Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Известия. Washington Post менависад, ки аъзои созмони террористии «Толибон» аз соли гузашта мунтазам ба намояндагони Ҳукумати Афғонистон ришва медиҳанд. Ҷангҷӯён ба мақомот ва низомиён пул доданд, то силоҳҳои худро супоранд.
ТАСС. Чин ва Россия бояд манфиатҳои қонунии худро дар Афғонистон ҳифз кунанд, якдигарро дастгирӣ ва мусоидат намоянд, то “Толибон” таъмини амнияти муассисаҳои Россия ва Чинро дар ин кишвар ба уҳда бигиранд. Дар ин бора Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин дар як суҳбати телефонӣ бо вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров изҳор доштааст.
Мир 24. Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров ва котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен зимни суҳбати телефонӣ вазъияти кунунии Афғонистонро баррасӣ карданд.
Газета. ру. Шурои Амнияти СММ ба фавран қатъ кардани амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон ва таъсиси ҳукумати нав даъват намуд. Дар ин бора хабаргузории АИР «Новости» хабар додааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 919