logo

маориф

МУШКИЛОТ ҲАНӮЗ БОҚИСТ. ЧАРО?

Дар хусуси камбудиҳои таълимгоҳи деҳаи Ваҳдати ноҳияи Фархор ду маротиба дар рӯзнома «Ҷумҳурият» («Фархор. Чанд мушкили як мактаб», аз 27. 04. 2017 ва «Мушкилоти калони деҳаи хурд», аз 22. 11. 2017) мавод чоп  намудем. Аз ҷониби собиқ раиси ноҳия С. Вализода ба як мавод ҷавоб ҳам омад. Дар ҷавоб гуфта шудааст: «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор маълум менамояд, ки мақолаи «Фархор. Чанд мушкили як мактаб» бо  иштироки масъулон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
 
Дарвоқеъ, заминаи моддию техникии аксари муассисаҳои таълимии ноҳия мушкилоти худро доранд. Бештари биноҳои таълимӣ тариқи ҳашар сохта шуда, ба меъёрҳо ҷавобгӯ намебошанд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51 - ум аз зумраи онҳост. Дар зарфи 2 – 3 соли охир бо бунёди синфхонаҳои иловагӣ мактабро аз вазъи себастӣ раҳо бахшида, шароит то ҷойе беҳтар карда шуд. Мактаб, дар ҳақиқат, аз ҳисоби масоҳати хурд доштанаш майдончаи варзишӣ надорад.
Бо назардошти зиёд шудани нуфузи аҳолӣ дар ин деҳаи дурдаст Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ дар доираи иҷрои Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 – 2021 замин ҷудо намуда, мушкилоти мавҷударо бартараф менамояд». Аммо то ҳанӯз мушкилӣ боқӣ мондааст. Аниқтараш таваҷҷуҳе ба ин таълимгоҳ, ки 235 хонанда дорад, зоҳир нагардидааст. Чаро?
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Муассисаи  таҳсилоти  миёнаи умумии № 51 - уми  Ҷамоати деҳоти Хутани ноҳия аз сабаби бетаваҷҷуҳии масъулон ба харобазор монанд шудааст. Он соли   1950  бунёд  ёфта, аз 4 синфхона иборат буд. Баъдтар, бо сабаби нарасидани ҷойи нишаст, 6 синфхонаи иловагӣ сохтанд. Воқеан ҳам, бинои  таълимгоҳ хеле фарсуда  аст ва хонандагон аз набудани шароити дурусти таълимӣ азият мекашанд: зимистон бо сабаби намнок будани фарш, тобистон аз чангу ғубори зиёди синфхонаҳо. Бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда, бо сабаби боришоти зиёди баҳори гузашта,  4 синфхона ба пуррагӣ хароб гашт. То охири соли хониш хонандагон дар 6 синфхонаи боқимонда соли хонишро базӯр ба охир расонданд. Зеро набудани мизу курсӣ низ камбуди ҳамешагӣ боқӣ мемонад. 
- Аз шароити кунунии муассиса масъулон огаҳанд. Аммо, бенатиҷа мондани муроҷиатҳои моро аз норасоии маблағи кофӣ арзёбӣ мекунанд. Бо талошҳои зиёди омӯзгорон ҷавонмарде аз деҳа барои сохтмони синфхонаҳои харобгашта маблағ ҷудо намуд. Ҳама лавозимоти сохтмониро хариданд. Бо сабаби бемории коронавирус ва ба мушкилӣ дучор гаштани соҳибкор барои сохтмонро оғоз намудан маблағ ҷудо нагардид. Бо ҳашари дастаҷамъӣ таҳкурсии синфхонаҳоро гузошта тавонистему халос. Сокинон ҳама ба кори саҳро банданд. Дигар нафаре ёфт намешавад, ки бе маблағ корро идома диҳад. Ба оғози соли таҳсил рӯзҳои башумор мондааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51 -ум ҳанӯз барои соли таҳсили 2021 – 2022 омода нест, - мегӯяд Алишер Хушвахтов, директори муассиса.
Таҳсил дар чунин муҳит на танҳо завқи зебоипарастии хонандагонро мекоҳонад, балки  ба саломатии онҳо низ зарар дорад. Майдончаи  варзиш мушкили  дигари хонандагон  боқӣ мемонад. Дар хусуси шароити замонавӣ хоҷати гап нест. Алишер Хушвахтов сабаби асосии  мавҷуд набудани  майдончаи варзишро дар хурд будани  масоҳати замини мактаб баён намуд. Инчунин, илова кард, ки барои ҷудо намудани  қитъаи замин  бо ариза чандин маротиба муроҷиат намудаанд, мутаассифона, то ҳол замин ҷудо нашудааст. 
 
Бону ШАҲРЗОДА, журналист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.08.2021    №: 169    Мутолиа карданд: 5884
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед