logo

иҷтимоиёт

МЕҲАНДӮСТӢ. ЧАРО ТАШАББУСҲО ДАСТГИРӢ НАМЕЁБАНД?

Соли 2018 бо мақсади таҳқиқи созҳои мусиқии осорхонаҳо ба вилояти Хатлон сафари илмӣ доштам. Огоҳ шудам, ки сокини деҳаи Булёни Поёни ноҳияи Данғара Сафар Усмонов коллексияҳои таърихӣ дорад. Ба хонааш барои дидани коллексияҳои таърихӣ рафтам. Дар назди дар маро ҳамсари Сафар Усмонов дида, ба хонааш хонду баъди чанде мӯйсафеди нурониеро ба наздам овард. Ин пирмарди хирадманду дилсӯзи таъриху тамаддун коллексионер Усмонов буд.  Бо ӯ тулонӣ ҳамсуҳбат шудам. 
Маълум гардид, ки номбурда аз хурдсолӣ ба ҷамъоварии ашёи таърихӣ майл дорад. Чунончи  худ зикр намуд: “Ҳанӯз соли 1959 бостоншиносон Окладников Алексей Павлович ва Ранов Вадим Александрович ба  омӯзиши давраи асрисангии деҳаи Булёни Поён машғул шуданд. Ман 17 - сола будам ва дар ин таҳқиқоти бостоншиносӣ ба онҳо кумак намуда, маводи зиёди бос-тоншиносиро пайдо намудем. Баъд аз ин таҳқиқот дар дили ман меҳру завқи ҷамъоварии арзишҳои таърихӣ пайдо гардид ва ба гирдоварии осори таърихии минтақа оғоз намудам. Аҳд қардам, ки то шумораи ашёи таърихии ман ба 1000 нарасад  оиладор намешавам. Ба синни 37 расидаму шумораи коллексияи таърихии ман ҳам ба 1000 адад расид. Ҳангоми 37-солагӣ оила барпо кардам”. 
Ин гуна дилбастагии зиёд нисбат ба таъриху фарҳанги Ватан, ки боис ба муаррифии садҳо ҳодисаю воқеаҳои арзишманди сарзамини бостонии мо мегардад, ҷойи таҳсину офарин аст. Сафар Усмонов дар клуби деҳае, ки дар он 40 сол фаъолият дошт, онҳоро ба намоиш мегузорад. Коллексияи таърихии ӯ то солҳои ҷанги шаҳрвандӣ наздики 2000 ададро фаро мегирад. Мутаассифона, ин солҳои бесарусомониҳо  нодиртарини онҳо қисман ба яғмо рафтанд. Вале ӯ ноумед нашуда, боз ба ҷамъоварии ёдгориҳои таърихӣ машғул мешавад. Коллексияи ӯ бештар маводи мардумшиносиро дар бар мегирад. Ба зарби чашм давондаҳо рӯйи ҳар ашёи пайдошуда, мутолиаю таҳқиқи шабонарӯзӣ, ҳафт сол боз чашмони  ин пири меҳандӯст дигар дунёи рангинро намебинанд. Аммо ҳар гоҳ даст ба ганҷинаҳои ҷамъовардааш мегузорад, эҳсоси дигар ӯро фаро мегирад ва аз будани онҳо лаззат мебарад. 
Орзуи асосии бобои Сафар  ин аст, ки аз ҷониби масъулони соҳа  ҷиҳати дар шароити беҳтар нигоҳ доштани коллексияи таърихии тӯли даҳсолаҳо гирдоваришуда  осорхонаи мувофиқе созмон ёбаду насли навин, ҳамчунин, меҳмонони хориҷӣ, ба воситаи ашёи таърихӣ аз гузаштаи пурғановати диёр воқиф шаванд. Мусаллам аст, ки барои бедорӣ ва худшиносии миллӣ чунин осори таърихии Сафар Усмовон нақши бориз дорад. 
Муаллифи ин сатрҳо агарчи бо мақсади дастгирии ин иқдом ду матлаб дар ҳафтавори “Баҳори Аҷам” ва рӯзномаи “Садои мардум” ба нашр расондам, то ҳанӯз аз касе посух нест. Мутаассифона, ба қадри арзишҳои бо садҳо умеду орзу ҷамъоваришуда намерасем. 
Мо ба қадри заҳмати чунин шахсони наҷиб бояд бирасем, ки на ба хотири худ, балқи огоҳию хиради мо анҷом додаанд.  Агар дар деҳаи Булёни Поён дар асоси коллексияи нодири Сафар Усмонов Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ташкил ёбад, бешак он дар тарбияи ватандӯстии мардуми маҳаллӣ, бахусус хонандогони мактаб, такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. 
Ҳ. НУРМАТЗОДА, 
сардори шуъбаи бақайдгирии фондӣ ва феҳристнигории 
Осорхонаи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2021    №: 167    Мутолиа карданд: 1118
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед