Хабарҳо
ЛИГАИ ОЛӢ
Аз мусовии "Хуҷанд" то ғалабаи бузурги "Истиқлол"
Бозиҳои даври 15-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расиданд. Дар вохӯрии марказии давр «Истиқлол» дар сафар «Хатлон» - ро бо натиҷаи калон - 6:0 шикаст дод, - хабар доданд аз Лигаи футболи кишвар.
«Эсхата» дар майдонаш бар «Куктош» бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.
Натиҷаи нерусанҷиҳои дигар: «Ху-ҷанд» – «Равшан» – 0:0, «Файзканд» – «Истаравшан» – 1:2, «Душанбе» – КМВА – 0:0.
Ҳамин тавр, пас аз ин давр «Хуҷанд» бо 29 хол дар садри ҷадвал буда, «Истиқлол» (27 хол) ва «Истаравшан» (25 хол) дар зинаҳои дуюму сеюм қарор дорад.
САМБО
Иштироки
варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Президенти ФБС
Чор самбочии тоҷик Акмалиддин Каримов (вазни -58кг), Хушқадам Хусравов (-64кг), Ёқубҷон Боқиев (-71кг) ва Садр Боев (-88кг) дар мусобиқоти Ҷоми Президенти Федератсияи байналмилалии самбо (22 август, Санкт Петербург, Россия) ширкат мекунад.
Ба иттилои сомонаи Федератсияи байналмилалии самбо, мусобиқа аз рӯйи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон сурат мегирад: -58кг, -64кг, -71кг, -79кг, -88кг, -98кг, +98кг.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 945