logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Истиқлолият ва давлатдории миллӣ аз ҷумлаи арзишҳои беназире ба шумор мераванд, ки 30 сол муқаддам миллати шарафманди тоҷик баъд аз ҳазор соли парокандагӣ ба он мушарраф гардид. Дар оғози Истиқлолияти давлатӣ бо дасисаи душманони дохилию хориҷӣ вазъият дар мамлакат тавре шакл гирифт, ки ҳар лаҳза хатари аз даст додани ин неъмати олӣ ва аз байн рафтани давлатро таҳдид мекард. Хушбахтона, чунин вазъи ногувор бо фазли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танзим шуд ва минбаъд пояҳои Истиқлолияти давлатӣ таҳким ёфта, мардум ба зиндагии осоишта ва рӯзгори пурсаодат даст ёфтанд.
Ҳоло ки мо дар партави сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат бо вусъат бахшидани корҳои созандагӣ ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ наздик мешавем, гузаштаи давлатсозии навинамон пеши назар меояд. Чун ин давраро дар хотироти хеш варақ мезанем, бори дигар ба ёд меояд, ки дар ибтидо давлати соҳибистиқлоли тоҷик вазъи ногуворе дошт ва имрӯз бо файзу хиради Президенти маҳбуби мамлакат як кишвари рӯ ба рушд ва соҳибэътибор дар арсаи байналмилалӣ гардидааст. 
Аз  нигоҳи  ҳуқуқӣ,  истиқлолият бо принсипҳои гуногун ва институтҳои ҳуқуқи  конститутсионӣ, ба  монанди  соҳибихтиёрии   пурра, субъективӣ будани ҳуқуқи байналмилалӣ, тақсимоти ҳокимияти  давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии шахсият инъикос меёбад. Соҳибихтиёрӣ бошад, маънои  волоият, ҳокимият ва  ҳукумрониро дорад. Яъне, волоият аз  қувваҳои беруна ва  мустақилона  амал  кардан  дар   дохили  кишвар аст. 
Дар  замони  муосир  соҳибихтиёриро  ба  давлатӣ, миллӣ, шахсият ва   шаҳрвандӣ  тасниф  менамоянд.  Соҳибихтиёрии давлатӣ ин  сифатҳои  ҳуқуқии  ҷудонашавандаи   давлат  буда,  мустақилияти  сиёсӣ-ҳуқуқӣ, ҷавобгарӣ ва арзиши  баланди субъекти ҳуқуқи  байналмилалӣ, тобеъ  набудан  ба  давлати  дигар,  баробарҳуқуқии  давлат  ва  мустақилона  амал  намудани  онро  дар  сатҳи  байналмилалӣ  ифода   менамояд.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар баробари дигар самту соҳаҳои хоҷагии халқ, дар кишвари соҳибистиқлоли мо низоми ҳуқуқӣ низ рушд карда, қонунсолорӣ ва адолати иҷтимоӣ таъмин гардидааст. Истиқлолияти давлатӣ дар заминаи базаи меъёрии ҳуқуқии устувор (аз Конститутсия то ба санадҳои зерқонунӣ) мустаҳкам гардида, зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ беш аз 400 қонун, 20 кодекс ва ҳазорҳо санадҳои зерқонунӣ қабул шудаанд.
Дар шароити  кунунӣ таҳкими истиқлолият, устувор гардондани пояҳои давлат ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар авлавияти сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Дар ин замина, ҳар як сокини мамлакатро зарур аст, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати саодатофари роҳбарияти олии кишвар барои ободии ин Ватани биҳиштосо аз худ нақше боқӣ гузорад. Муҳимтар аз ҳама, тавре Пешвои муаззами миллат ҳамеша таъкид медоранд, дар ҷаҳони ноороми муосир зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва арзишҳои истиқлолу ваҳдати миллиро ҳифзу таҳким бахшем. Дар ҳоле ки вазъият дар минтақа ва ҷаҳон торафт мураккаб мегардад, пойбанди ҳамин аслҳо будан пойдории сулҳу субот ва таъмини зиндагии шоистаи моро кафолат медиҳад.   
А. ИСКАНДАРЗОД,  
судяи суди ноҳияи Сино
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2021    №: 164    Мутолиа карданд: 652
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед