иқтисод
ИФТИТОҲИ АВВАЛИН ФИЛИАЛИ «САНОАТСОДИРОТБОНК» ДАР ХУҶАНД
Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон - «Саноатсодиротбонк» дар шаҳри Хуҷанд аввалин филиали худро ифтитоҳ кард. Зимни ба истифода додани бинои филиали Бонк Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, Ҳокимшо Бобозода, раиси КВД бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк», Фирдавс Шарифзода раиси шаҳр, иштирок намуданд.
Чуноне иттилоъ доданд, ҳадаф аз таъсиси он дастгирии соҳибкорони ватанӣ дар манотиқи гуногуни кишвар, бахусус вилояти Суғд, яке аз минтақаҳои бузурги рушди саноат ва содирот дар Тоҷикистон мебошад.
«Саноатсодиротбонк» аз рӯзи таъсисёбӣ барои дастгирии соҳибкорони истеҳсолии кишвар фаъолияти худро равона карда, то ҳол ба 223 субъекти соҳибкорӣ беш аз 326 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо намудааст. Дар байни онҳо соҳибкорони фаъол низ дар вилоят кам нестанд. Айни ҳол бонк ба қарздиҳии субъектҳои соҳибкорие, ки ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда машғуланд, авлавият дода, қарзҳоро бо фоизи нисбатан паст пешниҳод дорад. Инчунин, бо мақсади қонеъ гардондани талаботи дигар муштариён маҳсулоти гуногуни қарзиро омода ва пешниҳод менамояд. Дар бонк 20 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардид. Иншоот имкони роҳандозӣ намудани тамоми хизматрасониҳои бонкиро дорад.
Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳи иншоотро дар арафаи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ фоли нек арзёбӣ намуда, гуфт, ки ба рушди иқтисоди миллӣ, дастгирии соҳибкорон, бахусус содироти молу маҳсулот ба хориҷи кишвар, шароити нав ва мувофиқ фароҳам месозад. Изҳори умед шуд, ки филиали бонк ба миёнаравии молиявӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат карда, ба ин васила дар дастгирии соҳибкории хурду миёна, дар маҷмуъ, рушди иқтисодиёти кишвар саҳмгузорӣ мекунад. «Саноатсодиротбонк» миёни кормандон фаъолияти хешро таҳти шиори «Дониш, маҳорат ва масъулият» ба роҳ мондааст.
Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» табдил дода, ҳадафи аслиаш дастгирии соҳибкории хурду миёна мебошад.
Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии раиси шаҳр, иттилоъ дод.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.08.2021 №: 166 Мутолиа карданд: 3566