сиёсат
БАЪД АЗ ҲАЗОР СОЛ…
НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Баъд аз ҳазор сол, бале, баъд аз ҳазор сол тоҷикон соҳиби давлат шуданд. Бори охир мардуми тамаддунофари тоҷик нашъаи давлатдориро дар аҳди Сомониён чашида буданд. Бори дигар соли 1991 имкони таърихӣ фароҳам омад, ки тоҷикон соҳиби давлат ва шаъну шарафи миллӣ гарданд. Муддате аз ин падида хурсанд будем, ки ногаҳон чанде аз ҷоҳталабон ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро оғоз намуда, мардумро қатлу ғорат карда, мавзеъҳои ободро ба харобазор табдил доданд. Дарё - дарё хуни тоҷик рехт, оилае набуд, ки ҷигарбандашро, сарпарасташро, ақрабои наздикашро, дӯсту ҳамсабақу ҳамкорашро аз даст надода бошад. Гуруснагӣ, саргардонӣ, тарсу ҳарос, ноумедӣ он замон ҳама ҷоро фаро гирифта буд. Кишвар дар хатар буд, касе ба ояндаи нек бовар надошт.
Хушбахтона, дар ҳамин лаҳзаҳои фоҷиабор Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гашт, Сарвари давлат интихоб шуда, бо дили пур аз меҳр ба ҳамватанон муроҷиат карда, гуфтанд: «Ман ба шумо сулҳ меорам!». Ва бо сарбаландӣ ба қавли худ вафо намуда, ба мардуми азиятдидаи тоҷик сулҳ, ваҳдат ва ободиву озодӣ оварданд. Дигар дар кӯчаҳо бо тарсу ваҳм қадам намезанем ва барои як бурда нон соатҳо навбат намеистем. Зеро Пешвои дилсӯзу ғамхор дорем, ки дасти хурду бузургро мегиранд. Ҳамин аст, ки ҳамагон нисбат ба Сарвари маҳбуби хеш бо меҳру муҳаббат сухан мегӯянд ва умри пурбаракат таманно мекунанд.
Аз ҷумла, бонуи 71-солаи деҳаи Гулистони деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара Орзугул Бобоева бо сидқу сафо арз медорад: «Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои хиради азалиянд. Маҳз ба шарофати хидматҳои шабонарӯзиву хастагинопазирашон имрӯзҳо мо дар Ватани ободу ором ба сар мебарем. Сарвари давлат ғамхори ҳамагонанд, махсусан пирону барҷомондагон, ятимону бепарасторон. Мо аз чунин Роҳбари мушфиқу меҳрубон ифтихор дорем».
Сокини дигари деҳоти Сангтӯда Сангимоҳ Қурбонова бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат мегӯяд: «Зиҳӣ, модаре, ки чунин фарзанди накукору раиятпарвар, бунёдкору созанда, ташаббускору пешоҳанг, нотарсу далер, бараҳму хайрхоҳро ба дунё овардааст, ки дар лаҳзаҳои барои мамлакат ва халқи ҷафокашидааш душвор, сина сипар кардаву ба ҷумҳурӣ сулҳу суботи абадӣ овард».
Бале, ин ҳама ободӣ ва комёбиҳо натиҷаи талошу заҳматҳои фарзонафарзанди миллати тамаддунофари тоҷик Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Тайи солҳои роҳбариашон мамлакат аз ҷанги хонумонсӯз раҳо ёфта, ба ояндаи неку дурахшон гомҳои устувор мегузорад. Ҳамагон шоҳидем, ки солҳои ахир мардуми тоҷик дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас комёб мегардад. Дар ин давра дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорҳо километр роҳҳо, ки асоси пешрафти иқтисодиёт аст, бунёду навсозӣ шуданд. Иртиботи ҳамешагии нақлиётӣ миёни ҷанубу шимоли кишвар барқарор гардид, ки ин дар рушду нумӯи шаҳру ноҳияҳои мамлакат саҳми бориз мегузорад. Дар баробари ин, ҳазорҳо муассисаҳои таълимӣ бунёд ёфтанд, ки ба болоравии сатҳи маърифати толибилмон такони ҷиддӣ бахшиданд. Ҳамин аст, ки тайи ин солҳо муҳассилини тоҷик дар олимпиадаҳои гуногуни байналмилалӣ ширкат варзида, бо пирӯзиву комёбиҳои камназири хеш обруву нуфузи Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар мебардоранд. Чунин муваффақиятҳоро, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овард, метавон идома дод, вале дар доираи як матлаб ғайриимкон аст. Танҳо ҳаминро бояд таъкид сохт, ки ба заҳматҳои содиқонаи Сарвари давлат на танҳо дар кишвар, балки берун аз он низ арҷ мегузоранд. Аз ҷумла, сиёсатмадорони барҷаста Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, собиқ сарвари ҶМЧ Ху Сзинтао, аввалин Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Беларус Александр Лукашенко ва даҳҳо симои ҷаҳонӣ ба хидматҳои мондагори Пешвои муаззами миллат баҳои сазовору арзанда додаанд, ки дар саҳафоти таърих бо ҳарфҳои заррин барои абад сабт шудаанд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.08.2021 №: 163 Мутолиа карданд: 1721