Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Мир24. Дар натиҷаи эътирозҳо алайҳи “Толибон” дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон камаш се нафар кушта шуд. Дар ин бора агентии Reuters бо истинод ба шоҳидони айнӣ хабар медиҳад.
ТАСС. Вазирони корҳои хориҷии НАТО 20 август дар формати онлайн вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Дар ин бора дабири кулли паймон Йенс Столтенберг хабар дод.
Лента. ру. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар саҳифаи фейсбукии худ ба мардуми афғон муроҷиатнома нашр кард.
Дар паёмаш президенти фирорӣ тасдиқ намуд, ки ӯ дар Амороти Муттаҳидаи Араб аст ва маҷбур шудааст Афғонистонро тарк намояд. Ӯ ваъда дод, ки дар ояндаи наздик ба ҷумҳурӣ бармегардад.
Мир24. Бар асари боришоти шадид дар пойтахти Россия дар фурудгоҳҳои Маскав беш аз 70 парвоз ба таъхир афтод ё лағв карда шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 968