Хабарҳо
Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ бо мудири кулли СИАО
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода мудири кулли Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) Ералан Байдаулетро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва IOFS - ро дар самтҳои гуногун, аз ҷумла рушди соҳаҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, озуқаворӣ, инчунин, вазъи ҷаҳон дар шароити ҳамагири COVID - 19 ва таъсири он ба амнияти озуқавориро баррасӣ намуданд.
Тоҷикистон ба ҳавопаймои низомиёни Афғонистон иҷозати фуруд дод
Ҳукумати Тоҷикистон ба як ҳавопаймои Афғонистон иҷозат дод, ки дар ҳудуди мамлакат фуруд ояд. Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар ҳавопаймо низомиёни афғон буданд.
Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистон тибқи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар фурудгоҳи шаҳри Бохтар ба фуруд омадани ҳавопаймое, ки аз Афғонистон бо 100 низомӣ парвоз кардааст, иҷозат дод.
Гуфта мешавад, ки маълумоти қаблан дар расонаҳо нашршуда дар бораи 18 ҳавопаймои аз Афғонистон ба Тоҷикистон фурудомада асос надорад.
Фаъолони соҳаи тандурустии пойтахт қадр шуданд
Бо ташаббуси раҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар толори Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Муовини раиси шаҳр Мавсума Муинӣ зикр кард, ки солҳои охир бо таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ соҳаи тандурустии пойтахт ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, шумораи зиёди кормандон аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, корро бо муосиртарин дастгоҳҳои тиббӣ омӯхтанд. Марказҳои тандурустии шаҳр дорои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ ва доруворию лавозимоти тиббӣ буда, бо дастгоҳҳои нодири ташхисию табобатӣ муҷаҳҳаз шудаанд.
Дар чорабинӣ табибони фаъол, ки дар рушди соҳа саҳми назаррас доранд, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гаштанд.
Ҳушдор! Эҳтимоли омадани сел
То 20 август дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ омадани селҳои дорои хусусияти пиряхӣ аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносӣ иттилоъ дод.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошад. Селроҳаҳо, каналҳо, ҷӯйборҳоро сари вақт аз ҳар гуна хасу хошок тоза кунанд, то оби зиёдатӣ роҳи баромад дошта бошад. Тавсия дода мешавад, ки аз рафтан ба моҳидорӣ, шикор, ҷамъоварии ҳезуму гиёҳҳои шифобахш ва чарондани чорво худдорӣ кунанд. Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва минтақаҳои селомад қоидаҳои ҳаракатро ҷиддӣ риоя намоянд.
COVID-19. 97 дарсади беморон шифо ёфтанд
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 48 ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавирус ба қайд гирифта шуд. 68 нафар аз ин беморӣ табобат ёфт, - хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Дар маҷмуъ, аз аввали бақайдгирӣ то 17 август дар кишвар 16223 нафар гирифтори COVID-19 сабт ва аз ин шумора то санаи зикргардида 15896 кас (97,7%) шифо ёфт. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 124 нафар фавтид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1067