Хабарҳо
ЛИГАИ ОЛӢ
"Истиқлол" ба садри ҷадвал баромад
Тими «Истиқлол» дар бозии мавқуфмондаи даври 5-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи «Файзканд»-ро бо ҳисоби калони 4:0 шикаст дод.
Тӯбҳоро Алишер Ҷалилов (дақ. 44, 52) ва Манучеҳр Сафаров (дақ. 58, 59) ба самар расонданд.
Пас аз ин ғалаба «Истиқлол» бо касби 30 хол дар 13 бозӣ ба мақоми аввали ҷадвали чемпионат баромад.
БОЗИҲОИ ПАРАЛИМПӢ
Акмал Қодиров Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад
Тоҷикистонро дар 16-умин Бозиҳои паралимпӣ (24 август – 5 сентябр, Токио, Ҷопон) Акмал Қодиров дар варзиши сабук, равияи гулулапартоӣ муаррифӣ мекунад.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, Акмалро дар ин мусобиқот мураббиаш Зокирҷон Комилов ва роҳбари ҳайат Сиёвуш Илёсов ҳамроҳӣ мекунанд.
Ба барномаи Бозиҳои паралимпии Токио – 2020 бисту ду намуди варзиш: камонварӣ, варзиши сабук, бадминтон, бочче, қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, велосипедронӣ, аспсаворӣ, футбол, голбол, дзюдо, паверлифтинг, қаиқронии академӣ, тирандозӣ, волейбол (нишаста), шиноварӣ, тенниси рӯйи миз, таэквондо, триатлон, баскетбол бо ароба, шамшербозӣ бо ароба, регбӣ бо ароба, теннис бо ароба ворид гардидааст.
Дар мусобиқот 4400 варзишгар аз 136 Кумитаи миллии паралимпӣ барои 540 маҷмуи медалҳо сабқат мекунад.
Маҳмуд БАҲРОМ,
шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 963