Хабарҳо
ФАЛАК - СУРУДИ ФОЛКЛОРИИ БЕМУСИҚӢ
Дар китоби “Фарҳанги забони тоҷикӣ” вожаи “фалак”- ро ин тавр шарҳ доданд: “(ар. - осмон), гардун, арш, мадори ҳар як аз ситораҳо, маҷозан қазову қадар, тақдир, сарнавишт, авҷу баландии чизе, падидаи сершохаи мусиқии суннатии касбӣ ва фолклории тоҷикони кӯҳистон; жанри мусиқии овозӣ ва созӣ”.
Албатта, дар тасаввуроти одамони қадим фалак гуфта чархи гардуни осмон, чархи тақдир ва Худо буд. Ман зодаи деҳаи Равнови Дарвозам ва дар деҳаи мо чор ҳофиз буд: Шохӯҷа Давлатов ва Довудхӯҷа Неъматуллоев. Ҳар ду ғазалхон маҳсуб мешуданд ва дар идҳо онҳо бо дутор суруд мехонданд. Ҳофизи тӯйҳо бобои Нурқадам ном дошт ва ӯ сурудҳои фолклориро месароид. Бобои Ғоиб зардинаи чашмкабуд буд ва фалак мезад. Сурудҳояш дар вақтҳои чӯпонӣ ва шабдаравҳо ба гӯш мерасиданд. Дар маъракаҳои деҳа суруд намехонд ва мегуфт, ки “сурудҳои ман дар ин ҷо хонда намешаванд, онҳо фалакианд ва аз баландиҳо бояд хонд”. Ман он вақт ин суханони бобои Ғоибро намефаҳмидам ва мегуфтам, ки чӣ хел мешавад, сурудҳоро дар вақти коҳдарав, чӯпонӣ аз баландиҳо хондан мумкин будасту дар пастиҳо, тӯйҳо не. Ҳоло ман ба гуфтаҳояш сарфаҳм меравам. Фалак - ҳама сурудҳои ғамангез, шикоят аз ғарибӣ, бекасӣ ва нотавонӣ аз ҳаёти вазнини он давраҳо мебошанд, ки ба тарзи муноҷот ба сӯи Худо нигаронда шудаанд. Онҳоро аз баландиҳо, аз болои кӯҳ - ба Худо наздик месароянд, то Офаридгор бишнавад ва ба додашон бирасад. Мегӯянд, ки овози фалаксарои машҳури Дарвоз Марями Ёгедӣ аз овози устод Акашариф хеле баланд будааст. Ӯро дар замони ташкил шудани шуроҳо ҳабс намуда, нобуд кардаанд. Сурудҳояшро мардуми Афғонистон низ мешунидаанд.
“Донандагони фалак” мафҳуми “Фалаки даштӣ” - ро бофтаанд. Фалаки даштӣ ва шаҳрӣ ҳеҷ гоҳ набуд ва намешавад. Агар фалак даштӣ ва шаҳрӣ мешуд, дар Бухоро, Самарқанд, Марв ва Балх онро медонистанд ва месароиданд.
Юсуфшоҳи ЁҚУБШОҲ, академики АМИТ, бостоншинос
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 981