иҷтимоиёт
ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА: "ПИРӮЗИИ МО БАР МАВҶИ ДУЮМИ КОРОНАВИРУС ҲАМ НАЗДИК АСТ"
(Суҳбати хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
- Муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода, соли гузашта, вақте Тоҷикистон тавонист дар соири кишварҳои минтақа аввалин шуда, дар мубориза бо COVID – 19 пирӯз ояд, ин ба қавле сенсатсия буд. Лутфан, дар бораи ҳамин муваффақият чанд сухан мегуфтед.
- Дастовардҳое, ки дар кишвари мо оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID - 19 ба чашм мерасанд, пеш аз ҳама, ба талошҳои муассири Ҳукумати кишвар бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва, албатта, ба заҳматҳои шабонарӯзии кормандони соҳаи тандурустии мамлакат вобастагӣ доранд. Баъд аз сабт шудани аввалин ҳолати гирифтории шаҳрвандон ба коронавирус (30 апрели соли 2020) рӯзҳое буданд, ки то се маротиба ситоди корӣ ташкил ва баргузор мешуд. Бо вуҷуди ин, дар рӯзҳои аввал бо мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешудем. Чун табиати ин беморӣ барои табибони кулли дунё шинос набуд. Дар ибтидо тамоми беморон аз тарс талош мекарданд, ки дар беморхона бистарӣ шаванд. Ҳарчанд дар аксар ҳолат, ташхисҳо нишон медоданд, ки на ҳамаи онҳо гирифтори коронавирусанд. Хушбахтона, бо тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ вазъият ба танзим даромад. Табобати гирифторони ҳолати сабуки беморӣ дар хонаҳо ба роҳ монда шуд, ки вобаста ба табиати коронавирус усули манфиатбахш ба шумор меравад.
Дар айни ҳангомаи беморӣ Пешвои миллат бо як иқдоми беназир ба мардум итминон доданд, ки дар ҳеҷ маврид ба тарсу ҳарос роҳ надиҳанд. Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳо сафарҳои корӣ анҷом дода, бо мардум аз наздик дидору мулоқот карданд, ки ин ташаббус ба сокинони мамлакат неру бахшид. Мардум ором шуданд.
- Воқеан, ҳангомаи он рӯзҳо аз ёд намеравад. Дар баробари ҷасорати Президенти маҳбуби кишвар, тадбирҳои саривақтии Ҳукумати ҷумҳурӣ як суҳбати олими эронитабори сироятшинос Ораш Алоӣ дар расонаҳо тавонист то ҷое тарсро аз вуҷуди мардум дур созад. Вале дар вазъи феълӣ шароит фарқ мекунад, ба назар чунин мерасад, ки дар қиёс ба соли гузашта, имсол мардум нисбат ба беморӣ як навъ бепарвоӣ зоҳир намуда, чораҳои пешгириро дуруст риоя намекунанд...
- Воқеан, соли гузашта мо тавонистем, ки дар ҳамкорӣ бо ВАО мардумро аз ҳолати тарсу ҳарос берун кунем. Ва чун вазъият пурра таҳти назорат қарор гирифта, шеваҳои муассири табобат ба роҳ монда шуданд, сироятшавӣ аз байн рафт. Дар зарфи шаш моҳе, ки вуҷуди коронавирус дар кишвари мо сабт нашуд, сокинони мамлакат бовар ҳосил карданд, ки дигар он хатарнок нест. Шояд аз ҳамин дидгоҳ сокинони мамлакат дар баробари мавҷи дуюми беморӣ як андоза бепарво шуданд. Имрӯз табибони тоҷик дар самти табобати ин маризӣ таҷрибаи хуб ҳосил карданд. Бо вуҷуди ин, риоя накардани чораҳои беҳдоштӣ метавонад, ҳамоно пайомадҳои нохуб дошта бошад. Аз ин рӯ, риоя кардани чораҳои зиддиэпидемикӣ амри зарурӣ ва ба манфиати ҷомеа хоҳад буд.
- Ҳоло мо бо мавҷи дуюми ин беморӣ, ки ба гуфтаи мутахассисони сироятшинос бо шаклу табиати наваш зуҳур кардааст, рӯ ба рӯ ҳастем. Ва дар ин робита, маълумоти ба ҳам зидду нақиз пахшу нашр мешаванд. Мегуфтед, ки вазъи воқеӣ чӣ гуна аст ва пирӯзии навбатии мо алайҳи вируси нав кай фаро мерасад?
- Мавҷи дуюми беморӣ дар Тоҷикистон 20 июни соли ҷорӣ сабт шуд. Ҳоло вазъи воқеӣ чунин аст, ки марҳалаи афзоиши беморӣ ба поён расида, ҳолати сироятшавӣ рӯз ба рӯз кам мешавад. Имрӯз дар беморхонаҳои ҷумҳурӣ 296 мариз бистарӣ аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамаи онҳо ба COVID - 19 гирифтор нестанд. Баъзе беморон бо ташхиси пневмония табобат мегиранд. Вазъият муътадил ва идорашаванда буда, пирӯзии мо алайҳи мавҷи дуюм наздик шудааст, вале дар ин самт бояд маъракаи ваксинакунонии аҳолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода шавад, зеро он шарти асосии пирӯзӣ ба шумор меравад.
- Ҳоло, ки дар мавриди ваксина сухан рафт, пурсиданиам, ки ваксинакунонии аҳолӣ тибқи нақша кай пурра ба анҷом мерасад?
- Хушбахтона, бо дастгирии Роҳбари давлат мо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 4 миллиону 260 ҳазор вояи ваксина ворид кардем. Ва имрӯз дар кишвар 1 миллиону 836 ҳазор шаҳрванд ваксина гирифт. Дар умум, зиёда аз 30 дарсади аҳолӣ ваксина гирифтанд. Дар шаҳри Душанбе бошад, ба 80,6 дарсади сокинон ваксина гузаронда шуд, қарор аст, то Ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ сокинони пойтахт 100 дарсад ваксина бигиранд. Агар дар ҷумҳурӣ ваксинакунонӣ 61,5 дарсад шавад, пайдоиши иммунитети популятсионии шаҳрвандон муътадил мегардад.
Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 56,3 дарсад, вилояти Хатлон 25, вилояти Суғд 24 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 22 дарсади шаҳрвандон ваксина гирифтаанд. Дар ҳоли ҳозир захираи ваксина дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, чи вояи якум ва чи вояи дувум ҳаст. Ва рӯзҳои наздик боз як миллион ваксинаи дигар (АstraZeneca, Sinavark) ворид мегардад. Айни замон, бо ба роҳ мондани ваксинагузаронии сартосарӣ вазъият муътадил аст. Ин нуктаро низ бояд таъкид кунам, ки ваксинакунонӣ нишонаи он нест, ки мо бемор намешавем. Беморӣ ба амал омаданаш мумкин аст, аммо дар шакли бисёр сабук, ки, эҳсос нахоҳем кард. Чунки агар таъсирнокии ваксина 93 фоиз бошад, мо имкони 7 дарсад беморшавиро дорем. Ин ҳолат ҳеҷ касро ба марг намерасонад.
- Вобаста ба ҳамин масъала дар ҷомеа миёни мардум гуфтугузорҳое низ роҳ ёфтаанд, ки гӯё ваксинаҳо ба саломатии одамон зарар доранд. Шумо дар ин маврид чӣ андеша доред?
- Тавсияи ман ба шаҳрвандон ин аст, ки роҳи ягонаи мубориза бар зидди бемории коронавирус ин гирифтани ваксина аст. То ҳол ягон ҳолати пайдо шудани оризаҳои ҷиддӣ дар пайи ваксинагузаронӣ ба мушоҳида нарасидааст. Ба шаҳрвандон итминон медиҳам, ки ваксинаҳои ба кишвари мо воридшуда ба саломатии одамон зарар надоранд.
- Ваксинаҳо аз якдигар бо чӣ фарқ доранд?
- Бо таъсирнокӣ. Агар таъсирнокии ваксинаи «АstraZeneca» 73 дарсад бошад, аз ваксинаи «Спутник V» зиёда аз 90 фоиз аст. Таъсирнокии ваксинаи «Модерна» ҳам зиёд буда, 93 - 94 дарсадро ташкил медиҳад. Ба ваксинаҳое, ки таъсирнокии бисёр баланд доранд «Pfizer», «Модерна», «JonsonJonson» ва «Спутник V» дохил мешаванд.
- Чаро то 18-солаҳо ваксина намегиранд?
