Хабарҳо
СААД вазъи Афғонистонро баррасӣ хоҳад кард
ТАСС. Президенти Россия Владимир Путин имрӯз дар ҷаласаи ғайринавбатии Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ширкат меварзад. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кремл хабар дод.
Ҷаласа дар реҷаи видеоконфронс таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад. Қарор дар бораи баргузории он дар пасманзари рӯйдодҳои ахир дар Афғонистон гирифта шудааст. «Дар нақша аст, ки масъалаҳои таъмини амнияти кишварҳои узви созмон дар заминаи рӯйдодҳои Афғонистон, инчунин, вокуниши муштараки муассир ба хатарҳо ва таҳдидҳои эҳтимолии фаромарзӣ баррасӣ шаванд», - омадааст дар изҳороти Кремл.
Воҳидҳои муқовимати афғон дар Панҷшер аз таслим шудан ба «Толибон» саркашӣ мекунанд
Известия. Роҳбари неруҳои муқовимат дар вилояти Панҷшери Афғонистон Аҳмад Масъуд гуфт, ки сарбозони ӯ пешниҳоди ҳаракати радикалии «Толибон» - ро дар бораи таслим шудан ва супурдани назорати ҳудудҳо рад карданд,- хабар медиҳад Al Arabiya.
Чанде пеш «Толибон» аз фиристодани садҳо ҷангӣ ба вилояти Панҷшер, ки таҳти назорати неруҳои муқовимат қарор доранд, хабар доданд. Қаблан «Толибон» гуфта буданд, ки барои таслим шудан ба Масъуд 4 соат вақт додаанд.
Ба гуфтаи Масъуд, агар «Толибон» талош намоянд ин вилоятро таҳти назорат гиранд, «мо омодаем муқовимат кунем». Вай, инчунин, зикр кард, ки Афғонистон дар остонаи фалокати башардӯстона қарор дорад ва он дубора ба як «паноҳгоҳи терроризм» табдил меёбад. Масъуд гуфт, ки «мехоҳад ҷангро дар Афғонистон хотима диҳад» ва ҷонибдори муколама аст ва аз ҷомеаи ҷаҳон даъват ба амал овард, ки мардуми Афғонистонро дастгирӣ намоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 838