logo

иҷтимоиёт

БАЪДИ ГИРИФТАНИ ВАКСИНА ЧӢ БОЯД КАРД?

Мо дар марҳилаи  эмкунии оммавӣ аз коронавирус  қарор дорем. Олимони соҳаи тандурустӣ  ин амалро роҳи асосии наҷот аз  пандемия  медонанд. Аллакай исбот шудааст, ки нафарони   ваксинагирифта  бемории коронавирусро сабук паси сар мекунанд ё тамоман ба он гирифтор намешаванд  ва, аз ҳама муҳим,  дар байни нафарони ваксинагирифта  талафоти ҷонӣ ба назар намерасад.
Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии  коронавируси навъи нав  дар кишвар  ба Ҳукумати мамлакат  муяссар гардид, ки миқдори зарурии мояи ваксинаҳои зидди COVID - 19-ро дар ихтиёри шаҳрвандони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ гузорад. Аллакай, аз 4 мамлакат ба кишвар ваксина ворид шуда, шаҳрвандон бемамоният дар нуқтаҳои махсус моя  мегиранд. Аз иттилооти  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар бармеояд, ки ваксинагирӣ  дар тамоми манотиқи кишвар  бомаром идома дорад. Дар ҳамин маврид  шаҳрвандон мехоҳанд бевосита аз  ниҳодҳои дахлдор,   воситаҳои ахбори омма, ҳамчунин,  тариқи шабакаҳои интернетӣ фаҳманд, ки баъди эмгирӣ аз иҷрои  кадом амалҳо бояд худдорӣ  намоянд. 
Тавре олимон  муайян кардаанд, баъди 14  шабонарӯзи эмкунии аввал дар бадани одам антитела  пайдо шудан мегирад. Баъди 42-45 рӯзи эмкунӣ миқдори  антитела дар инсон ба ҳадди даркорӣ зиёд мешавад. Даври дуюми эмкуниро  баъди  2 ҳафтаи марҳилаи аввал роҳандозӣ кардан мумкин аст. Бинобар ин, табибон ба  шахсоне, ки нав ваксина гирифтаанд, риояи баъзе маҳдудиятҳоро барои муддати муайян  ҳатмӣ мешуморанд.
Пеш аз ҳама, ба шахси эмшуда  зарур аст, ки давоми 42 рӯзи баъди  гирифтани ваксина  робитаи бевоситаро бо атрофиён ба таври максималӣ маҳдуд намуда, аз иштирок дар ҷойҳои серодам, истеъмоли машруботи спиртӣ  ва дорувориҳое, ки ба системаи  иммунитет халал ворид месозанд,  худдорӣ кунад,   пайваста ниқоб пӯшида,  фосилаи иҷтимоиро риоя намояд. 
Ба гуфтаи  Анатолий Алтштейн, профессор-вирусшинос, ходими  Маркази миллии тадқиқотии эпидемиологӣ ва микробиологии ба номи  Г.Ф. Гамалей  Федератсияи Россия, ҳамаи чорабиниҳое, ки  пешниҳод мегарданд, характери тавсиявӣ доранд. Масалан, шахси эмшуда  бояд рӯзҳои аввал аз  машруботи спиртӣ худдорӣ намояд, зеро  маҳсулоти спиртдор иммунитети  бадани одамро паст мекунад. Ба  ҳарос ҳам дода шудан хуб нест. Олим тавсия медиҳад, ки  “бо даст додани имконият, ақаллан як рӯз пеш аз эмкунӣ ва ду рӯз баъди он  тарзи ҳаёти оромона бурдан лозим аст. Вале ин чунин маъно надорад, ки шумо бекор хобида, ба ягон ҷо наравед”. 
Ҳамин тариқ, мутахассис  даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо  аз кори ҷисмонии вазнин худдорӣ карда шавад. А. Алтштейн аз оби гарм  эмин нигоҳ доштани ҷойи эмкунӣ дар баданро  низ муҳим мешуморад. Маслиҳат аст, ки нафарони эмшуда камаш то се рӯзи баъди эмкунӣ ба корҳои ҷисмонии вазнин машғул нашаванд. Тайи ду ҳафта пеш аз эмкунӣ аз истеъмоли машруботи спиртӣ худдорӣ карда шавад, зеро  алкогол иммунитетро паст мекунад. Дар ҳолати гирифтани ваксинаи якум 3 рӯз бояд машруботи спиртӣ тамоман истеъмол нашавад. Ин қатъиян манъ аст, вале рӯзҳои минбаъда ҳам  маҳдудияти истеъмоли он таъкид  мешавад.  То се  рӯз пас аз  сӯзандоруи дуюм ҳам истеъмоли машруботи спиртӣ тавсия дода намешавад.
Саволи дигаре, ки одатан эмшудагон ба он ҷавоб гирифтан мехоҳанд, ин  муҳлати пайдошавии иммунитет баъди эмкунӣ мебошад.  Тавре олимони соҳа дар саҳифаҳои интернетии худ иқрор мешаванд, пажӯҳишҳои онҳо дар ин бобат  ҳоло ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидаанд. Ба гуфтаи онҳо, муҳлати пайдошавии  масуният  ба махсусиятҳои организми ҳар як шахс вобаста аст.   Ҳоло  далелҳое дастрас  ҳастанд, ки  аз пайдоиши дараҷаи баландтарини масунияти бадан дар шахсони эмшуда  баъди  18 - 21 рӯзи  гирифтани даври дуюми ваксина  шаҳодат медиҳанд. Яъне, баъди гирифтани ваксинаи якум ва ҳатто рӯзҳои аввали ваксинаи дуюм гирифтан  ҳам  одамон бояд фориғбол нашаванд, риояи чорабиниҳои пешгирикунанда -   бастани ниқоб, бо собун шустани дастҳо, риояи фосилаи иҷтимоӣ ҳатмӣ боқӣ мемонанд.
Ораш Алоӣ, вирусшиноси машҳури эронитабори  муқими  Амрико, сарвари  Пажӯҳишгоҳи байналмилалии тандурустӣ ва тадқиқотии шаҳри Ню-Йорк,  дар як мусоҳиба бо хабарнигори рӯзномаи  “Ҷумҳурият” зикр кардааст, ки “агар сарҳади даҳон ва биниро бибандем, дастҳоро  бишӯем, фосилаи на камтар аз яку ним метрро риоя кунем, ҳавои хонаро зуд-зуд иваз намоем, бо ҳамин корҳои сода метавон бар ин душмани қотил пирӯз шуд.” Ба гуфтаи олим, мардуми Тоҷикистон танҳо замоне ниқобро партофта метавонад, ки 85 дарсади  аҳолии аз 18-сола болои он  ба муқобили  СОVID-19  ваксина гиранд. Танҳо баъди ин хавфи сирояти коронавирус  аз байн меравад.   Ораш Алоӣ  таъкид мекунад, ки агар  мардум дар ин ҷода  эҳтиёткор набошад, шубҳае нест, ки мавҷи чорум ва панҷуми  короновирус ҳам сар занад.  
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2021    №: 164    Мутолиа карданд: 1158
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед