Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
ТАСС. Президенти пешини Украина Виктор Янукович рад кардани ҳамсоягии нек бо Россияро хатои асосии Украина дар 30 соли охир номид. Вай ин нуктаро дар паёми худ ба ҳамватанон бахшида ба 30 - юмин солгарди истиқлоли Украина изҳор дошт.
Лента. ру. Пас аз ба даст овардани назорат дар Афғонистон, ҷангҷӯёни ҳаракати радикалии «Толибон» (мамнуъ дар Россия) ба занон имкони кор дар васоити ахбори оммаро доданд. Дар ин бора дар Твиттер сардори шуъбаи ахбори шабакаи калони маҳаллии Tolo News Мирака Попал хабар дод.
ТАСС. Неруҳои вафодор ба ноиби Президенти пешини Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ дар Панҷшер, дар шимоли Кобул бо “Толибон” меҷанганд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Al-Alam хабар дод.
ТАСС. 17 август ҳукуматдорони Амрико тақрибан 1100 шаҳрванди ИМА, соҳиби иҷозатномаи истиқомат дар ИМА ва аъзои оилаи онҳоро аз Афғонистон кӯчонданд. Намояндаи Қасри сафед ба хабарнигорон гуфт, ки дар рӯзҳои охир беш аз 3200 нафар аз Афғонистон эвакуатсия шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1364