Хабарҳо
Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфтугӯйи телефонӣ анҷом дод.
Вазирон вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркияро баррасӣ ва ҳавасмандии худро барои таҳкими равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва маориф таъкид намуданд.
Дар суҳбат ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созишномаҳои байналмилалӣ ва вазъи кунунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ баррасӣ гардиданд.
Ҷаласаи вазирони фарҳанги кишварҳои узви СҲШ
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳаждаҳуми вазирони фарҳанги кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар он Дабири кулли СҲШ Владимир Норов низ иштирок дошт.
Тарафҳо ба ҷонибдории рушди минбаъдаи робитаҳои фарҳангии бисёрҷониба ва дуҷониба дар чаҳорчӯби созмон, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ миёни мардум, эҳтироми якдигар, нигоҳдории гуногунрангии фарҳангҳо, анъана ва урфу одатҳои халқҳое, ки дар фазои СҲШ зиндагӣ мекунанд, сухан гуфтанд.
Тавофуқ ҳосил шуд, ки ҷаласаи навбатӣ соли 2022 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шавад.
Густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо вазири тиҷорат ва иҷрокунандаи вазири иттилооти ин кишвар доктор Маҷид Абдуллоҳ ал-Қасабӣ мулоқот намуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузориву сайёҳӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо дар мавриди роҳандозии ҳамкорӣ байни расонаҳо ва муассисаҳои иттилоотии ду кишвар табодули назар карданд.
Натиҷаи тақсимоти такрории довталабон эълон гардид
Натиҷаи тақсимоти такрории довталабон дар имтиҳонҳои марказондаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 эълон гардид. Дар ин бора Маркази миллии тестӣ иттилоъ дод.
Довталабоне, ки комёб гардидаанд, бояд на дертар аз 22 август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор, ё комиссияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабаби узрнок муроҷиат накардан, бояд роҳбарияти муассисаро хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд. Дар акси ҳол довталаб аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад.
Парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе - Москва - Душанбе зиёд мешаванд
Аз 27 августи соли 2021 парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар хатсайри Душанбе – Москва - Душанбе аз 4 парвоз дар як ҳафта ба 14 парвоз расонда мешавад, - иттилоъ медиҳад Агентии авиатсияи гражданӣ.
Афзудани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ барои пурра қонеъ гардондани талаботи мусофирон ба нақлиёти ҳавоӣ ва ба коҳиш додани арзиши чипта заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 979