барқияҳо
Барқияи шодбош ба унвони Президенти Туркия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он гуфта мешавад:
Ҷаноби олӣ, бо қаноатмандии амиқ аз номи халқ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳам Шумо ва мардуми Туркияро бо ҷашни миллиатон таҳният гӯям.
Тоҷикистон робитаҳои гуногунҷанбаро бо Туркия қадр мекунад ва мо рушди ҳамкориҳои самарабахшро дар тамоми бахшҳо қатъан ҷонибдорӣ мекунем. Изҳори умед менамоям, ки сафари расмии қарибулвуқӯъи Шумо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави ҳамкориҳои ду кишвар оғоз мебахшад. Ба Шумо ҷаноби Президент, тансиҳатии комил, хушбахтӣ ва ба халқи турк шукуфоӣ таманно менамоям.
АМИТ «Ховар»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 9639