Хабарҳо
БАХШИ ТОҶИКИИ ИНӮ ТАЪСИС ЁФТ
Дар вилояти Самарқанд бори аввал бахши тоҷикии шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон таъсис ёфт. Роҳбарии онро ба дӯши шоир ва мутарҷим Асадуллоҳ Шукур вогузоштанд.
Бино ба иттилои Асадуллоҳ Шукур, бахши тоҷикии шуъбаи вилоятии ИНӮ нақша дорад, ки баробари фаъол гаштани адибони ҳудуди вилоят моҳномаи вижаи тоҷикӣ ва «Баёзи эҷодкорони Самарқанд» - ро аз чоп барорад.
ЭҲЁИ ҚАЛЪАИ ЯМЧУН
Мутобиқи созишномаи байни «Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва рушди деҳот»-и назди Вазорати молия ва Бонки ҷаҳонӣ Қалъаи Ямчун ё Қаҳқаҳаи водии Вахони ноҳияи Ишкошим эҳё мешавад.
Барои таҷдиду барқарорсозии ин ёдгории таърихӣ панҷ миллион доллар ҷудо шудааст. Бино ба гуфтаи бостоншинос Аловиддин Шоҳинбеков, агар қалъа ҳар чи зудтар бозсозӣ нашавад, эҳтимоли аз байн рафтани баъзе аз қисмҳои ин ёдгорӣ мавҷуд аст.
ШУМОРАИ “ОВОЗИ ТОҶИК” БА ШАШ ҲАЗОР РАСИД!
Шумораи Нашрияи Олий Маҷлис (Маҷлиси Олӣ) ва Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон - «Овози тоҷик» ба 6 ҳазор нусха расид. Дар ин бора яке аз мухбирони фаъоли ҷарида Зоҳир Ҳасанзода хабар додааст.
Рӯзномаи мазкур аз моҳи августи соли 1924 бо номҳои «Овози тоҷики камбағал», «Овози тоҷик», «Ӯзбекистони сурх», «Ҳақиқати Ӯзбекистон» нашр мегардад.
Бунёдгузори рӯзнома устод Садриддин Айнист.
«Овози тоҷик» пули дӯстии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон буда, дар чанд соли охир шумораи он коҳиш ёфта буд. Паёми афзудани шумораи он боиси шодмонии тоҷикони кишвари ба мо дӯст гардид.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1107