Хабарҳо
ФУТБОЛ
Легионери эронӣ абадан аз бозии футбол маҳрум шуд
Кумитаи тартибу интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон бозигари дастаи «Душанбе» Амир Меморӣ Манеш (Эрон)-ро аз тамоми намуди фаъолияти футбол дар ҳудуди мамлакат абадан маҳрум намуд.
Бар пояи иттилои ФФТ, легионери 28-солаи эронӣ бо ҷурми қиморбозӣ муттаҳам дониста шуд. Худи ӯ иқрор шуд, ки дар бозиҳо бо иштироки дастааш дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ шартбандӣ мекардааст.
СУПЕРҶОМИ ОЛМОН
"Бавария" бори 9-ум онро соҳиб гардид
Тимҳои «Бавария» ва «Боруссия» (Дортмунд) барои ба даст овардани Суперҷоми Олмон миёни ҳам мубориза бурданд. «Бавария» бо ҳисоби 3:1 ғолиб омада, маротибаи нуҳум соҳиби суперҷоми кишвар шуд.
Тӯбҳоро аз дастаи ғолиб Роберт Левандовский (дақ. 41, 74) ва Томас Мюллер (дақ. 49) ба самар расонданд. Голи ягонаи «Боруссия»-ро Макро Ройс (дақ. 64) зад.
ШИНОВАРӢ
Дастаи "Душанбе – 1" ғолиби Чемпионати кушоди Тоҷикистон
Дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ бо ширкати беш аз 80 варзишгар аз ҳамаи минтақаҳои кишвар дар равияҳои тарзи озод, брасс, баттерфляй, пуштнокӣ байни мардҳо ва бонувон дар масофаҳои 50, 100 ва 200 метр баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи миллии шиноварӣ, дар чемпионат шиноварони дастаи "Душанбе – 1" маҳорати баланд нишон дода, сазовори 34 медал (12 тилло, 11 нуқра ва 11 биринҷӣ) гардиданд.
Бо 5 нишон (2-2-1) варзишгарони дастаи "Душанбе - 2" мақоми дуюмро касб карданд. Тими "Суғд – 1" бо 3 медал (1 нуқра, 2 биринҷӣ) зинаи сеюмро гирифт.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 982