иҷтимоиёт
НОҲИЯИ ВОСЕЪ. ФАРОҒАТИ ТОБИСТОНАИ ХОНАНДАГОН ТАЪМИН АСТ!
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар барои беҳдошти саломатӣ ва солимгардонии насли наврас як қатор чорабиниҳои фароғатӣ ба нақша гирифта шудаанд. Дар ноҳияи Восеъ низ барои ташкили самарабахши истироҳати тобистонаи хонандагон ҳамаи чораҳои заруриро баҳри солимгардонии наврасон дар лагерҳои фароғатӣ андешидаанд.
Тавре раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия Меҳринисо Ҳалимзода ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, имсол низ чун солҳои пештара, истироҳати тобистонаи хонандагон дар се давр ташкил гардида, ҳоло дар лагерҳои фароғатии назди муассисаҳои таълимии ноҳия 7 ҳазору 40 хонанда ба истироҳат фаро гирифта шудааст. Дар давраи истироҳатӣ барои таълиму тарбия ва назорати шабонарӯзии онҳо 232 омӯзгор вобаста шуд. Сифати хӯрок мунтазам аз ҷониби табибон назорат шуда, саломатии онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Идораи санитарию эпидемиологии ноҳия ҷиҳати назорати вазъи санитариву беҳдошти истироҳатгоҳҳо корҳои судмандро анҷом дода истодаанд. Кормандони Хадамоти оташнишонӣ низ вазъи пешгирии сӯхторро дар ҳамаи истироҳатгоҳҳо таҳти назорат қарор дода, бо омӯзгорону хонандагон суҳбату вохӯриҳо мегузаронад. Айни замон 10 хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар дараи Варзоб дар маҷмааи фарҳангию фароғатии «Файзи истиқлол»- и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон истироҳат доранд. Дар лагерҳои истироҳатӣ барномаҳои таълимию тарбиявиро, ки ба баланд бардоштани савияи дониши кӯдакону наврасон, ҳисси ифтихор ба Ватану ватандорӣ, гиромидошти муқаддасоти миллӣ мусоидат мекунанд роҳандозӣ шудааст.
Инчунин, дар лагерҳои истироҳатӣ миёни хонандагон озмуни китобхони беҳтарин дар соли 2021 идома дорад. Мақсад аз ташкили озмун баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба хондани китобҳои бачагона ва бадеӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар ҳамаи истироҳатгоҳҳо гӯшаи китобҳои бачагона ва бадеӣ ташкил гардида, адабиёти навтарин дар ихтиёри истироҳаткунандагон гузошта шудааст. - Ин амал ба беҳтар шудани дониши мактаббачагон мусоидат хоҳад кард. Ҳаминро бояд зикр кард, ки дар лагерҳои тобистона ба ташкили бозиҳои варзишӣ диққати махсус дода мешавад. Хонандагон ба шоҳмотбозӣ, футболу волейбол, баскетбол ва тенниси рӯйи миз машғул мебошанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми чораҳои заруриро меандешад, ки мавсими истироҳату солимгардонии насли наврас хушу гуворо ва дар сатҳи баланд гузарад, - афзуд Меҳринисо Ҳалимзода.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.08.2021 №: 164 Мутолиа карданд: 608