logo

иҷтимоиёт

ҲОҶӢ ҶАМОЛ: "ОБОДКОРӢ РИСОЛАТИ ҲАР ШАҲРВАНД АСТ!"

 
Солҳои охир аз ҷониби соҳибкорон ва нафарони саховатманд корҳои ободониву созандагӣ, дастгирии ятимону оилаҳои ниёзманд  бештар ба назар мерасанд. Ин нафарон дасти мадад дароз намуданро ба дармондагон қарзи инсонии худ меҳисобанд. Дар ҳамин радиф Ҳоҷӣ Ҷамол аз зумраи шахсоне мебошад, ки дар рушду пешрафти як гӯшаи диёр – Файзободи хушманзара саҳм гузошта истода, пайваста ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд дасти сахо дароз мекунад.                          
Соҳибкор дар маркази Ҷамоати деҳоти Мискинобод мағозаҳои хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, ҳаммоми замонавӣ, дорухона, сартарошхона, устохонаи таъмири таҷҳизоти наворию садоӣ ва молҳои рӯзгорро сохта, ҳамчунин, дар назди мағозаҳо марказҳои хизматрасонӣ дар хизмати сокинон қарор доранд.  Иншооти нав, ки бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва шароити хуби хизматрасонӣ таъминанд, симои маркази деҳотро зеботар намудаанд.
Бояд гуфт, ки қаҳрамони мо барои ба ҷойи кор таъмин тамудани сокинони деҳот дар назди шоҳроҳ дукони “Гӯшаи деҳқон” ва молҳои рӯзгордориро таъсис дод, ки дар онҳо наздик ба 20 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. 
Номбурда кори хайру савобро пешаи ҳамешагии худ дониста, доимо дар фикри ободу зебо гардондани маҳалаш, ки як пораи Тоҷикистони азиз аст, мебошад.  Роҳу пули нақлиётиро, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ зарар дида буданд, таъмир намуд. Айни ҳол, дар деҳот сохтмони беморхонаи сироятӣ идома дорад. Ҳ. Ҷамол низ дар он саҳми худро гузошта истодааст.
Ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳоти Мискинобод  сохтмони  дарвозаи деҳаи Заркамар идома дорад. Дар сохтмони он ҳам соҳибкор саҳм мегирад. Ният доранд  онро дар арафаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба  истифода диҳанд.
Қаҳрамони мо нақша дорад, ки  бо мақсади боз ҳам зебову обод гардондани диёраш ва барои беҳтар намудани шароити сокинони ноҳия марказҳои хизматрасонӣ созад. Ҷамол инро қарзи шаҳрвандии ҳар сокини кишвар дониста мегӯяд: «Пешвои миллат дар ҳар суханронияшон дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону бечорагон ва анҷом додани амалҳои хайрро таъкид мекунанд. Мардуми мо бо файзи истиқлолият ва дар доираи аҳкоми шариат фаризаву воҷиботи диниро озодона адо мекунанд ва арзишҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи онро гиромӣ медоранд.  Барои ҳар фарди озода аз ин дида неъмати волотаре вуҷуд надорад. Ҳар яки мо бояд баҳри ободу зебо гардондани манзилу маҳали зисти хеш ва, дар маҷмӯъ, кишвари азизамон талош варзем.
Мулоқоту суханрониҳои Пешвои миллат мо - соҳибкоронро водор месозад, ки ба ободонии Ватан, хусусан ташкили марказҳои хизматрасонӣ, бештар таваҷҷуҳ намоем ва тавассути онҳо  ҷавононро бо ҷойи кор таъмин карда, ҳунару истеъдодашонро сайқал бахшем”, - мегӯяд Ҳоҷӣ Ҷамол.
Зикруллоҳ РАҶАБ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2021    №: 163    Мутолиа карданд: 621
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед