сиёсат
ИФТИТОҲИ ЯК ҚАТОР ИНШООТИ МУҲИМ БО ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ «ЛИТСЕЙИ РАҚАМИ 4 БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ» ИФТИТОҲ ЁФТ
20 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт «Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Баъд аз бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароитҳои фароҳамгардида дар муассисаи нави таълимӣ аз наздик шинос шуданд.
Таълимгоҳи замонавӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни бошукӯҳи миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сохта ба истифода дода шуд.
Тибқи лоиҳа «Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» барои 1440 нафар хонанда дар ду баст, аз тарафи соҳибкори ватанӣ Абдураззоқ Саидов - муассиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Авитсена», бунёд шуда, аз 4 бинои ба ҳам пайвасти 4-ошёна иборат аст.
Муассисаи нави таълимӣ дорои 37 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, биология, астрономия, геометрия, табиатшиносӣ, математика, ҷуғрофия, синфхонаҳои компютерӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, мусиқӣ ва хореографӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон, мебошад. Ҳамчунин, дар литсей ҳуҷраҳои озмоишгоҳ мавҷуд аст ва барои гузарондани таҷрибаҳои гуногуни амалӣ асбобу аёниятҳои дарсӣ насб гардидаанд.
Бо назардошти омӯзиши вазъи равонӣ ва ҳифзи саломатии хонандагону омӯзгорон дар муассиса ҳуҷраҳои алоҳидаи равоншиносӣ ва тиббӣ сохта шудаанд, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии ёрии аввалияи тиббӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар муассисаи таълимии нав ба ҳунаромӯзии хонандагон низ таваҷҷуҳи хоса равона шуда, синфхонаҳои барҳавову алоҳидаи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъминанд, таъсис дода шудаанд. Дар синфхонаҳои мазкур хонандагон дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯхтани сарулибос ва тарзи омода намудани ҳар гуна таомро меомӯзанд. Инчунин, дар муассисаи навбунёд маҳфили шоҳмотбозӣ амал мекунад, ки аз машғулиятҳои дӯстдоштаи зеҳнӣ барои хонандагон аст.
Барои дӯстдорону алоқамандони санъати тасвирӣ синфхонаи алоҳидаи дарсӣ, ки дар он нозукиҳои рассомӣ омӯзонда мешаванд, ташкил гардидааст. Ҷиҳати аз бар намудани технологияи муосир синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо дастгоҳҳои корӣ таъмин мебошад. Дар умум, дар литсейи мазкур муосиртарин шароит барои донишомӯзӣ, аз ҷумла видеопроектор бо тахтаҳои электронӣ, мавҷуд буда, раванди таълим ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шудааст.
Бо мақсади баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни фарҳангию оммавӣ маҷлисгоҳи боҳашамат бо 340 ҷойи нишаст сохта шудааст. Толори барҳавои варзишии литсей барои бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардида, ошхонаи замонавӣ дорои 200 ҷой мебошад.
Дар китобхонаи муассиса 5 ҳазор нусха адабиёти таълимию бадеӣ мавҷуд аст, ки хонандагон имкон доранд, аз ин ганҷинаи бебаҳо босамар истифода намуда, дониши худро сайқал диҳанд. Барои таъмини шароити созгори мутолиаи китоб толори барҳавои хониш бо 100 ҷойи нишаст ва китобхонаи электронӣ бо 15 компютери ба интернет пайваст мавҷуданд.
Қобили таъкид аст, ки дар муассисаи нави таълимӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳамкории зич бо оила низ ба роҳ монда шудааст.
Аснои шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкори ватаниро намунаи ибрату шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд.
Бо назардошти эълон шудани солҳои 2020 – 2040 – Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе" равияи таълим бештар ба омӯзиши илмҳои табииву риёзӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин усули муосири илмомӯзӣ барои сайқал додани тафаккури техникии хонандагон мусоидат мекунад.
Дар саҳни муассисаи таълимӣ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим майдончаи муосири варзишӣ сохта шудааст, ки дар он хонандагон ҳар гуна машғулиятҳои варзишӣ мегузаронанд. Ба иттилои масъулон, дар «Литсейи рақами 4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» барои таълиму тарбияи хонандагон 50 нафар омӯзгори соҳибтахассус фаъолият менамояд.
Ёдовар мешавем, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои замонавии таълим дар партави сиёсати инсонпарварона ва илмдӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди пойтахти мамлакат аз соли 2017 то 2020 сохтмону навсозии 24 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 15 ҳазору 466 нафар хонанда дар як баст ба анҷом расида, мавриди истифода қарор гирифт. Дар соли 2021 бошад, ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 6 ҳазору 380 хонанда дар як баст дар шаҳри Душанбе сохта шуд. Тибқи нақша корҳои сохтмонию бунёдкорӣ дар 15 муассисаи дигари таълимӣ, ки барои 14 ҳазору 414 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст, бо назардошти талаботи замон идома доранд. Бунёди муассисаҳои наву замонавии таълимӣ тайи солҳои охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе бесобиқа буда, мақсад аз сохтани чунин таълимгоҳҳои муосир фароҳамсозии шароити арзанда барои таълиму тарбияи насли оянда аст.
