Хабарҳо
Ҷаласаи шашуми вазирони кишоварзии давлатҳои узви СҲШ
Дар Душанбе дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ барои солҳои 2020-2021 ҷаласаи шашуми вазирони кишоварзии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай тариқи маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати кишоварзӣ иттилоъ дод.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҳолати амнияти бехатарии озуқаворӣ дар давраи бемории СОVID-19, дастгирии лоиҳаи муштараки сарварони кишварҳои узви СҲШ оид ба таъмини бехатарии озуқаворӣ, тасдиқи Консепсияи таъсиси пойгоҳи намоишии СҲШ оид ба мубодила ва омӯзиши технологияи кишоварзӣ ва тасдиқи нақшаи иҷрои амалии ёддошти тафоҳум байни ниҳодҳои ваколатдори кишварҳои узв оид ба ҳамкории техникӣ дар соҳаи пешгирии муштарак ва назорати бемориҳои эпизоотии фаромарзӣ баррасӣ шуданд.
Таҳкими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо
Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йосефсонро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора маркази матбуоти вазорат хабар медиҳад.
Ҷонибҳо масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин, мавзуъҳои мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ намуданд.
Ба Тоҷикистон ваксинаи «Спутник V» ворид гардид
Дар доираи ҳамкории дуҷониба байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Россия ба Тоҷикистон 50 ҳазор маҷмуъ барои 50 ҳазор нафар ваксинаи «Спутник V»-и Россия ворид гардид, - хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Ваксинаҳо дар анборҳои махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи рӯйхат тақсим мешаванд.
То имрӯз дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳо ва созмонҳои дӯсту бародар ба Тоҷикистон 4 миллион воя ваксинаҳои «АстраЗенека», «КоронаВак» ва «Модерна» ворид гардиданд.
Расмикунонии муҳоҷирон дар Россия то 30 сентябр идома меёбад
Расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ барои иқомат дар Федератсияи Россия ва иҷозати фаъолияти меҳнатӣ идома дошта, муҳлати он дар ин давлат то 30 сентябри соли 2021 тамдид карда шудааст, - хабар медиҳад Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 15 июни соли 2021, инчунин, муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар давраи пандемияи ҳамагир натавонистанд фаъолияти худро расман ба қайд бигиранд ва маблағи ҳаққи иҷозати корро пардохт намоянд, тибқи санади мазкур то санаи муайяншуда метавонанд ба шуъбаҳои кор бо муҳоҷирати ноҳиявии худ муроҷиат карда, расман худро ба қайд гирифта, дубора ба мақомоти марбутаи иҷозатномадиҳии фаъолияти корӣ муроҷиат намоянд.
Дар доираи ин фармон шаҳрвандони Тоҷикистон - муҳоҷирони меҳнатӣ, ки солҳои тулонӣ фаъолияти худро расман ба қайд нагирифтаанд, метавонанд ба шуъбаҳои муҳоҷиратии ноҳияи худ муроҷиат намуда, баъд аз пардохти ҷаримаи муайяншудаи мақомоти давлатӣ, расман худро ба қайд гиранд.
Мутобиқи фармони мазкур пас аз анҷоми муҳлати муқарраршуда шаҳрвандоне, ки расман ба қайд гирифта нашудаанд, аз давлати иқомат ихроҷ мешаванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 906