logo

иқтисод

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. АТРОФИ ПОЙТАХТ ГУЛ МЕКУНАД

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва аҳли заҳмати он ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, таҳти №АП-1059 барои вусъат додани ободкориҳо ба истиқболи сазовори Ҷашни миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ камари ҳиммат бастаанд, ки имрӯзҳо бо дастовези бузург – бунёди садҳо иншооти таъиноти иҷтимоию иқтисодӣ ва комёбиҳои беқиёси истеҳсолӣ дар остонаи ин санаи муқаддас қарор доранд. 
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба роҳ монда шудани корҳои омодагии ҷашнӣ барои бо созандагию бунёдкорӣ пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ аз 22 июни соли 2018, №2392 “Дар бораи тасдиқи ҳайати гурӯҳи корӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ оид ба омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ” ба тасвиб расидааст.
Амалисозии нақшаи мазкур иборат аз 2 замима ва 448 банд то ҳол сармашқи кори масъулони ноҳия ва сокинонаш қарор гирифтааст, ки, хушбахтона, натиҷаҳои беназир ба бор овард. Агар 34 банди он ба баргузории тадбирандешиҳои сиёсӣ, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, чорабиниҳои   оммавӣ   ва  маърифатӣ равона шудааст, боқӣ  414 банд ё 92 дарсад бунёдкорӣ,  ободонию  созандагиро дар бар гирифтааст. 
Дар нақшаи чорабиниҳо ба соҳаи маориф, аз ҷумла бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ, муассисаҳои томактабӣ,   марказҳои    касбу   ҳунаромӯзӣ,   забономӯзӣ 76 банд, таъсиси  сартарошхонаҳо, марказҳои зебоипарастии “кошонаҳои ҳусн”, ҳаммомҳо 86, марказҳои саломатӣ, бунгоҳу ташхисгоҳи замонавии тиббӣ, коргоҳҳои  дору  ва  дорухонаҳо 45,  китобхонаҳо 3, иншооти варзишӣ 35,  растаҳои ҳунармандӣ 9,  марказҳои дилхушӣ 4, гулзоркунии минтақаҳои алоҳида 8, масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ 10, пулу роҳсозӣ 15 ва марказҳои савдою хизматрасонӣ 68 банд, ҳамчунин,  ташкили  корхонаҳои истеҳсолӣ 17 банд рост меояд.
То имрӯз вазъи иҷрои нақшаи чорабиниҳои болозикр мунтазам дар ҷаласаҳои хос бо иштироки роҳбари гурӯҳи корӣ – раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода, аъзои гурӯҳи корӣ, шахсони масъули давлатӣ дар ноҳия мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифта, ҳисоботи масъулон шунида мешавад.
Аз 414  иншооти  ба нақшагирифташуда то ҳол наздики  400 иншоот ё 94,6 дарсад иҷро гардида, ҳамзамон, 16 иншооти иловагӣ мавриди истифода  қарор гирифт.
Дар  маҷмуъ,  408 иншоот,  аз ҷумла 54 иншоот соли 2018, 160  соли 2019, 136 соли гузашта ва 58 иншоот соли ҷорӣ, ба истифода дода шуд. 
Танҳо давоми моҳи июли соли ҷорӣ 8 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 
Аз 408 иншооти ба истифода додашуда ба соҳаҳои маориф 62-то, тандурустӣ 46, варзиш 21, кашидани хатти оби нӯшоӣ 23, хатти барқ 2, азнавсозии биноҳои маъмурӣ 6, сохтмону таъмири пулҳо, мумфаршсозии роҳҳои дохилӣ 22-то ва  равшаникунонии  кӯчаҳо 3 –то рост омада, 3 ҳаммом, 46 сартарошхона, 4  кошонаи ҳусн, 90  маркази савдою хизматрасонӣ, 16 коргоҳи истеҳсолӣ, 6 фермаи парвариши молу паранда, 3 коргоҳи дӯзандагӣ, 9 бинои  баландошёна, 3 маркази забономӯзӣ, растаи ҳунармандон, 4 гулгашт ва 38 иншооти гуногуни хизматрасонӣ мебошад. 
Аз баракати ин иқдоми пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат иншооти тозабунёд ва навсозии инфрасохтори мавҷудаи соҳаҳои гуногун ҳусни ноҳияро бештар аз пештар зебою бошукӯҳ сохта, ба фаровонии маҳсулоти маҳаллӣ, таъмини ҷойҳои нави кор ва беҳбудии сатҳи хизматрасониҳо такони тоза бахшиданд. Айни замон ҳусни зебою дилкаши ҷашнии ноҳия ҳамагӣ дар муқоиса ба се соли пеш ба таври назаррас фарқкунанда ва шинохтанашаванда аст. Дар маҳалҳо иншооти берабту тираранг дигар дида намешавад, роҳҳо мумфарш, дар маконҳои зиёд нуқтаҳои оби ошомиданӣ ба назар мерасанд ва дар маҷмуъ, дар бештари маҳалҳо ҷойи харобиҳоро ободиҳо гирифтаанд. 
Баробари ҳамаи ин пешрафту шукуфоии рӯзафзун, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати тавсеаи  корҳои сохтмони  иншоотҳо бахшида ба ҷашни бузург  тамоми тадбирҳоро андешида истодааст, то рӯзҳои боқӣ дар сатҳи баланд ба иҷрои дастуру супоришҳои созандаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарафёб гардад. 
 
Азизулло ИСМАТЗОДА, раиси ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2021    №: 164    Мутолиа карданд: 3185
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед