logo

иқтисод

ЛЕВАКАНТ. ТАТБИҚИ ИҚДОМОТИ МУАССИР ДАР РОҲИ РАСИДАН БА ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ

Агар ба таърихи кишварҳои олам назар андозем, мебинем, ки масъалаи таъмини соҳаҳои иқтисодиёт бо энергия яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Коршиносе таъкид намудааст, ки агар иқтисодиётро ба қатора шабеҳ диҳем, локомотиви он (ҳаракатдиҳандаи он) энергетика мебошад. Лекин барои он ки ин локомотив иқтисодиётро пеш бурда тавонад, бояд дорои чарху бозуи боқувват бошад. Чунин дасту бозуи пурқуввати иқтисодиётро танҳо саноат ва, махсусан саноати вазнин ташкил карда метавонад. 
Таҷрибаи рушди кишварҳои гуногуни олам нишон медиҳад, ки аксари давлатҳои мутараққӣ дар ҷаҳони муосир ба рушди саноатикунонии мамлакаташон барои аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ - аграрӣ табдил додани он диққати бештар намудаанд. 
Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ моҳи декабри соли 2018 «Саноатикунонии босуръати кишвар»- ро ҳадафи чаҳоруми стратегии мамлакат эълон намуданд. Ҳангоми эълони ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар Пешвои миллат иброз доштанд: «Вобаста ба ин, зарур аст, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 дарсад расонда шавад. Барои расидан ба ин мақсад бояд амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дода, самаранокӣ ва сифати онҳо таъмин карда шавад. Бинобар ин, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд фаъолияти худро дар доираи ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ вусъат бахшанд… ».
Левакант яке аз шаҳрҳои саноатӣ буда, 26 корхонаи саноатиро дар бар мегирад. Дар доираи амалигардии супориши Сарвари давлат дар самти ҷоннок намудани соҳаи саноат ва баҳри ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар мақсад гузоштем, ки дар шаҳр як қатор корҳоро анҷом диҳем, то корхонаҳои саноатии шаҳр пурра фаъолият намоянду ҷойҳои корӣ муҳайё гарданд. Бо ин мақсад, мо дар таҷдид ва ба кор андохтани калонтарин корхонаи саноатӣ – ҶСК «Азот» талошҳои пайваста кардем, ки имрӯз он дар раванди барқарорсозӣ қарор дошта, дар назар аст, ки моҳҳои наздик бо иқтидори калон ва ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият пардозад. 
Соли 2020 бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ҷалби сармояи хусусӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар минтақаи саноатии шаҳр ду нуқтаи калонтарини захираи нафту гази вилоят сохта шуд, ки дар оянда он метавонад ба соҳаи саноати шаҳр беҳбудӣ бахшад. Инчунин, дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Б. Вализода ва ҷалби сармояи хусусӣ, дар минтақаи саноатии шаҳр корхонаи истеҳсоли оби ҷав бо иқтидори 15000 литр дар як шабонарӯз, сехи обҳои ташнагишикан 10000 литр, корхонаи истеҳсоли консерва 140 тонна дар як шабонарӯз, корхонаи нассоҷӣ ва корхонаи истеҳсоли хиштҳои аълосифат сохта, ба истифода дода мешаванд. Таҷҳизот барои истеҳсоли корхонаи оби ҷав ва сехи обҳои ташнагишикан аз Ҷумҳурии Федералии Олмон дастрас гардида, рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор мегиранд. Дар сурати пурра ба фаъолият пардохтани ин корхонаҳо беш аз 1600 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад, ки ин ба бартараф намудани сатҳи бекорӣ дар шаҳр мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, 22 сентябри соли 2020, зимни сафари кории худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ба Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ташриф оварда, ду агрегати ин иншооти муҳими гидроэнергетикии мамлакатро ба кор дароварданд. Аз ҷониби Пешвои миллат агрегати рақами 5-и неругоҳ бо тавоноии 49 мВт ва агрегати 6 бо тавоноии 49 мВт мавриди истифода қарор дода шуд.
Айни замон таҷдиди агрегати рақами 3 ҷараён дорад. Иқтидори лоиҳавии Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” 240 мВт-ро ташкил дода, он 5-умин неругоҳи аз лиҳози иқтидор калон ба ҳисоб меравад. Солҳои 2010-2012 агрегати 4-уми неругоҳ бо тавоноии 45 мВт пурра таҷдиду навсозӣ гардид. Сохтмони неругоҳи мазкур соли 1956 оғоз гардида, аввалин агрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст. Бинобар истифодабарии тулонӣ, қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буд. Ҳамчунин, бо сабаби аз кор мондани системаи назорат ва танзими баландшавии об, солҳои 1993 ва1994 агрегати 2-юм қисман зери об монда буд. Агрегатҳои неругоҳ куҳна ва қисмҳои эҳтиётии онҳо аз истеҳсолот баромада буданд.
Бо сабаби куҳна ва қисман корношоям гардидани таҷҳизот, неругоҳ бо иқтидори фоиданокии умумии 165 мВт фаъолият менамуд. Бо назардошти ҳолатҳои зикргардида ва аҳамияти стратегӣ доштани неругоҳи мазкур, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурра барқарор намудани ин иншоот соли 2011 бо Бонки осиёии рушд созишномаи грантиро ба маблағи 136 миллион доллари ИМА ба имзо расонд.
Мақсади асосии лоиҳа баланд бардоштани иқтидори неругоҳ, таъмини кори мунтазам ва самаранокии он, мувофиқ кардани фаъолияти неругоҳ ба стандартҳои муосири техникӣ ва зиёд намудани муҳлати истифодабарии он ба шумор меравад. Мувофиқи Созишномаи грантӣ, лоиҳа аз ду қисмат иборат буда, дар доираи қисмати якуми он пурра иваз намудани 5 агрегат, иваз намудани 2 автотрансформатори 250 мВа, бинои нави идоракунӣ ва дигар корҳои ба он алоқаманд ва дар қисмати дуюми лоиҳа бошад, таҷдиди дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110 киловолта дар неругоҳ пешбинӣ гардидаанд.
Дар қисмати якуми лоиҳа барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсоли неруи барқ ҷараён дорад. Ба ин хотир, вобаста ба иҷрои корҳо дар доираи қисмати аввал дар натиҷаи баргузории озмуни байналмилалӣ корхонаи муштараки “Синохайдро - Хайдрочина» - и Ҷумҳурии Мардумии Чин ғолиби озмун дониста шуда, иваз намудани 5 агрегат, низомҳои таъминоти об, ҳавои фишурда, равған, мониторинг, ҳимоя, алоқа ва 2 автотрансформатори 250 мВа, корҳои таъмирию барқарорсозии кранҳои борбардор, дарвозаҳои обқабулкунанда ва обпарто, корҳои соҳилбандии соҳили чапи дарё ва канал, сохтмони бинои идоракунии неругоҳ ва ғайра мавриди амал қарор доранд.
Бо назардошти фарсуда будани таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ, то оғози лоиҳа иқтидори миёнаи он 165 мВт-ро ташкил менамуд. Дар асоси нишондодҳои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии НБО Сарбанд” иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 240 мВт ба 270 мВт бардошта шуда, сатҳи хизматрасонӣ дар неругоҳ ва таҳвилу таъминоти неруи барқ ба таври назаррас баланд хоҳад гардид. Яъне, баъди пурра анҷом ёфтани корҳои навсозӣ иқтидори ҳар як агрегат 20 мВт афзуд.
Ҳамчунин, ҷиҳати ба кор андохтани аксари коргоҳу корхонаҳои  аз фаъолият бозмонда ва рушди соҳаи саноати мамлакат, як қатор корхонаҳо фаъол гардонда шуда, чандин  коргоҳҳои  нави дигар бо ҷойҳои корӣ дар шаҳр ба фаъолият пардохтанд, ки ҳамаи ин дар амалинамоии ҳадафи чаҳоруми стратегӣ заминаи бузург мегузоранд.
Бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва соҳибкорони муваффақ талош намуда истодаем, ки ҷиҳати амалигардии самараноки ҳадафи стратегии мамлакат ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои назаррасеро дар шаҳр ба анҷом расонем. 
 
Зарина ДАВЛАТЗОДА, раиси шаҳри Левакант


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2021    №: 168    Мутолиа карданд: 4144
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед