Хабарҳо
ФУТЗАЛ
«Сипар» ва «Соро компания» дар сафи пеш
Бозиҳои даври 6-уми лигаи касбии футзали Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрии ифтитоҳии марҳилаи дуюм «Соро компания» тими «Истиқлол» - ро бо ҳисоби 5:2 шикаст дод.
Дар нерусанҷии дигар «Сипар» бар «Самандар» бо натиҷаи бузурги 20:1 ғолиб омад. Дидори охири давр миёни тимҳои «Помир» ва «Пойтахт» бо ҳисоби 4:1 ба суди футзалбозони шаҳри Хоруғ хотима ёфт.
Ҳамин тавр, пас аз шаш давр тимҳои «Сипар» ва «Соро компания» бо касби 16 - холӣ зинаҳои якуму дуюмро касб мекунанд. Дар ҷойи сеюм бо 10 хол «Помир» қарор дорад.
БОКС
Набераи Муҳаммад Алӣ ба ринги касбӣ баромад
Набераи беҳтарин боксёри қарни ХХ Муҳаммад Алӣ - Нико Алӣ Уолши 21-сола дар аввалин муҳорибаи бокси касбӣ ҳарифаш Ҷордан Ҳиксро (ИМА) мағлуб намуд.
Бар пояи иттилои сомонаи sportbox.ru, Нико Алӣ ҳамватанашро дар раунди аввал тариқи нокаут шикаст дод.
ОЛИМПИАДА
Париж се намуди варзишро аз барнома хориҷ кард
Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж – 2024 се намуди варзиш – карате, бейсбол ва софтболро аз барномаи бозиҳо хориҷ кард.
Бозиҳои олимпии Париж – 2024 аз 26 июл то 11 август баргузор хоҳад шуд.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 864