори юнонӣ, форсӣ ва ҳиндӣ то замони Ибни Сино ба итмом расида, барои ӯ дастрас  буданд.   
Дар "Китоб-ул-ҳайвон" на танҳо номҷойҳои ҷугрофӣ (топонимия)-и  кишварҳое, ки Ибни Сино он мавзеъҳоро шахсан дида буд, балки номҳои бисёри нимҷазираи Балкан, ки Ибни Сино дар бораи ҳайвоноти он ҷо аз осори Арасту ва дигарон маълумот овардааст, огоҳӣ пайдо кардан мумкин аст. Ибни Сино ҳангоми дидани мавзеъҳо, шаҳрҳо ва рустоҳо на танҳо номи ҳайвоноти он ҷойҳоро зикр кардааст, балки хусусиятҳои хоси онҳо, фоида ва зарари онҳоро ёдоварӣ карда, масалан, мегӯяд, шери хуросонӣ аз шери ироқӣ ҷасуртар аст, ё заҳри каждум дар фалон мавзеъ подзаҳр надорад. 
Ҷойи тазаккур аст, ки дар бой гардондани фонди луғавии забони арабӣ забони форсии миёна нақши чашмрас дошта, дар забони муосири арабӣ як даста калимаҳои форсӣ (тоҷикӣ) – е вуҷуд доранд, ки ба сурати васеъ истеъмол гардида, бисёре аз онҳо камубеш аз маънои аслии худ дур рафтаанд: устоз-устод, барномаҷ-барнома, бустон-боғ, бустон, дарвиш-дарвеш, дивон-девони шеър, дастур-дастур (конститутсия), тироз-тарз, шакл, аскар-лашкар, армия, намузаҷ-намуна, феҳрис - феҳрист, номгӯй, маҳраҷон-анҷуман, маҳфил, ҷашн, майдон-майдон, вазир-вазир, бахшиш - бахшиш ва ғ. (Белкин В. М. Арабская лексикология. Изд-ство московского университета. М., 1975, 99-100). Ин даста калимаҳо яке аз манбаъҳои асосии истилоҳсозии забони арабӣ дар соҳаи растанишиносӣ дар асрҳои миёна ба шумор мерафт. Тибқи таҳқиқи анҷомёфта дар  "Китоб-ул-ҳайвон"  чунин калимаҳои форсӣ (тоҷикӣ) мушоҳида гардид: ҳиндом-андом, шоҳин-парандаи шоҳин, осмонҷунӣ-ранги осмонгунӣ, мормоҳи-мормоҳӣ, қабҷа-кабк, фохта-фохта, ҳумой-мурғи ҳумо ва ғайра, ки ҳоло ҳам дар забони муосири арабӣ мавриди истифода қарор доранд.
Дар хулоса ишора кардан мехоҳем, ки забони арабӣ дар тӯли таърихи ҳазорсолаи худ фонди луғавии худро аз ҳисоби унсурҳои бегона, ки онҳоро дар забоншиноси муосир иқтибосот аз забонҳои бегона мегӯянд, фонди луғавии худро ғанӣ гардонидааст. "Дар забони арабӣ тибқи анъанаи меросгирии он – мегӯяд, академик И. Ю. Крачковский, – шумораи зиёди калимаҳои аз ҷиҳати баромад бегона мавҷуд буда, воқеан, дар миёни забонҳои сомӣ дар забони арабӣ аз ҳама бештар унсурҳои бегона вуҷуд доранд. (Крачковский И. Ю. Избранные сочинения, т.1, М. -Л., Изд-во АН СССР, 1965, С.350). 
Чунончи аз таҳқиқи маводи "Китоб-ул-ҳайвон" маълум гардид, аз назари забоншиносӣ дар он на танҳо истилоҳоти фаровони сирф арабӣ дар соҳаи тиб ва байторӣ зикр гардидааст, балки дар он адади зиёди истилоҳоти бегона гирдоварӣ шуда, аз назари таърихӣ, лексикологияи таърихӣ ва таърихи фарҳанг манбаи бебаҳои истилоҳоти "бегона"-е мебошад, ки дар забони арабӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо ворид гардида, бархе аз он то имрӯз боқӣ монда, дар забони илм истифода мегарданд ва аз назари фарҳангӣ гувоҳи муносибатҳои деринаи забонӣ, фарҳангӣ ва илмии Шарқу Ғарб будаанд. Гузашта аз ин, маводи бебаҳои асари мазкур барои омӯзиши таърихи фармакогнезия, ботаника, зоология, минерология, география ва ҳамчунин, истилоҳшиносӣ, фарҳангнигорӣ ва матншиносӣ дорои  аҳаммияти  хосса мебошад, ки имрӯз илми ватанӣ беш аз пеш ба онҳо эҳтиёҷ дорад.

Саидраҳмон СУЛАЙМОНОВ, 
профессори кафедраи филологияи
араби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2021    №: 162 -163 - 164    Мутолиа карданд: 1802
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед