Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Лента.ру. Президенти ИМА Ҷо Байден бар ин назар аст, ки ӯ дар бораи Афғонистон тасмими дуруст гирифтааст.
“Вазифаи ман ҳукм баровардан аст, ки онро ҳеҷ кас наметавонад ва нахоҳад кард. Ман ин корро анҷом додам ва ба комилан ҳақ будани хеш муътақидам, ки ҷавонмардону ҷавонзанонро ба ҷанг нафиристам”, - шарҳ дод Роҳбари Амрико ҳангоми суханронӣ дар Қасри сафед.
Лента.ру. Президенти Чехия Милош Земан дар мусоҳибае гуфт, ки ӯ Россияро душмани НАТО намешуморад.
«НАТО бояд муайян кунад, ки душмани иттифоқ кист. Ман бо андешаи Президенти Фаронса Эммануэл Макрон розӣ ҳастам, ки ин Россия набуда, балки терроризми байналмилалӣ аст”, - гуфт Земан.
Газета. ру. Дар нишасти G7 Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон кӯшиш хоҳад кард, ки Президенти ИМА Ҷо Байденро барои ба таъхир андохтани хуруҷи артиши Амрико аз Афғонистон бовар кунонад, ки он имкон медиҳад эвакуатсия пас аз 31 август низ идома ёбад. Дар ин хусус The Telegraph хабар дод.
ТАСС. Вазири мудофиа ва саноати низомии Миср Муҳаммад Аҳмад Закӣ бо раҳбарии ҳайати баландпояи низомӣ ба Маскав рафт. Дар ин бора намояндаи расмии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Арабии Миср Ғариб Абдулҳафиз Ғариб хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, “ин сафар дар доираи таҳкими равобити низомии ду кишвари дӯст чанд рӯз идома хоҳад кард”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 942