logo

Хабарҳо

ТАҚДИМИ НАҚЛИЁТИ САЙЁРИ ТИББӢ БА МАҶМААИ ТАНДУРУСТИИ «ИСТИҚЛОЛ»

Дар доираи амалисозии лоиҳаи «Корвони саломатӣ», ки дар асоси Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёгии Рушд аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 тасдиқ шудааст, дар Маҷмааи тандурустии  “Истиқлол” маросими расмии супурдани маҷмӯи нақлиёти сайёри тиббӣ баргузор шуд.
Дар маросими қабули нақлиётҳои махсуси сайёр вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, иҷрокунандаи директори блоки лоиҳавии Фонди Авруосиёгии стабилизатсия ва рушд Андрей Широков, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва молияи Тоҷикистон ва Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Ҷамолиддин Абдуллозода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарикони рушд ҷиҳати дастгирии пайвастаи соҳа изҳори миннатдорӣ баён намуда, иброз дошт, ки дастрасии чунин маҷмӯи нақлиёти сайёри тиббӣ дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии мамлакат нақши муҳим хоҳанд бозид.
Тавре иттилоъ дода шуд, нақлиётҳои махсуси сайёр аз чор модул, аз ҷумла таҷҳизоти рентгенӣ, ташхисӣ, стомотологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ иборат аст. Дар шароити кӯҳистон чунин нақлиётҳои муосири сайёр метавонанд мушкили беморонро осон намоянд ва онҳоро ба ташхис фаро бигиранд.
Дар раванди татбиқи лоиҳа ҷалби кормандони беморхонаҳои клиникии вилоятҳои Хатлону Суғд ҷиҳати гузарондани муоинаи тиббӣ пешбинӣ шуда, дар қисмати мазкур таъсиси шуъбаи хизматрасонии сайёри мобилӣ дар назди беморхонаҳои клиникии вилоятии вилоятҳои Хатлону Суғд дар назар аст.
Дар доираи татбиқи лоиҳа истифодаи таҷҳизоти дохилимобилӣ ба миён омада, бо назардошти ин, оид ба истифода ва нигоҳубини он барои кормандони шуъбаи хизматрасонии сайёри мобилӣ дар назди беморхонаҳои клиникии вилоятии Хатлону Суғд, ҳамзамон, барои мутахассисони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, бунгоҳҳои тиббии ноҳияҳои дурдасти минтақаҳои таҷрибавӣ оид ба масъалаҳои марбут ба беҳтаркунии хизматрасонӣ, даврҳои омӯзишӣ гузаронда мешаванд.
Маблағи умумии лоиҳа 2, 06 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, аз он 2 миллион доллар маблағҳои грантии Фонди Авруосиёгии стабилизатсия ва рушд ва 60 ҳазор доллар ҳамчун саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи соҳаи тандурустӣ мебошад.
 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 891
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед