иқтисод
ЛОГИСТИКА. ЧАРО ИН БАХШИ МУҲИМИ ХИЗМАТРАСОНӢ ҲАНӮЗ ҲАМ МУВАФФАҚ НЕСТ?!
Дар ҳоле ки ташкили дурусти хизматрасонии логистикӣ яке аз омилҳои рушди иқтисодиёт, махсусан соҳаи кишоварзӣ, арзёбӣ мегардад, мутаассифона, он дар кишвар ба таври зарурӣ роҳандозӣ нагаштааст. Барои мисол, аз ин ҳисоб ҳамасола қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ талаф меёбаду бо сабаби норасоӣ нарх боло меравад. То ҳол ин хизматрасонӣ танҳо ҳамчун василаи интиқоли бор аз як минтақа ба минтақаи дигар фаҳмида мешавад, ки дар ин самт низ камбудиҳо зиёданд. Дар шароите, ки ташкили хизматрасонии логистикӣ хеле муҳим аст, чаро он аз мадди назар дур мондааст? Барои ҷавоб ёфтан ба ин саволҳо мавзуъро пайгирӣ намудем.
ТАҶРИБАИ ҶАҲОНӢ ЧӢ МЕГӮЯД?
Таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ собит месозад, ки хизматрасонии логистикӣ яке аз бахшҳои сердаромади соҳаи нақлиёт ба шумор меравад. Бахусус, дар мамлакатҳои Аврупо фаъолияти марказҳои нақлиётӣ - логистикӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Масалан, даромади онҳо дар Нидерланд 40 дарсади фоидаи тамоми бахши нақлиётро ташкил медиҳад. Дар Фаронса 31, Олмон 25 дарсад. Ба ҳисоби миёна, ин ҳисса дар тамоми кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ба 30 дарсад мерасад.
Терминалҳо барои ташкили хизмтрасонии логистикӣ, асосан, дар наздикии фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ сохта мешаванд. Бунёди чунин марказҳо, инчунин, дар долонҳои баҳамоии шоҳроҳҳои нақлиёти байналмилалӣ мувофиқи мақсад аст.
МАҲСУЛОТИ ТОЗАИ ЭКОЛОГӢ ДОРЕМ, ВАЛЕ…
Ҳоло, ки саноатикунонии босуръатро пеш гирифтаем, дар ин ҷода саноатикунонии соҳаи кишоварзӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Ба андешаи мутахассисон, ташкили марказҳои логистикӣ имкон фароҳам меорад, ки саноатикунонӣ ривоҷ ёбад. Вале дуруст ба роҳ намондани хизматрасонии логистикӣ рушди соҳаро боздоштааст. Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидалӣ Гулов ин масъаларо мубрам арзёбӣ намуда, чунин гуфт:
- "Истеҳсолкунанда маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ҷавобгӯйи стандартҳои давлатию байналмилалиро истеҳсол мекунад, вале имконияти коркарду пешниҳоди онро надорад. Дар натиҷа, вобаста ба фаслҳои сол талаботи аҳолӣ ба маҳсулот ба таври доимӣ қонеъ гардонда намешавад. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи агробизнес дар ҷумҳурӣ амри зарурист. Яке аз бахшҳои он созмон додани муассисаҳои мутамаркази логистикӣ дар минтақаҳо ва вилоятҳо мебошад. Онҳо коркард, нигаҳдорӣ, бандубасту тамғазанӣ ва интиқоли маҳсулотро анҷом медиҳанд. Масалан, ҳар сол дар ҷумҳурӣ қариб 300 ҳазор тонна ангур ва беш аз 500 ҳазор тонна мева истеҳсол мешавад. Барои ҷамъоварии саривақтӣ, таъмини доимии бозор бо мева, танзими нарх ва афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ташкили марказҳои логистикӣ нақши калон мебозад".
30 – 40 ДАРСАДИ МАҲСУЛОТ ТАЛАФ МЕЁБАД
Агар марказҳои логистикӣ мебуданд…
Тавре аз суҳбат бо коршиносон маълум гашт, дар ҷаҳон 20 – 30 ва, ҳатто, 40 дарсади маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан меваю сабзавот, бинобар нигоҳдории нодуруст ва ҳимоя накардан аз зараррасонҳою касалиҳо талаф меёбад. Вобаста ба ин, дар яке аз суҳбатҳо академик Ҷалил Пиризода гуфта буд, ки соли 2018 дар кишвар 995 ҳазор тонна картошка истеҳсол шуд. Тибқи меъёри физиологӣ, таъминоти аҳолӣ 115 дарсадро ташкил дод, аммо боз норасоӣ ба миён омад. Зеро танҳо бо сабаби набудани анбор 200 ҳазор тоннаи он талаф ёфт.
Сабаби асосии камчинии сабзӣ низ дар мавсими имсола захираи нокифояи он дар анборҳост. Аз ҷониби дигар, бинобар кишти зиёд, соли гузашта касе сабзиро напурсиду аксаран хӯроки чорво шуд ё дар полиз пӯсид. Ба роҳ мондани захираю содироти он вазифаи асосии марказҳои логистикӣ буд, ки аз ҳисоби набуданашон ин кор миёни замину осмон муаллақ монд. Зарарро кӣ дид? Деҳқону истеъмолгар!
ҶАЛЛОБОН БОЗОРРО БА ДАСТ ГИРИФТААНД
Деҳқон куҷо равад?
Ғайр аз ин, имрӯз садрнишини бозор ҷаллоб асту деҳқон бо бораш пушти дар. Ҳамин аст, ки нарх дар ҳар ҷо ҳар хелу як маҳсулотро аз як бозор пайдо карда тавонем, дар дигараш нест.
- Мутаассифона, бозор дар дасти ҷаллобон аст ва деҳқонон ба бозор дастрасӣ надоранд. Миёнаравҳо зиёд шудаанду мол аз 4 - 5 даст мегузарад. Бояд фазои мусоидеро фароҳам орем, ки деҳқон маҳсулоташро бе миёнарав фурӯхта тавонад. Дар ин ҳол беҳтарин навъҳоро дарёфт ва парвариш мекунад. Системае ташкил кардан лозим, ки ин нобаробариро аз байн барад, - роҷеъ ба ин масъала изҳори андеша кард боғпарвари ноҳияи Рашт Мирзошо Акобиров.
Вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ дар шарҳи болоравии нархи сабзӣ чунин гуфт: - «Як килограмм сабзӣ дар саҳро ҳоло 3 - 4 сомонист. Дар бозорҳои шаҳри Душанбе 6 - 8 сомонӣ, Суғд 4 - 5 сомонӣ, Хатлон 5 - 6 сомонӣ ва ВМКБ 6 - 8 сомонӣ». Яъне, тафовути нарх дар минтақаҳо хеле фарқкунанда аст ва ин ҳам рабт мегирад ба ташкили нодурусти хизматрасонии логистикӣ. Зеро ба андешаи коршиносон, дар сурати созмон додани чунин марказҳо ҳам ҷаллобӣ аз байн мераваду ҳам нобаробарӣ. Онҳо дар асоси шартномае, ки бо муассисаҳои дохилию хориҷӣ мебанданд, маҳсулоти кишоварзиро коркард ва ба онҳо пешниҳод менамоянд.
АЗ НАГУЗАРОНДАНИ ТАДҚИҚОТИ МАРКЕТИНГӢ ТО ҶАВОБГӮЙИ ТАЛАБОТ НАБУДАНИ МАРКАЗҲОИ ЛОГИСТИКӢ
Профессор Саидалӣ Гулов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар кишвар тадқиқоти маркетингии маҳсулоти кишоварзӣ суст ба роҳ монда шудааст. Маҳз бо ҳамин сабаб наметавонем талаботи солонаи аҳолиро (ояндаро низ) ба маҳсулоти кишоварзӣ пешгӯйӣ кунем. Бояд аз ҷониби институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ пажӯҳишҳои маркетингӣ гузаронда шаванд ва натиҷаи онҳо дастраси кишоварзон гардад. Зеро танҳо бо ҳамин роҳ метавон истеҳсоли маҳсулотро танзим намуд. Гузашта аз ин, шароити кунунӣ тақозо менамояд, ки марказҳои логистикӣ бо технологияи инноватсионии муосир муҷаҳҳаз бошанд. Вале марказҳои логистикии кишвар аз ин ҷиҳат пурра ҷавобгӯйи талабот нестанд.
- Бо дастгоҳҳои куҳна намешавад талаботи супермаркету гипермаркетҳоро қонеъ сохт. Ҳоло дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Исфара, ноҳияҳои Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Ҷаббор Расулов марказҳои логистикӣ ҳастанд, лекин онҳо аз норасоиҳо орӣ нестанд. Дар ин миён маркази логистикии шаҳри Душанбе нисбатан замонавист. Дорои сардхона асту тамға ҳам мезанад, чунки дар пойтахт гипермаркету супермаркетҳо ба монанди «Ашан» ва «Пайкар» ниёзҳои худро доранд. Аммо бо як ё ду марказ талаботи аҳолии қариб якмиллионнафараи шаҳрро қонеъ сохтан ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, баҳри бунёди марказҳои логистикӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар бояд тадбир андешид, - тавзеҳ дод Саидалӣ Гулов.
10 СОЛИ БЕНАТИҶА
Моҳи майи соли соли 2011 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи КВД «Экспедитсияҳои нақлиёти автомобилии минтақаҳо» Корхонаи воҳиди давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» таъсис ёфт, ки ҳоло корхона ба муассисаи давлатӣ табдили ном кардааст. Вале тавре мебинем, бо гузашти даҳ сол амалан кореро анҷом надодааст.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, ахиран зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи вазорат, кори онро ғайриқаноатбахш ҳисобид. Ба таъкиди ӯ, марказҳои логистикӣ бояд дорои яхдону анбор бошанд ва таҳвили маҳсулотро ба роҳ монанд, вале онҳо танҳо вазифаи интиқол доданро анҷом медиҳанду халос.
- Яке аз эродҳои мо нисбат ба ин муассиса он аст, ки нақлиёти автомобилӣ барои роҳхату борхат чандин мушкилӣ дорад. Ба ҷуз ин, дар самти хизматрасонии логистистикӣ низ мушкилӣ ҳаст ва ин масъала ояндаи наздик дар мадди назари роҳбарияти вазорат қарор мегирад. Соли 2002 ширкати байналмилалии «ТРАСЕКА» (Аврупо – Қафқоз – Осиё) ваъда кард, ки дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон маркази логистикӣ месозад. Аз рӯи ҳаҷм калонтарин дар Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт. Вале, мутаассифона, то ҳол ин кор анҷом напазируфтааст. Мо барои дарёфти сармоя кор карда истодаем. Айни замон дар шаҳри Душанбе бо азми як соҳибкор барои 5 ҳазор тонна маҳсулот марказ бунёд меёбад, ки корҳои лоиҳакашии он рафта истодааст,- гуфт Азим Иброҳим.
ЧАНД ПЕШНИҲОД
Бо назардошти он ки Тоҷикистон кишвари кӯҳсор асту барои дастрасии ҳаррӯзаи маҳсулоти кишоварзӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар имконият маҳдуд, бо ташкили марказҳои логистикӣ метавон аҳолиро сари вақт бо маҳсулоти зарурӣ таъмин кард.
Саидалӣ Гулов нахуст қабули барномаи давлатӣ оид ба ташкили марказҳои логистикии маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили рустанипарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, тухмипарвариро мувофиқи мақсад медонад. Ҳамчунин, гузаштан ба системаи рушди кластерии соҳаи кишоварзӣ, аз ашёи хом то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудан низ, метавонад ба пешравии соҳа мусоидат намояд. Ин системаҳо, ки ташкил шуданд, худашон аз рӯи ниёз чунин марказҳои хизматрасониро бунёд намуда, молашонро ба фурӯш мебароранду содирот менамоянд.
Ҳамзамон, ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ василаи таҳрикдиҳандаи соҳа арзёбӣ мегардад ва тақозо мешавад, ки ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бунёди марказҳои логистикӣ ҳам ба инобат гирифта шаванд. Дар баробари ин, бунёди марказҳои логистикии давлатӣ аз манфиат холӣ нест. Зеро давлат имконияти бештари танзим ва таъмини минтақаҳоро бо маҳсулоти кишоварзӣ дорад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.08.2021 №: 163 Мутолиа карданд: 2339