Хабарҳо
ТЕАТРИ ҶАВОНОН. 30 СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ...
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов рӯйи саҳна овардани 5 намоиши навро ба нақша гирифта буд. То имрӯз 4 - тояш: “Ҷангалаки зебо”(коргардон Рустам Воҳидӣ), “Подош” (коргардон Абдулмуъмин Шарифӣ), “Гунҷишкакон ҳам механданд” (коргардон Қамариддин Мирзоев), “Фарёди ишқ” (коргардон Нозим Меликов) рӯйи саҳна омада, “Азоби виҷдон” (коргардон Қамариддин Мирзоев) дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ пешкаши мухлисон хоҳад шуд.
Тавре Суҳроб Ҷалилов, муовини директор, иттилоъ дод, дар давоми 30 - соли Истиқлолияти давлатӣ театри ҷавонон ба якчанд ҷоизаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ноил гаштааст. Аз ҷумла, намоишҳои “Зани сарватманд”- и Алӣ Амирлӣ (коргардон Султон Усмонов) дар Ҷашнвораи байналмилалии “Наврӯз”, “Як рӯзи дарозтар аз қарн”- и Чингиз Айтматов (коргардон С.Усмонов) дар ҷашнвораи байналмилалии “ART– ORDO -2008”, “Рустаму Суҳроб”- и Ғанӣ Абдулло аз рӯйи “Шоҳнома” – и Фирдавсӣ (коргардон С.Усмонов) дар ҷашнвораҳои байналмилалии “Шери тиллоӣ”, “Театрҳои ҷавони Россия”, “Театр –Чехов - Ялта”, намоиши “Шабе дур аз Ватан” (коргардон Нозим Меликов) дар ҷашнвораи байналмилалии “CHELoBEK театр”, фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту-2011” ва “Ҷило-2014” мукофоти “Беҳтарин нақши занона”, “Беҳтарин нақши мардона” ва ғайраҳоро ба даст овардааст.
Шаҳзода АШУРАЛИЕВА, донишҷӯи ДМТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1329