сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ
23 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар рафти суҳбат сарварони ду давлат масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъи минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин зимн, ба вазъияти ноороми имрӯзаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аҳамияти хоса зоҳир карда шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.08.2021 №: 167 Мутолиа карданд: 1233