logo

Хабарҳо

Ифтитоҳи бинои факултети фармасевтии ДДТТ аз ҷониби Сарвазир

Бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бинои факултети фармасевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино пас аз таъмири пурра ва муҷаҳҳазгардонӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Бо ифтитоҳи иншоот дар самти таҳсилоти олӣ, рушди илм, ҷорӣ намудани технологияи нави омӯзиш, инкишофи малакаи касбӣ ва роҳандозии усулҳои банақшагирии стратегӣ имкони беҳтар фароҳам оварда шуд.
 
 
Ҷаласаи сеюми маъмурияти  роҳҳои оҳани кишварҳои узви СҲШ
Таҳти раёсати сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ тариқи видеоконфронс ҷаласаи сеюми роҳбарони идораҳои роҳи оҳани кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Тавре Вазорати нақлиёт хабар дод, ҷонибҳо дар робита ба паҳншавии коронавирус ва боздоштани ҳамлу нақли мусофирон тавассути роҳи оҳан дар хатсайрҳои байналмилалӣ дар  ҳудуди кишварҳои узви созмон нигаронӣ карданд.
Тарафҳо вобаста ба зарурати андешидани тадбирҳои муштарак оид ба рушди ҳамбастагии инфрасохтори роҳи оҳан, таҳияи пешниҳодҳо оид ба муттаҳидсозии сиёсат ва стратегияҳои нақшаҳои рушд, навовариҳои техникӣ дар нақлиёти роҳи оҳан ва корҳои муштараки тадқиқотӣ ба мувофиқа расида, оид ба ин масоил санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд.
 
 
Намоиш - фурӯши китоб дар шаҳри Душанбе
Имрӯз дар “Боғи устод Рӯдакӣ” - и шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зери унвони «Китоби Душанбе» намоиш - фурӯши бузурги китоб бо тахфифи 30 дарсад баргузор мегардад.
Дар ин бора Вазорати фарҳанг иттилоъ дод. Дар намоиш - фурӯш ноширони ватанӣ китобҳои тозанашрро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.
 
 
Боз 14 оилаи аз офати табиат  зарардида соҳиби хона шуд
Бо ҳузури муовини аввали раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ калиди 14 манзили навбунёд ба соҳибонашон, ки бар асари офати табиии моҳи май бехона монда буданд, дар вазъи тантанавӣ супурда шуд.
Бунёди шаҳраки нав бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери сиёсати халқпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурсати кӯтоҳ амалӣ гардида, сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Ҷамоати деҳоти Навобод бо манзилҳои замонавӣ ва тамоми ҷиҳози рӯзгор таъмин шуданд.
 
 
COVID - 19. Дар Тоҷикистон беш  аз 98 дарсади маризон шифо ёфтанд
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 51 ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта шуда, 81 нафар табобат ёфт, - хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Дар маҷмуъ, аз аввали бақайдгирӣ то 19 август дар кишвар 16326 нафар гирифтори COVID-19 муайян гардида, аз ин шумора то санаи зикргардида 16053 кас (98,3%) шифо ёфт. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 124 нафар фавтид.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1067
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед