Хабарҳо
НОҲИЯИ ВОСЕЪ. СОХТМОНИ БОЗ 10 ИНШООТИ ТИББӢ
Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Восеъ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сохтмони 10 бунгоҳи тиббию марказҳои саломатӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо тамоми шароитҳои замони муосир сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре роҳбари муассисаҳои КАТС-и ноҳия Баҳовуддин Азиззода иттилоъ дод, то кунун дар ҳудуди ноҳия 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 41 маркази саломатии деҳот, 24 бунгоҳи тиббӣ фаъолият намуда, дар онҳо 79 духтури маълумоти олидор ва 797 духтури дорои маълумоти миёна ба сокинон хизмат мерасонанд.
Бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус дар ин давра, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба беморхонаи КАТС-и ноҳия 1 адад рентгени рақамӣ, дастгоҳи ултрасадо, ниқоб, дастпӯш, хлор, доруворӣ, либосҳои яккарата ва дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ кумак расонда шуд.
Бо мақсади истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ айни замон дар деҳаҳои Кадучӣ, Хоҷағалтон, Селбур, Гулдара ва Тугарак аз тарафи соҳибкорон сохтмони бунгоҳи тиббӣ ва марказҳои саломатӣ бо маром идома дошта, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешаванд.
Чунин як маркази саломатии деҳот чанде пеш дар Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалӣ аз тарафи соҳибкорон сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки бо тамоми шароитҳои лозима таъмин аст. Ҳамчунин, айни замон дар деҳаи Ҷаврез ва Хоҷағалтон тариқи ҳашар сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ идома доранд.
Ҳ. САФАРАЛӢ, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 863