Ҳадаф аз бунёд ва дар арафаи Соли нави таҳсил ба истифода супурдани боз як муассисаи нави таълимӣ дар шаҳри Душанбе ин идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф ва ба ин восита беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсил, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар руҳияи илмдӯстӣ мебошад. Саҳн ва атрофи иншоот сабзкорӣ шуда, бо гулу буттаҳои мавсимии ороишӣ зинат ёфтааст.
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ "ГИМНАЗИЯИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ"
20 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи пойтахт Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои хуштарҳу замонавии гимназия аз се қисми 4-ошёна бо таҳхона иборат буда, барои 2560 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Муассисаи нави таълимӣ дар доираи ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари Гурӯҳи корхонаҳои "Ғаюр" Акбар Ғуломов бо харҷи 42 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити нави таълимӣ дар ин муассиса ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкори ватаниро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
Сохтмони бинои таълимӣ дар шаҳри Душанбе соли 2018 оғоз шуда, корҳои бунёдкорию паймонкориро мутахассисони Гурӯҳи корхонаҳои "Ғаюр" бо сифати баланд ба анҷом расонданд. Лоиҳаи иншоот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии "Лоиҳакаш" омода гардид. Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 100 то 150 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави таълимиро дар арафаи Соли нави таҳсил ва Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманд барои хонандагону омӯзгорони пойтахти мамлакат маънидод карданд.
Бинои нави муассисаи таълимӣ дорои 52 синфхонаи таълимӣ бо 13 кабинети фаннии муҷаҳҳаз бо шароити муосири донишомӯзӣ, аз ҷумла химия, биология, математика, физика, технологияи иттилоотӣ, география, озмоишгоҳҳо ва таълими меҳнат барои духтарону писарон, мебошад.
Омӯзиш дар ин даргоҳи маърифат бо забонҳои тоҷикию русист. 70 нафар омӯзгори ботаҷриба ба таълиму тарбияи хонандагон ҷалб шудааст.
Китобхонаи барҳавои гимназия дорои наздики 10 ҳазор нусха адабиёти гуногуни таълимию бадеӣ буда, толори хониши он дар асоси меъёрҳои мавҷуда ташкил гардидааст.
Гимназия дорои маҷлисгоҳ бо 110 ҷойи нишаст, ошхона барои 210 нафар ва нуқтаи тиббӣ мебошад.
Дар муассисаи нави таълимӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба намудҳои гуногуни варзиш толори барҳавои варзишии зимистона ва майдончаи бозии тобистона ташкил гардидаанд.
Аснои шиносоӣ бо шароити таҳсил дар гимназия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорону масъулон барои ҷалби ҳарчи бештари таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба омӯзиши донишҳои муосир ва технологияи замонавӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
РАЁСАТИ АНДОЗИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВА НОЗИРОТИ АНДОЗИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ СОҲИБИ БИНОИ НАВ ШУДАНД
20 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои Раёсати андози шаҳри Душанбе ва Нозироти андози ноҳияи Исмоили Сомониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Масоҳати умумии бино 3,4 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, фармоишгари иншоот Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Строй Комплекс» ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Проект инвест» мебошанд.
Иншооти навбунёд аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толори хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, андозсупорандагон ва маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст ҷойгиранд.
Бинои Раёсати андози шаҳри Душанбе ва Нозироти андози ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар доираи омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои 110 нафар корманди соҳа, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва андозсупорандагон шароити хуби кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон, насби дастгоҳу таҷҳизот ва барномаҳои муосири соҳавӣ имкон медиҳад, ки шаффофияти фаъолияти нозироти андоз дар муносибат бо андозсупорандагон таъмин гашта, бидуни омили инсонӣ ва бо сарфаи вақт пешниҳоду гирифтани маълумот оид ба фаъолияти молиявию уҳдадориҳои андозсупорӣ анҷом дода шавад.
Инчунин, соҳибкорон имкон доранд бо истифода аз шабакаи интернет эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд, санадҳои муқоисавӣ тартиб диҳанд, ҳисобварақаи худро аз назар гузаронанд, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии қонунгузории андоз, ки дар сомонаи Кумитаи андоз ҷой шудаанд, шинос гарданд.
Иншоот бо тарҳу услуби хоси меъморӣ бунёд гаштааст, саҳни он бо гулу бутта ва ниҳолҳои ороишию сояафкан обод гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи иншоот ва шиносоӣ бо шароити меҳнатии хизматчиён ба кори босифати сохтмончиёну лоиҳакашон баҳои баланд доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода супурдани иншооти навро дар арафаи таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳа табрик намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои Раёсати андози шаҳри Душанбе ва Нозироти андози ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба кормандони соҳа дастуру ҳидоятҳои муфид дода, таъкид намуданд, ки сатҳи хизматрасониро ба андозсупорандагон дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, барои ғанӣ намудани буҷети давлатӣ бо масъулияти баланд ва поквиҷдонона фаъолият намоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.08.2021 №: 166 Мутолиа карданд: 1303