- Ба хотири он ки айни ҳол ваксинаҳо барои ташхисҳои клиникӣ дар назар гирифта шудаанд. Ин ваксинаҳо барои профилактикаанд, аз ин сабаб ба кӯдакон зарар расонданаш мумкин аст. Вале дар ИМА барои кӯдакони то 12-сола ваксинаи «Pfizer» иҷозат дода шудааст. Он кишварҳое, ки ба ихтирои ваксина машғуланд айни ҳол барои ҳалли ин масъала тадқиқот мебаранд. Ба наздикӣ ба Тоҷикистон дар марҳилаи аввал 326 ҳазор вояи ваксинаи «Pfizer» ворид мегардад ва кӯдакон низ ба ваксинакунонӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.
- Кӯдакон низ коронавирус мешаванд?
- Албатта, онҳо низ ба бемории коронавирус гирифтор мешаванд. Аммо онро сабук мегузаронанд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар Тоҷикистон 15 дарсади кӯдакон ба COVID - 19 сироят ёфтаанд. Ҳафтаи гузашта 53 ҳолат буд, лекин онҳо бемориро ба шакли сабук, бе ягон ориза, бе ягон ҳолати фавт мегузаронанд. Ташвишовар он аст, ки кӯдакон манбаи сироятанд, ки аз ин ҳолат бояд ҷилавгирӣ кард.
- Чанде қабл, Шумо ба пойтахти Федератсияи Россия – шаҳри Москва сафари корӣ анҷом дода будед. Тибқи иттилои дарёфтӣ, дар ин сафар масъалаи ба Тоҷикистон дастрас намудани ваксинаи русии «Спутник V» дар миён буд. Натиҷаҳои сафар алъон аён шуданд ё не ва воқеан, Шумо дар ҷараён будед, ки дар ҳамон шабу рӯз атрофи номи Шумо овозаҳое низ дар сомонаҳои иҷтимоӣ чарх мезаданд...
- Албатта, мо, аллакай, тавонистем, 100 ҳазор вояи ваксинаи «Спутник V» ба Тоҷикистон ворид созем. Дар мадди аввал 50 ҳазор вояи якум ва 50 ҳазор вояи дувум ворид гаштааст. Ваксинае, ки аз ҷониби Федератсияи Россия ба кишвари мо ворид гашт, ин дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Дар оянда, бо ба назар гирифтани вазъият дар ин самт корбарӣ менамоем.
Аз овозаҳо, ки шахсан барои ман ғайриинтизор буданд, албатта, хабар ёфтам. Чи ҳам мегуфтам, дар ҳоле ки онҳо асоси воқеӣ надоранд ва гузашта аз ин лоиқи вокуниш ҳам нестанд. Ҳамонҳое, ки чунин овозаҳоро паҳн карданд, бояд мутаваҷҷеҳ мешуданд, ки ман замони дар сафари корӣ қарор доштанам, дар ҷаласаҳои ситоди вазорат тариқи онлайн иштирок мекардам.
- Муҳтарам вазир, дар шароити пандемия атрофи гузарондани «маршировкаҳо» низ сару садоҳое вуҷуд доранд. Вале то ҷое мо медонем, дар «маршировкаҳо» ягон ҳолати сироятёбии иштирокчиёни он мушоҳида нагардидааст. Ба ҳар ҳол, назорат ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳангоми омодагӣ ба чорабиниҳои фарҳангӣ чӣ гуна аст?
- Воқеан, дар миёни иштирокчиёни чорабиниҳои фарҳангӣ, ки ба хотири истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба роҳ монда шудаанд, ягон ҳолати сироятшавӣ ва бадшавии саломатии онҳо мушоҳида нашудааст. Баъдан шаҳрвандоне, ки аз 18-сола болоянд ваксина гирифтаанд, ки хавфи сироятёбӣ дар онҳо аз байн рафтааст. Бо вуҷуди ин, назорат дар ин самт пурзӯр аст ва ягон ҳолати бадшавии саломатӣ ё нишонаи клиникӣ пайдо шавад, ҳатман таҳлилҳо гузаронда, тадбирандешӣ хоҳем кард.
- Ташаккур барои суҳбати фарогир.
- Саломат бошед
Мусоҳиб Шаҳбоз АБРОР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.08.2021 №: 169 Мутолиа карданд: 3490