logo

Хабарҳо

СААД ба тамрини низомӣ дар марз бо Афғонистон тайёрӣ мебинад

 
Лента. ру. Созмони  Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба тамрини низомӣ дар марз бо Афғонистон омодагӣ мебинад. Дар ин бора дабири кулли СААД Станислав Зас хабар дод.
Неруҳои даста-ҷамъии созмон омодагиро ба машқҳо, ки моҳҳои наздик баргузор мешаванд, шуруъ кардаанд. Гуфта мешавад, ки машқҳо дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон баргузор мешаванд.
Қаблан намояндаи махсуси Президенти Россия дар Афғонистон,  директори департаменти дуюми осиёии Вазорати корҳои хориҷии Россия Замир Кобулов гуфта буд, ки Маскав дар сурати тағйири ғайричашмдошти рӯйдодҳо дар ҳудуди Афғонистон нақшаи амали эҳтиётӣ дорад.
 
 
Чин умедвор аст, ки “Толибон” ҷангро дар Афғонистон хотима медиҳад
ТАСС. Ҳукуматдорони Чин умедворанд, ки ҳаракати радикалии «Толибон» ваъдаҳои худро дар бораи қатъи амалиётҳои ҷангӣ ва амалҳои террористӣ дар Афғонистон иҷро хоҳанд кард. Дар ин бора  намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Чин Хуа Чунин хабар дод.
"Мо ба изҳороти «Толибон» таваҷҷуҳ кардем ва умедворем, ки ниҳоят ҷанг дар Афғонистон хотима меёбад. Умедворем, ки ин ваъдаҳо иҷро хоҳанд шуд", - гуфт ӯ дар  нишасти матбуотӣ.
Хуа ёдовар шуд, ки ҷанг дар Афғонистон чанд даҳсола идома дорад. Вай, ҳамчунин, зикр кард, ки сарнавишти ин кишварро бояд мардуми Афғонистон ҳал кунад.
"Мо умедворем, ки як ҳукумати таҳам-мулпазирии исломӣ ташкил карда мешавад ва «Толибон» амнияти мардуми осоишта ва дипломатҳои хориҷиро таъмин хоҳанд кард. Зарур аст, ки ҳар гуна зуҳуроти терроризм бояд хотима ёбад", - афзуд мансабдор. 
 
 
Тақрибан 110 сарвари давлатҳо дар Маҷмааи умумии СММ суханронӣ мекунад 
Известия. Интизор меравад, ки дар ҳафтаи сатҳи олии Маҷмааи умумии СММ тақрибан 110 сарвари давлат, беш аз 50  роҳбари ҳукумат ва зиёда аз 20 вазири корҳои хориҷӣ баромад мекунанд. Дар ин бора рӯзи 16 август АИР «Новости» бо такя ба рӯйхати пешакии суханварон хабар дод. 
Тавре интизор меравад, 21 сентябр, дар қатори дигарон, роҳбарони Бразилия, ИМА, Эрон, Туркия, Ҷумҳурии Корея, Ӯзбекистон, Миср, Латвия, Мексика, Лаҳистон дар ҷаласа суханронӣ хоҳанд кард. Рӯзи 22 сентябр раҳбарони Тунис, Молдова, Эстония, Венесуэла, Муғулистон, Украина, Ветнам ва Афғонистон сухан мегӯянд. 23 сентябр суханронии раҳбарони Африқои Ҷанубӣ, Куба, Марокаш, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Либия, Судони Ҷанубӣ ба нақша гирифта шудааст. 
 
Баррасии вазъи Афғонистон дар Иттиҳоди Аврупо ва НАТО
Лента. ру. Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Хосеп Боррелл бо Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг суҳбати телефонӣ анҷом дод. Онҳо вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд. Дар ин бора Боррелл дар саҳифаи Твиттераш хабар дод.
"Мо дар як суҳбати телефонӣ бо Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ҳодисаҳои ахир ва вазъ дар Афғонистон, аз ҷумла дастрасӣ ба фурудгоҳи Кобул ва амалиёти ба ҷойҳои бехавф кӯчонданро, баррасӣ кардем", - навиштааст Боррелл.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар ошӯбҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Кобул  пас аз ишғоли   ҷангиёни радикалии «Толибон»  камаш ҳафт нафар кушта шуд.
 
 
Макрон аз ҳамкории Россия, ИМА ва Аврупо дар масъалаи Афғонистон сухан гуфт
Газета.ру. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфтааст, ки Фаронса омода аст ба ҳамкории Россия, ИМА ва ИА барои ҳалли вазъ дар Афғонистон фаъолона мусоидат кунад.
«Бозгашт ба субот бояд бо кори фаъоли сиёсӣ ва дипломатӣ дар Шурои Амнияти СММ сурат гирад. Афғонистон набояд мисли пештара ба паноҳгоҳи террористон табдил ёбад. Ин шарте мебошад барои сулҳ ва субот дар ҷаҳон дар муқобили душмани умумӣ - терроризм ва онҳое, ки онро дастгирӣ мекунанд. Дар робита ба ин мо ҳама корро мекунем, то Россия, ИМА ва Аврупо ба таври муассир ҳамкорӣ кунанд, зеро манфиатҳо мувофиқат мекунанд", - гуфт Макрон дар паёми телевизионӣ.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 910
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед