сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ
18 август суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.
Дар ҷараёни суҳбат сарварони ду давлат маҷмуи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар сиғаи шарикии стратегӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, низомию техникӣ ва дигар арсаҳо, инчунин, мушкилоти мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар зимн, ба ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Ҷонибҳо бо таъкиди он, ки шиддат гирифтани вазъ дар ин кишвар метавонад ба ҳолати умумии амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ расонад, ҳамоҳангии минбаъдаи талошҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаашонро ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва мусоидати ҳамаҷониба ба раванди ҳаллу фасли сулҳомези қазияи Афғонистон ҷонибдорӣ намуданд.
Вобаста ба ин, мувофиқа ба даст оварда шуд, ки тамосҳо ва ҳамкориҳои зичи миёни вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар дар масъалаҳои таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ идома дода шаванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.08.2021 №: 165 Мутолиа карданд: 693