Хабарҳо
МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ НИЗОМӢ Ё МАҲВИ ДУШМАНОНИ ШАРТӢ ДАР «ҲАРБМАЙДОН»
Тавре қаблан иттиллоъ дода будем, аз 1 то 10 августи соли 2021 дар машқгоҳи низомии «Ҳарбмайдон» - и гарнизони Хатлон машқҳои муштараки васеи низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия доир шуд. Дар ин тамрини низомӣ зиёда аз 2500 хизматчии ҳарбии неруҳои мусаллаҳи се кишвар иштирок дошт, 10 август дар сатҳи баланд ҷамъбасту натиҷагирӣ гардид.
Дар маросими ҷамъбаст ё даври ниҳоии размоиш Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуҳрат Холмуҳаммедов, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Александр Лапин, фармондеҳи ҳавзаи марказии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия, Қурбон Ҳакимзода - раиси вилояти Хатлон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Зимни баргузории машқҳои муштарак, аз ҷониби неруҳои мусаллаҳи се кишвар, як қатор унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ, аз ҷумла бурдани амалиёти разведкаи фазоиву заминӣ, дар нуқтаҳои убури марз муайян намудани шумораи боқимондаи қувваҳои ғайриқонунӣ, бо кадом силоҳу муҳиммоти ҷангӣ муҷаҳҳазу мусаллаҳ будани онҳо, тариқи авиатсияи ҷангӣ фуруд овардани десанти фазои тактикӣ, фавран ташкил намудани ситоди муштараки идории неруҳо, сафарбарии қӯшунҳо, ҳамоҳанг кардани амалиёти ҷузъу томҳо, бо оташи шадиди чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ, ҳавопаймоҳои зарбазану қиркунанда, техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҳарбӣ, воситаҳои артиллерӣ ва бо истифодаи дигар силоҳу муҳиммоти низомӣ, истодагарӣ намудану зада баргардондани ҳуҷуми ҷабҳавии душманони шартӣ дар ин размоиш амалан ташкилу ба роҳ монда шуданд.
Дар тамрини низомӣ 25 чархболи ҷангиву нақлиётӣ, ҳавопаймоҳои муҳорибавию зарбазан, бомбаандозу қиркунанда, 500 техникаи зиреҳпӯши ҷангиву махсус, тӯп ё худ воситаҳои гуногуни артиллерӣ, техникаҳои автомобилӣ, силоҳу муҳиммоти пешрафтаи ҷангӣ истифода шуданд.
Зимни ҷамъбасту натиҷагирӣ аз даври ниҳоии маҷмӯи машқҳои муштараки васеи низомӣ зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷонибдории худро аз ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон эълон дошта, ҷомеаи ҷаҳониро ба муборизаи муштарак алайҳи таҳдиду хатарҳои террористиву экстремистӣ даъват менамоянд.
Дар ҷараёни суханронии масъулон, ҳамзамон таъкид шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникӣ, ташкилу ба роҳ мондани чунин тамринҳои васеи низомӣ, бешак, ба таъмини амният ва сулҳу субот дар минтақа мусоидат намуда, дар самти муборизаи муштарак алайҳи ҳама гуна таҳдиду хатарҳои террористиву экстремистӣ, сайқал додани маҳорати касбиву омодабошии доимии ҷангии ҷузъу томҳо ва барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишварҳои ҳампаймон таъсири бевосита мерасонад.
Гузашти низомии афсарону сарбозон ва ҳайати шахсии дар машқҳо ширкатнамуда, аз назди минбар ва ҳайати роҳбариву фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз бахшҳои асосии ин чорабинии низомӣ ва анҷомбахши машқҳои муштараки амалиётӣ - стратегӣ дар гарнизони Хатлон гардид. Аз ҷониби Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба машқҳои муштараки ҳарбӣ, ҳайати шахсии қисму воҳидҳои низомии Қӯшунҳои хушкигард, як ҷузъи Бригадаи ҳамлаовари десантӣ - зарбавии Қӯшунҳои зудамал ва чархболу ҳавопаймоҳои қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Артиши миллӣ ширкат намуданд.
Ба иштирокчиёни фаъоли машқҳои муштараки васеи низомӣ медалу ифтихорномаҳо, туҳфаҳои гуногуни хотиравӣ ва дигар мукофот тақдим карда шуданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 907